Бахшҳо

ВИДЕО: “Имиҷ”-и нави Меҳринигор бо таронаи “Куҷоӣ”

Меҳринигори Рустам, хонандаи таронаҳои поп ахиран клипи навашро бар таронаи “Куҷоӣ” таҳия кардааст.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик мегӯяд, клипи мазкур дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон охирҳои моҳи январ наворбардорӣ ва омода шудааст: “Ҳоло як клипи дигари ӯ ҳам бар матни таронаи “Ҷаннати ишқ” дар ҳоли омода шудан аст, ки рӯзҳои наздик муаррифӣ мешавад”.

Матни таронаи “Куҷоӣ”-ро Орзу Исоев навишта, худи Меҳринигор ба он оҳанг навиштааст. Дар ин клип Меҳринигор бо имиҷи нав дар экран зоҳир мешавад.

Меҳринигори Рустам дар ҳоли ҳозир яке аз хонандаҳои муваффақи саҳнаи попи тоҷик дониста мешавад. "Бемор машав, модар", "Шаб", "Фаромуш", "Мебарӣ" ва "Ситора" аз маҳбубтарин сурудҳои ӯянд, ки дар ҳамин жанр таҳия шудаанд. Ӯ дар хондани таронаҳои халқӣ ва академӣ ҳам маҳорат дорад. Меҳринигор ба ҷуз таронаҳои тоҷикӣ бо забонҳои англисӣ, русӣ, туркӣ ва озарӣ ҳам суруд мехонад.

Ахиран, клипи “Таронаборон”-и ӯ ҷоизаи "Tamoshow Music Awards”-ро дарёфт кард. Созмондиҳандагони ин ҷоиза гуфтанд, “Таронаборон”-и Меҳринигор давоми соли 2014 тавассути шабакаи интернетии “Tamoshow” 501384 боздид доштааст.

Муваффақияти ӯро баъзе мунақидони мусиқӣ дар садо ва таваҷҷуҳ ба унсурҳои миллӣ, ба вижа тарзи либоспушияш арзёбӣ мекунанд. Суҳайли Кабирзод, яке аз шореҳони мусиқӣ мегӯяд, дар бештари сурудҳои Меҳринигор тоҷикият эҳсос мешавад ва ҳамин ӯро зуд ба шунавандаву бинанда наздик месозад: "Ҳоло бо имиҷи нав то куҷо муваффақ ва ба ҳаводоронаш наздик мешавад, вақт нишон хоҳад дод".



Мӯҳр
шухрат
Ин хама бату намезебад.Занхо ва духтарони точикро дар дунё шарманда карди.Зани точик интавр либос намепушад.Афсус ки мусулмон ва точик буданатро фаромуш кардаи.Агар рафтори худатро хубтар намои хатман ба зани мегирамад.

точик
/////-и худо шарманда карди, оё хамин суруд шуд.

АНОНИМ
МАСЛИХАТ, АГАР ЗИК БОШЕД БА СОМОНАИ ОЗОДАГОН ВОРИД ШАВЕД, ШАРХХО ХОНДА ФИКР МЕКУНАМ

inham kamtar ki sinnu solash raft az bayn meravad misli shabnamu digaru digar holo vaqti vaqtashon hast baroi hamun khuband

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)