Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Баъд аз зӯҳри 31-уми март, гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат, вакилони маҳаллӣ ва сокинони Файзобод бо нишони эътироз аз пахши хабар дар мавриди “пулҷамъкунӣ барои пешвози президент дар Файзобод” назди бинои Маҷмааи табъу нашр (ГЖК) дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Сайбӣ Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Файзобод дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки хабари мазкур ҳеч асоси ваоқеӣ надошта, касе дар арафаи боздиди президент –Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия аз сокинон пул ҷамъ накардааст: “Мо вақте ин хабарро дидем, як ҷаласа баргузор намудем. Ин хел овозаҳо набуд, ки маблағ ҷамъ карда кореро анҷом бидиҳанд. Ҳар як сокини маҳаллӣ вазифадор аст, ки дари хонаи худашро сафед кунад, тоза кунад, обод кунад. Барои ободиву зебоии диёраш ин корро анҷом додан лозим. Аммо махсус барои омадани ҷаноби олӣ маблағ ҷамъ карда истодаанду, кори махсус бошад, ҳамаи ин гапҳо бардурӯғанд.”



Сайбӣ Раҷабова гуфт, ки барои таҳлили ин иттилоъ ба Душанбе омадаанд. Дар ҳамин маврид Раҷаб Назиров, сокини ҷамоати Мискинободи ноҳияи Файзобод низ дақиқ будани хабари мазкурро рад карда, мегӯяд, ки агар масъулин барои пулҷамъкунӣ супориш медоданд, сокинони деҳаи онҳо низ ҳатман огоҳ мешуданд: “Барои чӣ ба як деҳа фармон медодаанду ба деҳаи дигар не? Ба назари ман касе аз ин вазъият сӯиистифода мекунад. Дар асл ҳамасола дар баҳор сокинони ҷамоату деҳаҳои Файзобод барои ободкорӣ, сафед кардани хонаҳо машғул мешаванд ва барои ин касе пул ҷамъ намекунад.”



Иддае аз намояндагони мақомоти ноҳияи Файзобод бо масъулини оҷонсии хабарии “Азия плюс”, ки нахустин шуда, хабар дар бораи пулҷамъкунӣ аз мардуми Файзободро пахш карда буд, мулоқот анҷом доданд.

Зебо Тоҷибоева,
мудири иҷроияи оҷонсии хабарии “Азия плюс” дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки дар мулоқот намояндагони мақомоти Файзобод саҳеҳ будани ин хабарро комилан рад кардаанд: “37 вакили маҳаллӣ, мақомот ва сокинон омадаанд. Онҳо талаб доштанд, ки мо сарчашмаи иттилои худро ифшо намоем, дар акси ҳол ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард. Албатта сарчашмаи иттилои мо ҳозир буданд, биёянд ва бо вакилону раисони худ суҳбат кунанд. Аммо мо ба хотири халал нарасондан ба зиндагии минбаъдаи онҳо дар Файзобод аз ин кор худдорӣ кардем.”

Зебо Тоҷибоева мегӯяд, ки сару садоҳое ба ин монанд бори нахуст нест, ки паҳн мешавад. Ба гуфтаи мудири иҷроияи оҷонсии хабарии “Азия плюс” эҳтимол чунин “супориш” аз боло нашуда бошад, аммо ба ҳар сурат Файзобод ягона ноҳия нест, ки чунин корҳо сурат бигирад: “Албатта мақомоти ноҳияи Файзобод рад карданд ва мо ин мавқеи онҳоро дар сомонаи худ ҷой медиҳем. Аммо дар сӯҳбат бо мо онҳо тасдиқ карданд, ки дар баҳор тасмими аз берун сафед кардани манзили зистро доштанд, аммо барои ин кор маблағ ҷамъ намекунанд.”

Субҳи имруз 31-уми март хабар нашр шуд, ки гӯиё мақомоти Файзобод барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми ноҳия 50 сомонӣ талаб карда истодаанд. Гуфта мешавад, ин маблағҳо барои рангубори хона зимни сафари раисиҷумҳур ба ноҳияи Файзобод, ки 10-уми апрел дар назар аст, пешбинӣ шудаанд.


АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”
Мӯҳр
ориф
харзагуи хунар нест . инсон бояд калби зебо, руи зебо ва нияти зебо дошта бошад то атроф хама уро зебо бинанд. Файзободро сиёх кардан русиёхист.

а
Ин раиси Файзобод, аз вазифа напарам гуфта, мардумро ба Душанбе фиристодааст, то уро сафед кунанд. Хатои сахт кард, пешаш мекунанд.

Хай маълум нони дахони мардуми журналист аз хабарсози аст. Лекин ба мо чи шудаст таги гапро нафахмида росту дуруг менависем.

654
пулчамъкуни ростай, агар аз хама набоша хам аз сохибкоро хастай, дар давраи ташрифи ЧО, агар аз кадомеш пул хам нагиран ягон корш мефармоянд, ба монанди асфалткуни, сафедкуни, маъракагузарони, хатнатуйи кудакон ва гайра. шармандаги ай ин зиёд намешава. Боз айба надониста худсафедкуни омадан ЗИЁИёни косалес, бо супориши боло албатта. ин коро дар тамоми чумхурияй. мардум кур нестай хамара мебина, хамара медона, лекин сабр карда шукрона гуфта истодан, ягон руз косаи сабр лабрез мешава.

Эхх чихел пул чам намекнед?! Пул чамь мекунед боз ба мардуми бечора тарсхам нишон медихед, фармон аз боло гуфта!!! Шукрона кунед гуфта!!! Номус доред Шумо боз чихел эьтироз мекнед! Чамь кардед гуед, кардем. Боз чи мардума муттахам мекунед!!!!!

Рустам,
Рустам,
Туда устухонпорахо мерасан ба фикрум!

хакикат
игап другас ман худам шохиди хамин вокиа хастам , вахтеки чаноби оли ба Н.Файзобод рафтабуд ин корхо буд ва ман шахсеро медонам ки барой ин марака 2 хурок ба гарданаш бор карда буданд ин хурок ташкил медод як буз бояд мекушт ва 10 ки биричро ошмепухт, хато ман дарин кор ба ун шахс кумак кардам чунки камбудиаш буд дар зиндагию хамин корхо хаст барой чи мардум пинхон мекунанд ман хайрон хозир асри 21 мардум бедоршудааст дигар наметарсанд кори азконун берунро пинхон кунанд шумо дахони хамаро капида наметавонед. ман медонам ки хозирхам дар Точикистон агар хакикатро гуй ба кунчи зиндон мерави амо хакикат хамеша руй об мехезад инро пинхон карда намешавад.

холо гуфтандки дар омад омади призидент мо ободони кардем рохоро соз кардем хама дуругай хами призидент кишлоки мо рафт барой мактади раками №59 ро кушодан. рохой мо ай даврай тахсисёби дехаамонай,хамаги 1,5 ё 2 киламетр аз рохи мошингарди Душанбе гарм дураст хамун рохра як нохияи калон тамир карда натавонист хаминаст ободи хато Призидент ба хамун рох худаш гузашт дид бачашмаш амо касеро напурсид ки аз хама кишлоки калон дар нохияхой тобеи марказ чаро рох чунинаст. оё хаминаст ободони !!!! шунидам ки чаноби оли дар разхой наздик ба дехай дашти марзои Н.Файзобод мерафтааст мебинем кани чи навовари мешавад.

аку бо вокуниш демократи будани худро нишон доданиян э шармандахо инкадар бе адолатиро мушохида мекунед якбор вокуниш нишон додед албатта не зеро хамаатон лаганбардоред. лекин ин вокунишатон хубаст дигарон меомузанд яке ягонруз вокуниш баракс мешавад.

Файзободи
Хай чи кор ай дасттон омад. Чаноб ба файзобод омаду рафт. Аз хама рози. Хурсанд. Бадхохи касон хеч ба максад намерасад.худатона бехуда гам натен.Раис марди хакикист.

эй мардми друг гу ман шахсан аз Ванч 5сомони додам чи друг мегуей ростша бгу чам кардед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)