Бахшҳо

Руҳонии тоҷик нашри дубораи карикатураи Муҳаммад (с)-ро маҳкум кардааст

Абдуалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ нашри дубораи карикатураи Муҳаммад (с) - паёмбари наздик ба 2 миллиард пайравони дини мубини Ислом дар маҷаллаи фаронсавии "Charlie Hebdo"-ро маҳкум карда, онро ноҷавонмардона хондааст.

Ин руҳони тоҷик дар саҳифаи фейсбукаш дар робита ба ин қазия ба ҳаводорони Муҳаммад (с) ибрози ҳамдардӣ карда, навиштааст: “Имрӯз ин маҷаллаи фаронсавӣ бо нашри се миллион карикатураи Паёмбари гиромии Ислом (с) бори дигар қалби дӯстдорони Расулуллоҳ(с)-ро реш гардонид.”

Ба гуфтаи оқои Муҳаммадӣ, масъулини маҷаллаи "Charlie Hebdo" дар ҳоле дубора даст ба тавҳину нашри беш аз се миллион карикатураи тавҳиномези Муҳаммад (с) заданд, ки аксари раҳбарону чеҳраҳои маъруфи пайравони дини мубини Ислом дар робита ба ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба дафтари онҳо ҳамдардӣ баён карда, онро маҳкум карданд.

Ӯ дар идома бо овардани ояте аз Қуръон ба тамоми пайравони дини мубини Ислом гӯшзад кардааст, ки бо вуҷуди ин ҳама талошҳову таҳқирҳо дар номи паёмбар (с), “дар рӯи замин шаҳре вуҷуд надорад ки дар он ҳар соат садои азон ва зикри номи зебои Муҳаммад танинандоз нагардад” ва меафзояд, “ҳар соат ва ҳар рӯз зикри номи зебояш баландтар хоҳад гашт.”

Маҷаллаи “Charlie Hebdo” дар шумораи ахираш, ки 14 январ бо теъдоди се миллион нусха нашр шуд, карикатураи Муҳаммад (с)-ро ба табъ расонд.

Дафтари кории маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”, ки ҳанӯз 4 соли қабл, моҳи ноябри соли 2011 карикатураҳои Муҳаммад (с)-ро нашр карда буд, зуҳри 7 январ мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Дар ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла, Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд ва аксари расонаҳои ғарбӣ ҳоло далели эҳтимолии ин ҳамлаи хунинро нашри 4 сол қабли ин карикатураҳо эълон доранд.
Мӯҳр
Сорбон
Агар бовар дорен ки нигахбони ин дини мкадас Аллох пас чи инчаву унча худотона метарконен монен Худо худаш сарфахми хамаш меравад....

мусулмон
Аз Худованди мутаол хохонам ки тезтар чазои ин бадбахтхора бидихад.Дуне ва нематхои дуне хамаги ба хотири пайгамбарамон (с) офарида шудааст.

Асадулло
Ман хам як шахрванди Точикистон ин амалро ки токати шунидан ва диданро надорам махкум мекунам. Алохума сали Олох Мухаммад ва аъло оли Мухаммад

Довуд
Абдулло, Озодагон фикрхои моёнро чоп менамояд, ин аллакаи аз он шаходат медихад, ки аз мо аст, ки бо мо аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)