Тӯраҷонзода: "Аввал пеши Худо, баъд пеши Шумо шаҳодат медиҳам, ки мо ҷонибдори ҷанг набудему нестем"

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми март дар ҳамоиши ҷумҳуриявии “Нур” аз Сайид Абдуллои Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тавсиф карда, ӯро аз ботаҳаммултарин сиёсатмадорон хонд.
Ғанӣ Абдулло аз ҷумла гуфт, бархилофи бархе аз сиёсатмадорҳо, ки дар сиёсат ба қарорҳои шитобкоронаю ҳазмношуда роҳ медиҳанд, Нурӣ ҳамеша аз таҳаммул кор мегирифт ва маҳз ин хислати Нурӣ буд, ки сулҳи тоҷикон ба даст омад ва ҳаракате чун Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ боқӣ монд.
Ғанӣ Абдулло дар қатори хизматҳои Нурӣ аз ҷумла зикр кард, ки Сайид Абдуллои Нурӣ бархилофи маслиҳатҳои бисёре аз атрофиёнаш дар солҳои даргирии шаҳрвандӣ нагузошт ҷангиёни зархариди хориҷӣ вориди Тоҷикистон гарданд.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, руҳонии шинохтаи тоҷик, ҳангоми баромад дар маҳфили Нур гуфт, мо аз оғоз хоҳҳони сулҳ будем ва ҳеч гоҳ барои мансаб низ ҷанг накардаем: "Ҳеч гоҳ ҷонибдори он набудем, ки барои мансаб як қатра хун рехта шавад. Мо марди сулҳ ҳастем на марди мансабу ҷанг.”
Тураҷонзода дар идомаи суханронияш таъкид намуд, “ман аз ин минбар пеши Худо ва Шумо шаҳодат медиҳем, ки аз аввал на ман на Нурӣ ва на Ҳимматзода ҷонибдори ҷанг набудем. Моро ба хотири гӯиё мансабу ҷой кишварро ба ҷанг кашидаем, туҳмат мекунанд. Аммо ман ҳеч гоҳ хостори мансаб набудам. Ман раиси Идораи қозиёт будам, обурӯи ман камтар аз обурӯи раисиҷумҳур набуд. Миёни мардум ҳам иззату эҳтиром ва ҳам имконияти моддӣ доштам. Бинобарин бародарҳо барои пешбарии номзадии ман ба мақоми президентӣ соли 1991 имзо ҷамъ карданд. Холмурод Шарипов, раиси вақти Кумиссиюни марказии интихобот аз ноҳияи Панҷакент, ки ҳоло ҳам дар қайди ҳаёт аст, ду рӯз пеш аз қайдгирии номзадон аз ман пурсид, ки домулло ҳама чӣ омодааст, танҳо розигии Шумо лозим мебошад. Вале ман бо узрхоҳӣ розӣ нашудам. Зеро мо мансабхоҳ набудем. Мо мардони ободихоҳи кишварему дар он замон воқеан мехостем, дар Тоҷикистон низоми мардумсолорӣ ҳокимият дошта бошаду ҳукуматдорону мансабдорон дар назди мардум хидматгор бошанд, на баръакс. Мо талабгори ҷангу нооромиҳо нестем.”
Ӯ афзуд, мо имрӯз ҳам бо вуҷуди фишорҳо ба хотири таҳкими сулҳ бархе пешниҳодҳо мекунем, то дар оянда аз нооромӣ ҷилавгирӣ гардад: “Мо хоҳони сулҳу ислоҳотем ва мехоҳем, ки ин ислоҳотро ҳукумат гузаронад то аз нооромиҳои эҳтимолӣ дар оянда ҷилавгирӣ гардад.”
Ҳамоиши ҷумҳурявии “Нур” бо намоишгоҳи асарҳои илмии марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, пешвои руҳонии ин ҳизб, идома дорад. Дар ин ҳамоиш, ки дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе баргузор мешавад, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик, Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии “Дурнамо+” ва Маҳмудҷон Қосимов, яке ташаббускорони ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” иштирок доранд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” иттилоъ дод, дар ҳамоиши ҷумҳурявии “Нур”, инчунин намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва аҳзоби сиёсии кишвар ҳузур доранд. Дар ин маҳфил, нахуст Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ дар бораи фалсафаи шаҳодат сухан карда, гуфт, нафароне, ки ба шаҳодат расидаанд, афроде мебошанд, ки аз тамоми нушу неъматӣ зиндагӣ даст кашида буданд. Муовини аввали раиси ҲНИТ таъкид дошт, "номи шуҳадо ҳамеша зинда асту набояд аз онҳо ҳамчун мурдагон ном бурд."
Ин дар ҳолест, ки ҳамин шабурӯзи соли гузашта наздикони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бахшида ба ёдбудаш дар манзили зисти ӯ маъракае баргузор намуданӣ шуданд, вале мақомот монеи баргузории он гардиданд.
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 15-уми марти соли 1947 дар деҳаи Оштиёни ноҳияи Сангвор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ фарзанди чоруми Нуриддин Саидов (1900-1982), раиси ҷамоати деҳоти Арғанкӯл, ба шумор меояд. Соли 1953, пас аз он ки ноҳияи Сангвор барҳам дода шуд, мардуми ин минтақа ба водии Вахш кӯчонида мешавад ва хонаводаи Нурӣ низ дар совхози «Туркманистон», воқеъ дар ноҳияи Вахш, маскан мегиранд.
Гуфта мешавад, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз замони таъсиси ҲНИТ дар миёнаҳои даҳаи 1970 раҳбарии онро бар ӯҳда дошт. Дар замони даргириҳои дохилии солҳои 1992-1997 раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд ва ба назари коршиносон хизмати ӯ ин буд, ки тавонист гурӯҳҳои мухталифи мухолифини ҳукуматро зери як ливо қарор бидиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |