Бахшҳо

АКС: Ронандаи дигар нозири роҳро болои “капот” бардошт (НАВШУДА)

Мақомоти Тоҷикистон алайҳи як ронандаи дигар, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба фармони нозири роҳ итоат накарда, бо суръат ӯро зер кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Тавре ба “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, ронандаи мошини ВАЗ 21010 -- Ибодулло Қодиров, сокини 24-солаи Душанбе дар кӯчаи Неъмат Қарабоев қоидаҳои ҳаракатро вайрон карда, аз дар хатти дуюм меистад: “Нозири роҳ аз ӯ хоҳиш мекунад, ки дар ҷои лозимӣ истода, ҳуҷҷатҳоро барои санҷиш пешниҳод кунад. Аммо фирор мекунад ва дар поёнтар нозири дигари роҳ талош мекунад ӯро боздошт намояд. Ронанда, ки ҳуҷҷатҳои лозимӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи ронандагӣ надоштааст, ишораи ин нозири роҳро низ сарфи назар карда, якбора босуръат ба хатти сеюми роҳ гузаштанӣ мешавад ва нозири роҳро, ки ба тарафи ӯ давидааст, зер кардааст. Нозир аз болои капот парида, бо шиддат ба замин мезанад”.

Манбаъ мегӯяд, корманди ҷабрдидаи БДА, Аммонулло Хайруллозода мебошад, ки аз моҳи июни соли 2014 дар назди бозори Султони Кабир ҳамчун нозири роҳ таъин гардидааст ва феълан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе алайҳи ронандае, ки ба фармони нозири роҳ итоат накарда, ӯро дар болои қисмати пеши мошинаш то 100 метр кашола карда бурдааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буд. Мақомоти Тоҷикистон аз ин ронанда, ки дар хатсайри рақами 8 бо мошини “Опел-астра”-аш ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул будааст, Баҳриддини Наҷмиддин ном мебаранд, ки зодаи шаҳри Кӯлоб буда, феълан дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат дорад. Ба иттилои манбаъ айни ҳол ронанда дар боздошт ва воситаи нақлиёташ дар ҷаримагоҳ қарор дорад.

Ин қазия баъди он вирди забон шуд, ки 20-уми март навори кашола кардани нозири роҳ аз ҷониби ронанда, ки дар кӯчаи Айнӣ, дар назди маҷмааи фурӯши “Садбарг” сабт шудааст, дар интернет нашр гардид. Бисёре аз корбарон ин амали ронандаро маҳкум карда, қисме аз ӯ таъриф карда, изҳор доштаанд, ки нозирони роҳ бо фасодкорияшон ронандаҳоро азоб дода, маҷбур ба фирору саркашиҳо мекунанд.


АКС: Ронандаи дигар нозири роҳро болои “капот” бардошт (НАВШУДА)

АКС: Ронандаи дигар нозири роҳро болои “капот” бардошт (НАВШУДА)
Мӯҳр
россиян.
Барои 10сомон худкуши мекунан муред хамин рузатон Кати!

Nazar
Nozir malades , 10 somona halol kadi !

Нозир гунахкор аст чунки худашро ба тарафи мошин давида омадааст, девона будагист ин нозир, пул гуфта худащро болои мошин партофтааст, баднафси дия ва окибати кор ана хамин.

Mawlon
нозири БДА, кучо медави ту барои таъмини бехатари чи кор карди? баръакс хатар эчод карди! агар мури зану кудакатро ин давлат нигох нахохад кард. сабпу тахаммулу истифодаи бештари аклро касе манъ накардааст.

нур
ронанадахои бесаоду бешарафу беакли аз хисоби чавонон нихоят зиёд шудаанд, нозирон набошанд агар, дар душанбе одам намемонад

Хуррам
Агар хамин ронанда нозири рох нею ягон шахрванди дигарро зер мекард хамагон мегуфтанд, ки нозирони рох ба кучо нигох мекунанд. Тасавур кунед агар як руз нозирон дар рох набошанд хамин ронандагони бетамиз хуни хамдигарро мехуранд.

ислом.70mail.ru
Албатта нозирони рох буданашон шарт ва зарур мебошад. Шахсан худамро медонам ки ин нозирони рох набошанд кадом руз Худо нахоста дар ягон рох бо сабаби тезрони дар чони худ чавр мекунам. Дуввум ки дар катори ин нозирони рох хастанд Худозадахое ки на гуфтор ва на кирдори солим доранд ки иардумро чонбарасид кардаанд. Охират ба хайр!,

Шоди
Чихеле ки дар ин чо навишта шудааст,ки корманди бозраси аз ронанда хохиш кардааст,ки мошинро нигах дорад хеч боварам намеояд,ки корманди бозраси хохиш карда бошад онхо факат бо кавоки баста дашном дода муомила мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)