Бахшҳо

Мубоҳисаи Зуҳуров бо Кабирӣ дар бораи муҳоҷирон (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Тарҳи пешниҳодии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ ба парлумон рӯзи 24 апрел баҳси тундеро миёни вакилон ба вуҷуд овард. Наҳзатиҳо дар лоиҳаи худ 11 пешниҳод доштанд, ки аз миён танҳо дутои он қабул гардид. Яке аз ин пешниҳодҳо бо худкор ё ручка пур кардани протоколҳо ва дигареаш дар сурати ба даст овардани 10 дарсади овоз, баргардонидани гаравпулӣ ба номзад буд.

ҲХДТ: Нозиронро бо протокол таъмин карда наметавонем

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар парлумон, рад шудани пешниҳодашон дар мавриди номзадии муҳоҷиронро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон донист. Ӯ гуфт, аз 4 ҳазор сомонӣ ба 800 сомонӣ поин овардани гаравпулии номзадҳо, таъмин кардани нозирони миллӣ бо нусхаи аслии протоколҳо ва роҳ ёфтани онҳо ба комиссияҳои участкавӣ аз ҷумлаи пешниҳдҳои дигари ҲНИТ буд, ки парлумон онро напазируфтааст.



Галия Рабиева, намояндаи Саркумитаи палумони Тоҷикистон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, дар баромади худ гуфт, далели аслии рад кардани 9 пешниҳоди дигари вакилони Ҳизби наҳзати исломӣ ин бо меъёри дигар қонунҳо мухолифат доштани онҳо мебошад. Рабиева афзуд, шаҳрвандоне, ки муҳоҷир ҳастанд ва давоми 5 соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон ба сар набурдаанд, ҳаққи пешбарии номзадии худро ба курсии парлумон надоранд. “Шаҳрванде, ки давоми 5 сол дар Тоҷикистон зиндагӣ накардаанд, аз ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар бехабаранд”,-таъкид дошт ӯ.

Галия Рабиева дар идома гуфт, пешниҳоди дигари ҲНИТ дар мавриди таъмини нозирони миллӣ бо протоколҳо аз сабаби талаб кардани хароҷоти зиёд низ рад шудааст: “Дар интихобот мо бештар аз 20 ҳазор нозирони миллӣ дорем ва имкони молии таъмин кардани ҳамаи онҳо бо нусхаи протокол вуҷуд надорад. Нусхаҳои аслии протокол давоми се шабонурӯз дар ҷойи намоёни участкаҳои интихоботӣ овезон мешавад.”

ҲКТ: Гаравпулӣ комилан аз байн бардошта шавад

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистиТоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон гуфт, далели Саркумита барои рад кардани пешниҳод дар мавриди ворид шудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба комиссияҳои участкавӣ ғайримантиқӣ ҳаст: “Саркумита гуфт, мо ҳизбҳое дорем, ки онҳо имкони фиристодани намояндагони худро ба ҳар минтақаи Тоҷикистон надоранд. Ин хел нест. Дуруст аст, ки мо ҳизбҳои нав дорем. Вале дар баробари онҳо ҳизбҳое ҳастанд, ки бештар аз 70 сол фаъолият доранд.”

Шабдолов низ бо ишора ба масъалаи ширкат накардани муҳоҷирон ва гаравпулӣ гуфт, ҳизби онҳо тарафдори комилан бартараф кардани гаравпулии номзадҳост. Ба гуфтаи раиси ҲКТ, пешниҳод дар мавриди ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар участкаҳои минтақавӣ бояд қабул мегардид.

“Ин қадар... воҳима накунед”

Маврид ба зикр аст, ки бо ин баҳсҳо атрофи пешниҳодҳои вакилони ҲНИТ зиёд шуд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон, аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки чаро аҳзоб ба шаҳрвандоне, ки дар участкаҳои интихоботӣ фаъолият мекунанд, эътимод надоранд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам дар толор вакилон воҳима мекунанд: “Инҷо Муҳиддин Тиллоевич мегӯяд, мо 1,5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дорем. Дар ҳоле ки тибқи омори мо муҳоҷирон 700-800 ҳазор буда, Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия теъдоди онҳоро 1 миллион ё 1 миллиону 100 ҳазор арзёбӣ мекунад. Дар ҳеч куҷо гуфта нашудааст, ки мо 1,5 миллион муҳоҷир дорем. Аммо Шумо мегӯед, 1,5 милион шаҳрванди мо берун аз ҳуқуқи интихоботӣ мондаанд...”

Раиси парлумони Тоҷикистон дар идома изҳори нигаронӣ аз он кард, ки чаро вақте тамоми масъалаҳо дар Шӯро ва саркумитаҳо баррасӣ шудаанд, дар ҷаласа боз баҳсҳое ба миён меояд.

Мубоҳисаи Кабирӣ ва Зуҳуров

Зуҳуров: “Муҳиддин Тиллоевич, ман ба Шумо зиёда аз 10-12 дақиқа барои баромад додам. Тамоми ин фикрҳову баҳсҳо аз баромади Шумост. Фикр мекунам, дигар ҳоҷати баромад нест...”

Кабирӣ: “Чанд мулоҳиза пайдо шуд...”

Зуҳуров: “Мулоҳиза пайдо шуд?”

Кабирӣ: “Баъзе пешниҳодҳои мо, мутаассифона, каме моҳиятро тағйир додааст. Ман пешниҳоди Шодӣ Шабдоловро дар мавриди ба 5 дарсад фаровардани гаравпулӣ тарафдор. Мо барои он 10 фоиз гуфтем, то вакилон қабул кунанд. Агар розӣ бошанд, аслан мо тарафдори аз байн бардоштани гаравпулӣ ҳастем. Дигар масъалае, ки дар мавриди муҳоҷирон рафт, бигзор 1 миллион набошад, бигзор 100 ҳазор ё 200 ҳазор бошад, вале онҳо ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Гап дар сари он аст, ки матни қонуни имрӯза мегӯяд, “...агар дар давоми 5 соли охир дар кишвар истиқомат накунад, аз ин ҳуқуқ маҳрум мешавад...”

Зуҳуров: “Чанд нафар ҳамин хел муҳоҷирон ҳастанд, Шумо ҳисоб кардед?”

Кабирӣ: “Бигзор, сад ҳазор бошад, бигзор 50 ҳазор бошад...”

Зуҳуров: “Бубахшед маро, он 50-100 ҳазоре, ки давоми 5 сол инҷо зиндагӣ накардааст, ӯ шаҳрванди Русия ҳаст аллакай, аксарият.”

Кабирӣ: “Бубинед раис, биёед, масъаларо аз дигар тараф бубинем. Далелҳои мо дар асоси Сарқонун ва қонунҳои амалкунанда аст. Мутаассифона, вақте ба мо ҷавоб дода шуд, на дар асоси далелҳои ҳуқуқӣ, балки шарҳу мулоҳизаҳои шахсӣ буд...”

“Бо ин ду пешниҳод интихоботи 2015 шаффоф намегузарад”

Раиси ҲНИТ дар идома гуфт, далелҳои Саркумита дар мавриди ширкат накардани муҳоҷирон дар интихоботи парлумонӣ беасос аст. Муҳиддин Кабирӣ афзуд, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва интернет ҳар як муҳоҷир аз вазъи кишвар огоҳӣ дорад: “Дар мавриди гирифтани нусхаи протоколҳо, ки гӯиё маблағ сарф мешавад. Агар мо 20 ҳазор нозири миллӣ дорем, ҳамагӣ 50 баста коғаз лозим аст. Инро аз ҳамон ҳисоби гаравпулӣ ҳам метавонанд пардохт кунанд. Барои як кишвари мустақил набояд 50 баста коғаз мушкил бошад.”

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили дигари ҲНИТ дар парлумон бар ин назар аст, ки бо қабули ду пешниҳоди онҳо наметавон умед бар он баст, ки интихоботи парлумонии соли 2015 ба таври шаффоф баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
Озодагон, рахмати бе поен, Шумо хастену мо яке яке метавонем ин наворхоро бубинем. Дар ин парлумони мо ягон чизе халу фасл наефта буд, ба хотири халки мехнаткаши мо, ин хама калони ва пойро аз курпа дарозтар кардан, аз хисоби акаву додару падару халки ба нангу номуси мо ки дар гариби бо мехнати халолу покиза кору зиндаги мебаранд.

мачлис
Чаноби раис,мухтарам зухуров,ман ба шумо бисёр ихлосу эхтиром дорам ва шуморо яке аз шахсиятхой бо адлу инсоф дур аз хама олудагихой сиёси ва корупсиони дар дохили ин хукумат мешиносам..........чаноби раис,фикр мекунам шумо хам олуда шуда истодаед, оё вакти он нарасидааст,ки истеъфо дихед???ин танхо рохест,ки обрую эътибори шуморо дар байни мардум хифз мекунад мисли дигар бузургвороне,ки каблан ин корро карданд...........

РАВШАН
МАРДУМ ДАР БОРАИ ЗУХУРОВ-МЕГУЯНД "НЫ РЫБА НЕ МЯСО"!

имруз чаро миллати мо хор шудаст
дарду гаи дунё ба сарш бор шудаст
аз фикри гаму кулфати сахти рузгор
нисфи миллатам имруз мардикор шидай 
нест як нафаси бегаму андух бамо
модар зи гами мухочирбачааш бемор шидай
миллат зи хама рохати дуё м махрум
дилсард шуда зи давлати еш мардум 
парвои мухочирон наорад рохбар
гуё ки зи хеч мушкил нарад хабар
точикбачаро сар мебуран дар гурат
якбор дифо намекунанд аз миллат
не худ хунари дифоь зи мардум дорандн
не кас ба кумак ба миллаташ бигзоранд
харкаски кунад хизмаи халку ваташ
тузмат задаву уроба махбас бикашанд
гар хаст туро ишки ванат дар сар 
боядки барорем зи як гиребон хама сар
халкеки нихад ба як гиребон хама сар
аз вахдати у хазар кунад сад рохбар
мо худ зи зи халки ху дифоь хохем кард
бо вадату бо кумак бо хамдигар

мухочир
ин зухруф чи максад дорадки мухочирони ватанро баназар намегирад ва шумораашро кам мешуморад кани гуед аз кадом хонаводай точик як ё ду ё се нафар да мухочирати мехнати нест, окой зухурв ун галстукеки ту бастаий ба гарданат ин пули мухочирони точиканд ва он лукмаеки фарзанду оилай ту мехурад унам мехнати кафи дасти мухочири точикаст фаромуш накун ки Точикистонро Мухочирон сохта ва ба по хезонда истоиан, бо шиштани ту точикистон ягон кадам ба пеш намезад!!!!

интихобкунанда
а бача ххдт аз соли таъсисёбиаш аз холи мардум бехабараст хукуки хамеша галаба кардан дораду, мухочире ки мардумро таъмин мекунад хукуки лоакл пешбари кардани номзад надоштааст.

Карим
Ин Зухуров ита каттаги карда гап мезана нисбати мухочирон? Ягон майда хурмат нисбати шахрвандон надорад, бо раиси парламент. Фаромуш накунад, ки он креслаи гармакакаш аз хисоби пули мардикорон аст

Кабири дар фикри бозораи

kase 5 sol nest hak nadorad.kase meravadu meoyad dar yak yo du sol hak dorad guft zuhuruf in durust ast.dar konun hamin xel ast.

Бубинед читавар зидди Кабири бадбини дорад
ман узви наҳзат нестам лекин вақтҳои охир ҳукумати мо тамоман бе дарвозаву бемаъне шудаст
ВАТАНРО БА ҚАБРИСТОН МУБАДДАЛ КАРДААНД Тоҷикистонро Мусибатистон бояд номид Аз боло саркарда то вазирону дигар дигараш ҳамаш ватанро миллати тоҷикро барбод додан мехоҳанд

batik
Брат Кабири храни Вас Аллах всегда и везде. Терпения, терпения и еще раз терпения.

РЕСПЕКТ муҳтарам Кабирӣ

батик
Храни Вас Аллах всегда и везде г-н Кабири.

Чаноби Зухуров як маротибаи дигар сарконуни(Конституция РТ) интихоб намудаатонро варак занед ! Дар ончо гуфта шудааст дар кадам холат шахрванди чумхури аз шахрванди озод мегардад.Агар шахрванди точикистон мудати 5сол дар мухочирати мехнати бошаду аз хукуки шахрвандии точикистон озод шудабошад пас чаро ба ин мардум шаходатномаи бешахрванди намедихед то ки онхо ба русия не балки ба амрикох ё аврупо раванд???? Вой дод ба он давлате ки рахбари парлумонаш бефикрона нисбати халкаш харф мезанад. Агар мардум мудати 5 сол дар мухачирати мехнати бошад пас чи, онхоро аз хукуки шахрванди бояд махрум сохт???Каме андуша кунад мухтарам намояндагони мардум чи конун кабул менамоед!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)