Бахшҳо

ЧТ ба ҷои ҶТ? JUMKHURI тарҷумаи ҷумҳурӣ? VKD, яъне ВКД?

Рустам МАҶИДОВ

Ҳуҷҷати ронандагии биометриро, ки мақомоти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон рӯзи 4 март муаррифӣ карданд, пур аз иштибоҳ дарёфтам.

Масъулон гуфтанд, ин ҳуҷҷат ба ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ – чоп шуда, дар чандин кишвари дунё, аз ҷумла Амрикову Аврупо ба кор меояд. Вале дар ҳуҷҷат аслан калимаҳои тоҷикиро ба хатти кириллӣ ва лотинӣ навиштаанду бас.

Бори аввал дидам, ки ҷумҳурӣ “ҷумхурӣ” шуда, ба англисӣ “JUMKHURI” тарҷума мегардидааст. Айнан, ҳамин тавр, ВКД-ро “VKD” навиштаанд. Магар дар Амрикову Аврупо хоҳанд фаҳмид, ки ин ҳуҷҷатро Вазорати умури дохилии Тоҷикистон додааст? Ё хуб мефаҳманд, ки “JUMKHURI” ҳамон республика аст?Дар ҳамин ҳуҷҷати ронандагӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шакли кӯтоҳи “ЧТ” навишта, варианти лотинии онро “CHT” гуфтаанд. Ба ин тартиб, шаҳри Душанбе ҳам “Sh.Dushanbe” навишта шудааст.

Дар сатри аз ҳама боло дар миёни калима ҳарфи “Ҳ-ро ҳам калон навиштаанд. Дизайнерон хостанд, мақоми ҳарфи тоҷикии “Ҳ”-ро болотар нишон диҳанд? Эврика! Инҳо дар ҳақиқат хостаанд ба ҳуҷҷатгузории давлатӣ “ягон майда” ҳарфи ғайрро ҳамроҳ накунанд, балки бештар аз ин – забонамонро дар ҷаҳон паҳн намоянд. Шояд ҳам, аз баҳсҳо сари бартарияти алифбои ниёгон ё кириллӣ безор шуданду ба алифбои лотинӣ гузаштаанд?!

Ҳама кӯшишҳое, ки давлатдорону Кумитаи забон ва истилоҳот барои покии забони тоҷикӣ мекунанд, ҳаргиз бор нахоҳад овард. То замоне ки низом кор намекунаду кормандони давлатӣ забони расмиро намедонанд, ин кишвар соҳибзабон нахоҳад буд.

Вақтҳои охир атрофи тарҷумаҳои аҷибу ғариби саросари дунё, аз он ҷумла Сочӣ, дар интернет зиёд мегӯянд. Аммо онҳо мисоли тарҷумаҳои сарикӯчагиянд. Тарҷумаи ҳуҷҷати расмии худи мо - тоҷикон чӣ?

Ҳуҷҷати ронандагӣ коғазе нест, ки дар қади кӯча чоп куниву агар хатое шуд, дубора фармоиш диҳӣ. Зоҳиран барои ин “права”-и биометрӣ пули калоне харҷ шудаву мардум ҳам бо пардохти 165 сомонӣ барои ин ҳуҷҷат ва 140 сомонӣ барои муоинаи техникӣ ин санадро дарёфт хоҳанд кард?

Чӣ фикр мекунед? Онҳое, ки то кунун чунин ҳуҷҷати ронандагиро гирифтаанд, дубора иваз хоҳанд кард? Оё мақомот барои ин хатои худ пӯзиш хоҳанд хост? Ё масъулони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳуҷҷати роннадагии биометриро аз рӯи “права”-ҳои Русия, ки ҳамин шаклро дорад, нусхабардорӣ кардаанд?
Мӯҳр
Ба фикри ман хуччатхои ронандагие,ки то хол чихати конунгузори ба расмият дароварда шуда буд бехтар аст, на он ки намуди биометри. Бо ин шакли биометри (бо хатогихои зиёд) мо худро дар кишвархои зиёди дуньё паст будани маърифати худро тасдик мекунем!

Вой ба ҳолат миллати тоҷик. Чӣ ҷойи тааҷҷуб аст. Вазъи таълим дар макотиб ҳузнанез буда, на танҳо забони хориҷӣ (англисӣ), ҳатто забони модарӣ (тоҷикӣ) низ дар поёнтарин сатҳ аст. Матали: "ҲАРКИ БО ЗАБОНИ ХЕШ СУХАНДОН ГАРДАД, ДОНИСТАНИ САД ЗАБОН ОСОН ГАРДАД"ро гӯёки тоҷикон неву миллати дигар гуфта бошад. Дар замони муосир, ки рафту омад ба кишварҳои хориҷӣ як амри маъмулӣ гардидааст ва дар ин гардиш забони анлисӣ аҳамияти вижа дорад, бояд ба рушди он дар кишвар низ эътибори хоса дода шавад. Вагарна аҳвол ҳамин хел бад буд, ҳаст ва хоҳад монд. ВКД ба зудӣ бояд он шармандагиро лағв карда, ҳуҷҷатро ислоҳ кунад. Онҳо фақат ҳарфҳоро ба ҳуруфи лотини иваз кардаанд (транслитератсия), на тарҷума. Бояд аз мутахассисони забони анлисӣ маслиҳат гирифта, санадро дуруст кунанд. Набошад, он ҳуҷҷатро дар хориҷ аз Тоҷикистон касе намефаҳмад.

Ин хама пулчаъмкунии навбати аст. Ракамхои мошинхоро бинед имруз tj (бо хуруфоти лотини. Хол он ки алифбои мо лотини нест) навишта шудаанд. Пагох ман бовари дорам хатман инро ЧТ мекунанд. Чунки тасаввур кунед агар аз як раками автомашина $1 доллари чамъ кунанд, ба кисаи ин аждахорхо чи кадар маблаги бедардимиён ворид мешавад. Ба фикри ман инхо бесаводи надоранд ягон мушовири стратег доранд, ки факат рохи пулчамъкуниро тавассути хамин хатогихо ба рох мемонад. Беадолати ба дарачае боло рафтааст, хатто тамоми пули пардохти БДА-ро бо доллар хисоб мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)