Бахшҳо
16 июн 2016 15:05Тоҷикистон / Акс / Тема дня

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод, рӯзноманигори варзидаи тоҷик дар назди манзилаш, воқеъ дар хиёбони Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин маросим аз Мисайзод ба унвони яке аз сарсупурдаҳои журналистикаи даврони истиқлоли Тоҷикистон ном бурда шуд.

Шарифи Мисайзод субҳи имрӯз, 16 июн дар синни 50 бар асари бемори қалб дар манзилаш даргузашт.

Зинаттулоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон марги Шарифи Мисайзодро талафоти бузурге барои ҷомеаи журналистии тоҷик унвон кард. Исмоилзода аз Мисайзод ба унвони яке аз пуркортарин журналистони риштаи радиои Тоҷикистон ном бурд ва гуфт, “ӯ дар журналистикаи радиоӣ таҷрибаи гузоришгарии сайёрро хеле рушд дод”.

Сайёфи Мизроб, рӯзноманигор ва дӯсту ҳамсабақи Шарифи Мисайзод гуфт, ӯ дар хатарноктарин давраи журналистикаи тоҷик – солҳои 90-уми қарни сипаришуда вориди журналистика шуд ва то охирин даврони умри худ ба касб ва рисолати журналистӣ содиқ монд.

Шарифи Мисайзод 6 январи соли 1966 ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили факултаи филологияи тоҷик (шӯъбаи журналистика)-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 1990 мебошад. Фаъолияти кориро соли 1992 аз идораи Ахбори радиои “Тоҷикистон” шурӯъ карда, яке аз масъулини барномаи машҳури “Хоки Ватан” дониста мешавад.

Солҳои охир аз хабарнигорони фаъоли радиои "Садои Душанбе" буд. Ӯ машқи шеър ҳам мекард ва навиштаҳояш бо тахаллуси Шайдо дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд.


Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)
Мӯҳр
Дил ба ин дунё мабанд дунёи фони бигзарад.
Илохо Аллох чои ин бандаро чаннат ва хонаи охираташро пурнур гардонад! Худо ба ахли байташ сабри чамил ато фармояд! хамдард,

Чавонмарганд мардони чавонмарг....
Фарёд зи дасти фалаки чомакабуд,
Ёрони маро зи ман якояк бирабуд...
Шарифхон бо тамоми хастияш чавонмард буд. У дар сохои тахсил ва то рузи маргаш сардори мо хамсабакон буд, у буд, ки моро чамъ меовард, суроги мо мекард. У рафт, намедонам, дигар касе моро сурог мекунад ё на? Худо чояшро чаннат кунад. Дар рузи охири дахаи рахмат ва огози дахаи махфирати мохи шарифи рамазон Худованд уро ба дорулбако хонд. Макони охираташ обод бод!
Бирафт он гулбуни хуррам ба боде,
Дареге монду фарёдеву ёде...

Саидислом
ББ,
ББ,
Марди шариф ва сарсупурдаи касби хеш буд. Шеваи гуфтанихои ба худ хосеро дошт, ки дигарон аз ин истеъдод ори буданд. Ахли сухану калом шахсиятеро аз даст дод, ки макомаш муддатхо холи мемонад. Бо дуо "Ино лилохи ва ино илайхи"-ро дар хаккаш мегуем. Худованд ба ахли оила ва наздиконаш сабри чамил ато намояд.

Худорахмати бисёр очаашро дуст медошт, бо алам аз сузиши дил бахши "Модарнома"-ро пешниходи шунаванда мекард!Э войи зиндагиву чони чавонмаргат бародари азиз, хамкори гироми! Мехохам дарё дарё бигиряму фигон аз дасти марг бигуям, ки туро бармахал аз мо бибурд. Билохир ба очачонат пайвасти ва давон давон бурдандат суи у. Дигар садое, ки аз Садо мехостем шунавем намешунавем. Вокеан ту барои хама азиз будаи, ва он сатрхое, ки аз чониби дустону рафикон бахрат мерезанд гувоханд. Худованд тарикаи рахмату шоитаи чаннатат бигардонад! ОМИН!!!

Фарёд зи дасти фалаки чомакабуд, Ёрони маро зи ман якояк бирабуд.
Шарифхон дар охири дахаи рахмат ва огози дахаи махфирати мохи шарифи рамазон моро тарк гуфт. Худованд маъвояшро нурони дорад.Инсони хубе буд, махфилоро, сухандон. Ёдат ба хайр дустам.
Бирафт он гулбуни хуррам ба боде,
Дареге монду фарёдеву ёде..

Шарифи Мисайзод инсони шарифе буданд, ки бо фидокорию равшандили, сухандонию ҳозирҷавобӣ дар қалби ману аҳли хонаводаамон ҷо доштанд. Воқеан боиси ифтихори мо ҳамдеҳагону бародарон буданд. Хотирае, дар ёд дорам, ки вақте Шариф бо садои хушу маҳорати баланд дар Барномаи “Хоки Ватан” барандагӣ мекарду Саидқул Билол “Эй худо пайванд кун бишкастаро ...” ё “Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун ...”-ро аз қалб месароид, аз чашми модарам об ҷорӣ мешуду “Омин” мегуфт. Боре ҳазломез гуфтам, ки Ҷаноби Олӣ “Иҷрокунанда” ҳастанд ва ризояти Офаридгорро нисбати Ваҳдати миллӣ “Мо” гирифтаем (бо назардошти фидобаёнии Шариф, қалбсароии Саидқул Билол ва илтиҷои самимонаи Модарам). Саидқул Билол бо шуниди ин сухан ба дидани ман омада буд ва ман аз шодии дидор, хуб бо ӯ таҳлили мавзуъ карда натавониста будам ва илова ба ин як суханаш ба хотирам мондааст, ки аз Намояндагиаш дар Маҷлиси Олӣ хуб ризо набуд ва майлу завқи озоди фаъолияти санъаткорӣ дошт.
Дар маросими видоъ чӣ дар назди манзилаш ва чӣ дар деҳаи азизаш (Пушиёни поён, н. Восеъ), ҷанбаи модардустиаш, аз ҷониби воизон, хуб баррасӣ карда нашуд. Чӣ қадар дилчаспӣ ба Модараш дошт, чӣ сӯханҳое дар васфи Модар мегуфт ва чӣ андозае худро аз Модар қарздор медонист. “Очаҷон”-и ӯ хеле самимӣ ва дилчасп буд. Як ҷанбаи пайванди бародарии бештари мо ҳамдигарфаҳмӣ дар сифати Модар, қалби поку беолоиши онҳо ва қарздории мо дар назди Онҳо буд.
Фикр мекунам Модардустии Ӯ сарчашмаи Ватандӯстӣ ва Одамдӯстиаш буд.
Ёдат ба хайру ҷоят Ҷанат бод Бародари азиз!

Додарчони Мирзозода
Шарифи Мисайзод шарифи хакики ва инсони бузурге буд. Худованд дар ин мохи Рамазон чаннатро насибаш гардонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)