Бахшҳо

Фармони "нотакрор"-и Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,
журналист


Соли ҷорӣ низоми нави имтиҳоноти қабул барои довталабон дар Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ҷорӣ гардид. Дар аввал, воқеан, ҳама ба ин ҷодаи нав боварӣ ва умеди зиёд доштанд. Довталабон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали супоридани ҳуҷҷатҳои худ умедвор буданд, имсол бо дониши худ дар Маркази миллии тестӣ имтиҳон супорида, холҳои заруриро ба даст меоранд, бахусус довталабоне, ки солҳои пеш қабул нашуда буданд, аз натиҷаи имтиҳоноти имсола умеди калон доштанд.

Вале, инак, баробари ба итмом расидани давраи имтиҳонот ва тақсими ихтисосҳо маълум шуд, ки онҳо беҳуда ба дониши худ умед бастаанд. Бахусус, қабулшавӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон соли равон ба дониш кам иртибот дошт ва бартарияти асосӣ дар маъракаи Довталаб-2014 дар Маркази миллии тестӣ ба довталабони хатлонӣ дода шуда буд. Дар рӯзи тақсимот аз рӯи ихтисос мо шоҳиди он шудем, ки ноадалитие, ки имсол нисбат ба довталабони Донишгоҳи тиббӣ, бахусус довталабон аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи кишвар сурат гирифт, дар тӯли 22 соли истиқлоли Тоҷикистон, дар ҳеч як донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон сурат нагирифта буд. Бори аввал аст мебинем, ки довталаб аз вилояти Суғд бо ҳалли 90-95 дарсади масъалаҳои тестӣ низ донишҷӯ шуда натавонист, вале довталаб аз Данғара бо ҳалли 60-70 фоизи масъала соҳиби унвони донишҷӯӣ гардид. Зеро рӯзи тақсимот маълум шуд, ки ба довталабони хатлонӣ ба истиснои холҳои гирифтаашон аз 100 то 140 хол аз ҳаво тӯҳфа шудааст.

Ин холҳои зиёдатӣ аз куҷо пайдо шуданд? Асосгузори ин беадолатӣ кист? Чунон маҳалчигии ҷиддӣ дар қабули имсола ва аз даргоҳи Донишгоҳи тиббӣ дур кардани довталабони фаъоли Суғду Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз куҷо сарчашма гирифт? Чаро дар қабул ба Донишгоҳи тиббӣ баробарӣ ба ҳамаи минтақаҳо таъмин нашуд?

Банда дар сӯҳбат аз Муовини Раиси Маркази миллии тестӣ Маҳмадалӣ Раҳмонов пурсидам, ки чунин коэффитсиентҳои ноодилона аз тарафи ки ҷорӣ карда шуд ва кӣ ҳуқуқҳои довталабонро аз Суғду Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи марказ поймол намуда, онҳоро аз ҳуқуқи қабулшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ маҳрум намуд? Мавсуф иброз дошт, ки «коэффитсиенти мазкур бо фармони Вазири тандурустӣ муайян карда шудааст ва дар ин кор Маркази миллии тестӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Шумо метавонед бо ин фармон дар даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ шинос шавед».

Пеш аз он ки дар бораи чи гуна поймол шудани ҳуқуқи минтақаҳои дигар сухан ронем, барои исбот рӯйхати ноҳияҳоеро манзури хонандагон мегардонем, ки Вазири тандурустӣ ба онҳо бартарият додааст.

Фармони беназири Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Бо фармон дар назди даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ шинос шудам. Маълум шуд, ки тибқи фармони мазкур, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода аз 10 июли соли 2014 онро тасдиқ намудааст, ба ноҳияҳои зерин дар қабул ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бартарият дода шудааст ва ба довталабони ин ноҳияҳо ба ҳар 100 холашон зиёда аз 30 хол илова карда шудааст.

Рӯйхати ноҳияҳо:

1.Нуробод, 2. Ховалинг, 3. Кӯлоб, 4, Балҷувон, 5. Носири Хисрав, 6. Бохтар, 7.Темурмалик, 8.Вахш, 9.Роштқалъа, 10.Ҷиргатол, 11.Кӯҳистони Масчоҳ, 12.Мӯъминобод, 13.Данғара, 14.Восеъ, 15. Ёвон, 16.Абдураҳмони Ҷомӣ, 17.Хуросон, 18.Шуғнон, 19.Рашт, 20.Файзобод, 21. Ғончӣ, 22.Ҳамадонӣ, 23.Сарбанд, 24.Шаҳритус, 25.Шӯрообод, 26.Қубодиён, 27.Румӣ, 28.Қумсангир, 29.Рӯдакӣ.

Он гуна, ки аз рӯйхат мебинем дар таърихи истиқлолияти кишвар бори нахуст дар қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бахусус Донишгоҳи тиббӣ бартарият танҳо ба минтақаи Хатлон дода шуда, умеди ҳазорон давталабонро аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳур барҳам дод. Зеро агарчӣ солҳо дар бораи аз як минтақа интихоб шудани мансабдорон сухан мерафт, вале дар қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи тиббӣ ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ ба қабули онҳо аз як минтақа роҳ дода нашуда буд. Дар ин рӯйхат, ки ба 29 ноҳия имтиёз дода шудааст, ба истиснои 2 ноҳия аз Хуҷанд, 3 ноҳия аз ВАБК ва 3 ноҳия аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳур дигар ҳама ноҳияҳо аз вилояти Хатлонанд.

Довталабон чӣ мегӯянд?

Дар комиссияи қабули Донишгоҳи тиббӣ бо довталабе аз ноҳияи Вахш ҳамсӯҳбат шудам, ки бо гирифтани 573 хол донишҷӯ шудааст. Ҳадди ниҳоии холи эълонкардаи маркази миллии тестӣ 500 буд. Ин аст, ки сабаби аз 500 зиёд соҳиб шудани холҳоро аз ӯ пурсон шудам. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки бо дониши худаш 440 хол гирифтааст ва ба ӯ аз Маркази «миллӣ»-и тестӣ 133 хол ба таври коэффитсиент бинобар аз Вахш буданаш илова шудааст. Довталаби дигареро низ пурсон шудам, ки ҳуҷҷат месупорид. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки зодаи ноҳияи Данғара будааст ва бо дониши худ соҳиби 401 хол гардидааст ва ба ӯ низ 125 хол тӯҳфа шудаасту ӯ бо 526 хол ба Донишгоҳи тиббӣ қабул шудааст.

Ман ба онҳо ҳамроҳи худро нишон дода гуфтам: Ин ҷавон бо дониши худ 450 хол ба даст овард, вале донишҷӯ нашуд. Онҳо «чи тавр?» гуфта ҳайрон шуданд. Ман гуфтам: - Танҳо барои он ки ӯ аз вилояти Хатлон нест ва аз Панҷакент аст. Гуноҳаш фақат ҳамин аст. Агар мо ҳам ӯро пеш аз супоридани ҳуҷҷат дар Данғара ва ё ягон ноҳияи дигари Хатлон ба қайд мемондем, ҳатман донишҷӯ мешуд. Якуми август, вақте ӯ соҳиби 450 хол шуда буд, дар зери холҳои ба даст овардаи ӯ навишта шуда буданд: «Шумо холи гузаришро барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба ихтисосҳои интихобкардаатон соҳиб шудед». Мо ҳам бовар кардем, ки ӯ донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шуд. Вале 15-уми август ба телефони ӯ паёмаке омад, ки ҳама умедҳояшро барбод дода буд: «Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи ягон интихобатон нагузаштед».

Оё ин хатои сиёсӣ нест?

Саволе ба миён меояд, ки чаро Вазири тандурустӣ бо поймол намудани ҳуқуқи довталабони минтақаҳои дигар бартарияти асосиро дар духтур шудан асосан ба вилояти Хатлон медиҳад? Магар ба дигар вилояту шаҳрҳо духтур зарур нест? Ё Данғара минтақаи дурдаст асту ба имтиёз ниёз дорад, вале сокинони Панҷакент, Конибодом ва ё Исфара ба имтиёз ниёзе надоранд? Ё Шояд вақти он расидааст, ки мӯҳтарам Нусратулло Файзулло, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қабули ҳуҷҷатҳоро умуман аз минтақаҳои номбурда манъ намуда, танҳо аз Хатлон ҳуҷҷат қабул кунанд? Зеро довталабони минтақаҳои дигар дар сурати супоридани ҳуҷҷат ҳам бо чунин беадолатӣ ҳаргиз донишҷӯ шуда наметавонанд.

Ҳадди ниҳоии холҳо 500 муайян карда шуда буд. Донишҷӯ аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеъ ҳатто бо гирифтани 450 хол дар Донишгоҳи тиббӣ соҳиби унвони донишҷӯӣ шуда натавонист, вале довталаб аз вилояти Хатлон бо гирифтани 400 хол донишҷӯ шуд. Ин магар адолат аст? Инро чӣ гуна шарҳ додан мукин аст? Аз 500 холи ниҳоӣ соҳиб шудани 450-460 хол ин маънои онро дорад, ки довталаб ба 90-95 фоизи саволҳои гузошташуда посух гуфтааст. Магар чунин довталабонро хориҷ намудан мукин аст? Танҳо довталабоне аз вилояти Суғду шаҳри Душанбе донишҷӯ шуданд, ки агар 100 фоиз ба саволҳои гузошташуда дуруст ҷавоб дода бошанд, боқӣ ҳама ҳангоми тақсимот бо сари хам аз назди Маркази тестӣ дур шуданд. Банда боварӣ дорам, ки иҷрои садфоизаи ҳалли масъалаҳо на танҳо ба довталабон, ҳатто ба баъзе устодон муяссар намешавад. Солҳои пеш донишҷӯ метавонист, ҳатто бо ҳал намудани 60 фоизи масъалаҳои тестӣ донишҷӯ шавад, вале имсол бо ҳал намудани 90- 95 фоиз довталабони вилояти Суғд донишҷӯ нашуданд. Чаро?

Ба фикри банда ин иштибоҳи бузургтарини Вазири тандурустӣ аст, ки манфиати як минтақа, зодгоҳи худро дар ҷойи аввал гузошта, ҳуқуқи довталабон аз минтақаҳои дигарро поймол намуд. Ин оё хатои сиёсӣ нест?

Як довталаби дигаре аз Суғд, ки бо гирифтани 444 балл то 15-уми август худро дар курсии донишҷӯи тасаввур мекард, изҳор дошт, ки «баъд аз соҳиб шудани 444 хол ва «Шумо холҳои лозимаро соҳиб шедед» гуфтанҳо ман пурра бовар кардам, ки тайёрии дусолаам барои дохилшавӣ, ба донишгоҳи тиббӣ барбод нарафтааст!» Аз нақли ӯ маълум мешавад. ки бали гузаришашро дар торнамои марказ дида ба чашми худ бовар накардааст ва ба Маркази миллии тестӣ омадааст. Дар инҷо ҳам дидааст, ки 444 бал соҳиб шудааст ва аз марказ гуфтаанд, ки «ту аллакай имкони бештари донишҷӯ шуданро пайдо кардӣ».
Ӯ ашки чашмашро пок карда мегуфт: «Ба ман мегуфтанд, ки донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудан хеле душвор ва бепул намешавад, вале ман то имрӯз хушҳолӣ доштам, ки мешудааст, вале инак маълум шуд, ки дигар мо бояд умедамонро тамоман аз донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудан канем. Зеро минтақаи мо аз чашми вазир дур мондааст ва дигар қабул ба дониш вобастагие надорад».

Аз дидаву шунидаҳо ба хулосае омадам, ки фармони маҳалдӯстонаи Вазири тандурустӣ, вазире, ки чун шахси масъули давлатӣ бояд манфиати тамоми минтақаҳои кишварро ҳимоя мекард, боиси дилхунукии ҳазорон довталабони Суғдӣ гардид ва Вазирро шахсан зарур аст, ки барои донишҷӯёни соҳиби холҳои баландшудаи минтақаҳои аз чашмашон дурмонда, аз нав имконият диҳанд ва ҳуқуқҳои поймолшудаи эшонро барқарор намуда, хатои сиёсии худро бартараф намоянд. Ман дар ҳамин фикрам. Шумо чӣ?
Мӯҳр
ман 430 балл гирифтам дохил нашудам барои он ки аз вилояти сугдам мачбурам ба сайти ЧАНОБИ ОЛИ НАВИСАМ

Садкаи вазири тандурусти шави,агар мисли ту Боз дутои дигар вазир бошад точикистон хароб мешавад

Мархамат хар нафаре, ки норози аст, рузи шанбе аз соати 8 то 12 рузи кабули вазир аст.
Метавонед бо аризаи хати ба вазир мурочиат кунед, андешахои Шумо хатман шунида мешавад ва асоснокии фармон хам ба шумо фахмонда мешавад.
Дар асоси моддаи кадом Конун ин фармон навишта шудааст, чаро бартарият махз ба Хатлон дода шудааст, хамааш ба Шумо фахмонда мешавад.

Вилояти Хатлон аз ду вилояте, ки арзи вучуд дорад ахолиаш бисёр аст. Дуввум, ин ки аз кай боз Масчохи Кухи Рошткала, Гончи, Шугнон, Рудаки, Файзобод ба вилояти Хатлон шомил шудаанд?
Баскунед тафрика-андозиро!Махалчиги ана аз хамин нашрхо сар мешавад!
Нохияхое, ки ба мутахассисони сохавии ин ва ё он соха лозим хастанд, барои хамин бартари дода шудааст. Хатмкардаи Сугд дар Рошткаъла ва ё Шахритус рафтакор мекунад? Дуруст карданд! Ва дар тамоми Донишгохо бояд чунин лимит чори шавад!

12
Ба суд мурочиат кунед кани у чи мегуяд?Шояд муйро аз хамир чудо кунад?Дониш бояд дар чои аввал бошад на махал.

Комил
Дар руихат танхо ба ду нохияи ВМКБ имтиёз дода шудааст.

durust kardand dar in nohiyaho mutaxasis namerasad.bad in ki xatlon hamaash kulobi nest oxir.

ДОВТАЛАБОНИ НОХИЯИ ФАРХОР НИЗ, АЗ БЕ ИМТИЁЗИ АЗ ТАХСИЛ ДАР ДОНИШГОХИ ТИББИ МАХРУМ МОНДАНД, ДОВТАЛАБОН, КИ БАЛАШОН АЗ 440 БОЛО БУД, ИЛТИМОС НОХАКИ НАШАВАД. ТО СЕНТЯБР ХОЛО ВАТК АСТ, ХАКРО БА ХАКДОР РАСОНЕД!

Вазири мухтарам аввалан хатогихои сиёсиашро бартараф намуда, баъдан ба истеъфо равад ва халос .

Идрис
Ин фармони Вазири тандурусти бар хилофи Сарконуни Чумхурии Точикистон кабул гардидааст, чунки ба у хеч кас хукук надодааст, ки чунин фармони ноодилонаро кабул намояд, зеро хамаи шахрвандони Точикистон новобаста аз махал хукуки баробар ба тахсил доранд.
Аз ин лихоз пешниход менамоям. ки нафароне, ки бо дониши худ 450 бал гирифтаанд донишчу эътироф карда шуда нафарони бо "ИМТИЁЗ" кабулшуда то соли оянда тайёри бинанд, вагарна ин гунохи "Мухтарам" вазир нобахшиданист.

ВАЗИРИ МУХТАРАМ БА ИН ДОВТАЛАБОНЕ КИ ХОЛХОРО ПОДАРКА КАРДЕД ОЕ МУТАХАССИСИ ХУБ МЕБАРОЯД БА ИН КАФОЛАТ ДОДА МЕТАВОНЕД?

Илхом
Эй халки бечораи тарсончаки ман,

Дилам бар шумо месузад. Нолаю гираю таваккал. Гунахкоронро факат дар форумхо гунахкор мехисобед. Ягон кас нест, ки вазири тандурусти ва вазири маорифро ба суд кашанд. Охир ин поймоли хакки конститусионии шумо хаст. Бартарият? Ое довталаб аз Душанбе е Хучанд мисли довталаб аз Дангараю Кулоб нест? Ое хамааш дар мактабхои зери назорати вазорати маориф намеходанд ва сатхи омузиш дар хамачо бояд як намебуд? Ман намегуям, ки дар ХАтлон донишчуи хуб нест, албатта хаст ва хамон будагияш бо акли худаш метавонад дохил шавад. Вале як "пода" донишчуро аз як вилоят ба донишгох мачбури дохил кардан чи зарур? Охир, узр, лекин харро Макка баранд, асп шуда бар намегардад.

Ba Saidbek
Саидбек аз Ишкошим,
Tu medoni ki dar in ruykhat 3 nohiya az Badakhshon ast. Ba fikrum khudut namedoni ki Badakhshon kadom nohiyahora dar bar megirad!!! 1.Ba i markazi testi bovar nakunen!!! 2.Vazir huquqi in koro nadorad. 3 Agar zurush brasa digarora bo yagon havasmandi ba on nohiyaho jalb kunad!!!!

МАГАР ДАР ФАРХОР БЕМОР НЕСТ, КИ БАРОИ НОХИЯИ ФАРХОР БАЛИ ЗИЁДАТИ НАМЕДИХЕД. ЯК ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИ ХАМАРА ЧАЗИР КАРД. ШАХСАН МАН АЗ НОХИЯИ ФАРХОР 440 БАЛ ГИРИФТАМ. АММО ДИГАРХО ГУЗАШТАНД. МАН КИ КАМБАГАЛАМ ДОНИШГОГХИ МИЛЛИ ШАРТНОМВИ ГУЗАРОНИДАНД. ОХИР АЗ МАН БАЛИ КАМГИРИФТАРО 200 БАЛЛ ДОДАНДУ ТИББИ ГУЗАРОНИДАНД. ДОД АХ ДАСТИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИ

Одам
При чём тут Вазири тандурусти, вакте ин сохаи маориф аст. Кадр дар минтакахо намерасад ба хатмкунандахо имтиёзхо пешниход кунанд, онхо аз як минтака ба дигар минтака рафта кор кунанд. Хамасола Хукуматхо замин барои чои истикомат чудо мекунанд. Кисме аз онро бо шарти 5-10 сол кор карданашон ба ба кдрохое диханд, ки ба касби онхо ниёз доранд, маоши хуб пешниход кунанд, хамасола ягон роххат ба санаторияхо, озод кардан аз андозу пардохтхои коммунали ва дигар дигар роххоро ёбанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)