Бахшҳо

Номаи хонанда: "Ин доғро... бо ягон чиз шуста наметавонем"

Яке аз хонандагони “Озодагон” бо ирсоли номае ба унвонии хабаргузорӣ аз зинда шудани баҳси ҳамҷинсгароӣ дар ҷомеаи тоҷик шадидан нигаронӣ карда, аз сокинони кишвар хостааст, дар ин масъала бетараф набошанд. Ин номаи корбари “Озодагон” аст:


“Бузурге фармудааст, “миллатро на аз рӯи шуморааш, балки аз рӯи фарзандони оқилу фарзонааш мешиносанд”. Имрӯз дар арсаи дунё тоҷикро бо чӣ мешинохта бошанд?! Бо фақру бенавоӣ, бо шумораи муҳоҷирони аробакашу роҳрӯбҳояш дар Русия ё бо бебарқию маҳдудкунии озодиҳои динӣ?!

Магар барои муаррифӣ шудани миллати тоҷик ин ҳама кам буд, ки боз як падидаи номатлубе бо унвони ҳамҷинсгароӣ пайдо шудааст. Дар яке аз расонаҳо матлаберо дар ин бора, ки худи қаҳрамонаш низ ном бурда шудааст, хонда, нафратам ба чунин ашхоси бе ор зиёд гашт. Ба шаъни ин миллат, ки ҷабру озору оворагии зиёде дидааст, ҳазорҳо туҳмату буҳтон бас набуд, ки боз ин ингуна нафарон аз худу аз ҳаммаслаконаш хабар медиҳанд? Он чӣ ки дар каломи Худову ҳадиси Паёмбар (с) наҳй гардидаву лаънат фиристода шудааст, барои мардуме, ки худу гузаштагонаш мусалмон мебошад, кофист. Худое накарда, агар ин амали номатлуб дар ҷумҳурии мо рушд ёбад, боиси шармандагист.

Ин дар ҳолест, ки ҳоло шумораи занону духтарон нисбат ба мардҳо чандин баробар бештар аст. Агар инро чун либоси аврупоӣ қабул намоянд, мо ин доғро бо ягон чиз шуста наметавонему тоқати бардошти ин нангро низ надорем. Азизон биёед, бо ҳам пеши ин амалӣ нанговари ношоистаро гирем.

Дар замони рукуди Иттиҳоди Шӯравӣ Садриддин Айни дар муқобили режими сталинӣ барои миллати тоҷик арзандатарин хизматҳоро кардааст. Бобоҷон Ғафуров аз сафолпораю аз варақҳои нимсӯхтаи китобҳо, аз баҳри мансаб гузашта, китоби оламшумули тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Мирзо Турсунзода раиси Кумитаи сулҳи Осиё ва Африқо буд. Худ шоду ғамҳои миллати дигарро мехӯрд. Дар симои ин гуна фарзандҳо, ҷаҳон тоҷикро медонисту мешинохт. Талош кунем, ки дар оянда моро на бо роҳрӯбиву ҳамҷинсгароӣ, балки мисли гузашта бо далериву ватандорӣ, мардонагию шикастнопазирӣ ва меҳрубониву саховатмандӣ бишносанду эҳтиром кунанд. Чӣ гуфтед?

Наврӯзи ХАЙРУЛБАШАР”
Мӯҳр
халки рах гум зада
бехтараш сатхи малумотнокии худро бародед агар олиям нафахмида бошед
озодагон ва дигар журналистон дар хамин намуд одамон гранти худро чаъм карда кори худро пеш мебаран
вориди ин масала дар инчо ва он чихеле ки шубо бахо метиет бар зиди ин ва е ки ягон масалаи дра ди рух, кисаи ин журналистом пур ах пул шуда истодааст ва гарнтхора халу вал оши палав карда хурдаистодаан

мардум фикри худро кун гури хамаи мо чудо, хар балое бозад хаволаш да худо

дилноз
э тавба чихели замонба расидем вайййй.

Ин номаи хонандаро хонда хеле мутаасиф шудам. Дар Точикистони мо набояд чунин одамон бошанд. 0,000000001 грамм обуруе, ки дорем боз он хамчинсгароён мондагияша мерезонанд. Худованди бузург дар курони Карими худ барои мо одамоне,ки ин амали ношоистаро намедонанд, гушрас намудааст, ки пеш аз шумоён мо кавмеро халк кардем, ки бо ном кавми Лут гуянд, ки онхо ин амали хамчинсгароиро анчом медоданд. Бубинед пас аз азоби Худованд ному нишони он кавм намондааст, магар барои ибрати имрузиён дар замин "бахри мурда" нишона мондааст. Одамоне, ки барои сайёохат ончо мераванд мегуянд то ба хол аз ин бахр буи мурда меояд. Худатон як фикр кунед чи гуна ин бахр ташкил шудааст. Агар хаммаи инро аз аввал накл кунем сахфаи интернет пур мешавад. Дар охир чунин гуфтаниям: мухтарам Озодагон ин мавзуро дигар пайгири накунед, чунки Озоди хам ин мавзуро пайгири мекард комментхои нагзакак навишта равонаш кардам дигар дар сад солахо комментхои маро руи чоп намеорад. Бори дигар илтимос ин мавзуро дигар барраси накунед. Боки саломат бошед.

Камтар пеш мардум дар ташвиш афтода буданд, ки дар мактабхои миёна духтарони чавон бо хамчинсони худ амалхои нораво мекунанду синни фахшу зинокори аз 18 хам поён рафтааст. Имруз боз мешунавем, ки луттихо (гейхо) ру заданд. Эй миллате, ки 99% мусалмон хастед, (хусусан хукуматдорхо) огох бошед, ки балои Худованд омад, намегуяд, ки ту лути нести начот миёби. Пас сари рохи ин бадбахтиро гиред.
Боз камтари дигар дохони воъизони исломро бандед, он вакт мебинем чи балое ба сари ин миллати мусалмон меояд.

комрон
эй (ЗАРДУШТИ) ба фикрам ба ТУ хами мефорад? Агар бифора бемалол кара гаштангир, лекин фахмида мон Худованд дузахро барои ТУ барин нагзакак тасфонда мондаги фахмиди ??????

Дар вокеь ин бародар барои бедории миллат хело захмат кашидааст Худованд нигахбонат бошад.

Мухтарам озодагон чаро комменти маро руи ин сахфа наоварди. Дируз 25 02. 2014 навишта будам. Намедонам ягона сахфаи озод туро медидам, вале намедонам чаро бо ин кадар азоб ман онро навиштам вале Шумо ......? ` ё ин ки мисли "озоди" ба Шумо хам гапхои когазпеч навишта фиристам.

Khudo hamai moro panoh dorad, fikr namekunam, jagon padaru modar az farzandash haminro intizor ast. man khudam dar dawlate zindagi mekunam, ki onjo bisyooor hamjinsgaroiho hastand, nafratam meojad...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)