Бахшҳо

Сафорат: Эҳтимол шаҳрванди Тоҷикистонро қабл аз зинда гӯрондан, корд задаанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, бино ба иттилои дарёфтӣ муҳоҷири 22-солаеро, ки шаби зодрӯзаш дар Волгоград кушта шуд, қабл аз гӯрондан, корд задаанд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, қарор аст, имрӯз, 21 апрел ба манзури муайян кардани сабабҳои аслии фавти ин ҷавони тоҷик ташхиси судӣ анҷом шавад: “Ташхис муайян мекунад, ки Усмоналӣ аз зарби корд ба ҳалокат расидааст ё баъди зинда зери хок кардан”.

Қаблан, ин масъули сафорат хабар дода буд, ки шахсияти ин муҳоҷири тоҷик муайян шудааст: “Ӯ Файзалиев Усмоналӣ Гулмуродович сокини шаҳри Ваҳдат будааст”.

Ба иттилои манбаъ, кормандони сафорат ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо муфаттишони қазия мулоқот намуданд.

Хабари зинда зери хок кардани як ҷавони тоҷик 19 апрел расонаӣ шуд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ин ҳодиса 7 рӯз қабл рӯх додааст. Расонаҳои русӣ, рӯзи сешанбе аз қавли Наталия Кунитская, ёрдамчии калони раҳбари Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишотии Русия дар Волгоград навиштанд, дар маврид содир шудани ҷинояти куштор як сокини маҳаллӣ ба мақомот хабар додааст. Ба иттилои ӯ, 12 апрел ҳамроҳи дӯсташ ба манзиле рафт, ки онҷо шаҳрванди Тоҷикистон 22-солагии мавлудашро ҷашн мегирифт. Манбаъ гуфтааст, ки ҷашн то субҳ идома кард ва наздикии субҳ вайро хоб бурдааст: “Вақте субҳ бедор мешавад, мефаҳмад, ки байни соҳибхона ва соҳибҷашн нофаҳмӣ шудааст. Соҳибхона бо ёрии ҳамсояаш шаҳрванди хориҷиро ба таҳхонаи сарой бурда, маҷбур кардаанд, ки ҷуқурӣ биканад. Баъдан, ӯро ба он ҷуқурӣ тела намуда, зинда гӯрондаанд”.

Наталия Кунитская гуфтааст, гуруҳи тафтишотӣ-оперативӣ аз ҷуқурии кандашудаи таҳхона ҷасадро пайдо накардааст: “Тафтишот бар ин аст, ки ҷасади марди кушташударо аз ин ҷо гирифта, ба ҷуқурие, ки дар пушти бино мавҷуд аст, зери хок кардаанд”.

Ёрдамчии калони раҳбари Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишотии Русия дар Волгоград мегӯяд, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Ин кавказихо ё ин русхо ки буданд? Кавказихо агар номус медоштанд давлат медоштанд на ин ки аз хисоби русхо кайфу сафо мекарданд. Ин мо миллати ба ору бо номусем ки миллату ватан дорем, баъдан айб аз худи мо хаст:
1. Мо байни худ дуст нестем мо якдигарро дар гариби фиреб мекунему кидат мекунем...
2. Аксарияти мардуми мо забони ин ё он давлатро намедонанд аз он чумла забони русиро....
3. Пеш аз онеки як давлати дигар мерави бояд хукуку санадхои меъёрии хамон давлатро бояд донист, хамчунин хукуки буду бош дар он кишвар
4. Мо бояд аз худ гиламанд шавем на аз ягон нафари дигар.

Я Таджик по национальности но родился и рос в Казахстане более 20 лет работаю в россии также работал с Таджиками их мучають проверяют без конца сотрудники МВД фмс и мягко говоря издеваться именно над гражданами Таджикистана.проезжают к нам полиция для проверки у всех документы в порядке в том числе и таджики у всех просят извинения а таджиков забирают почему?выйисняется их оштрафовали за то что они не проживают по месту жительства без никаких доказательств. Они прекрасно знают что таджикские властям наплевать на своих граждан и им ничего за это не будет.Я сделал вывод Слава Аллаху что Я Таджик,Алхамдулиллах что я не гражданин Таджикистана А Казахстана.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)