Бахшҳо

Чаро бархе донишмандон расули Худоро таҳқир мекунанд?

Далер Шарифов

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қиммати санг наафзояду зар кам нашавад.
(Саъдӣ Шерозӣ)


Таҳқиру таҳвини дин ва донишмандони исломӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин авохир “муд” шудааст. Бархеҳо ҳатто пайғомбари Худоро таҳқир намуда, ӯро дар беадабиву бадахлоқӣ муттаҳам мекунанд. Одамони огоҳ медонанд, ки ин ҳарфҳо ҳеч ҳақиқате надоранд. Гузашта аз ин қонунгузории Тоҷикистон тавҳин ва таҳқири динҳо ё пайравони онҳоро манъ карда, ҷазо пешбинӣ кардааст. Вақтҳои охир дар бораи тибқи банди “барангехтани кинаву адовати диннӣ, миллӣ ва маҳаллӣ” боздошту пушти панҷара рафтани бисёриҳо шунидаем, аммо чаро онҳое, ки дини Худо ва расули ӯро таҳқир мекунанд, хеле роҳатанд?

Динситезон иқрор мекунанд, ки ба Худо ва шариати Муҳаммад (с) эмону эътиқод надоранд. Аз ин рӯ барои онҳо аз Қуръони карим, ки донишмандони саршинос онро китоби ҷовидонаву бузург эътироф мекунад, овардани далелҳо дар бораи пайёмбар ва ахлоқи бузургии ӯ мантиқӣ ба назар намерасад. Шояд ин тоифа ҳеч як аз татқиқоту навишта ва садҳо китоби марбут ба расули Худоро варақ назадаанд. Аммо бовар накарданист, ки онҳо суханҳои ҳамкешони гузаштаи худ дар мавриди ахлоқ, рафтор, гуфтор ва кирдори бемисли Муҳаммад (с) ва мактаби бузурги иҷтимоиву сиёсии ӯро нахонда бошанд. Имкон надорад, ки аз андешаи Алфонс Де Хамартин, Хюстин Смит, Херберт Ҷорҷ Велҷ, Ҳанри Массе, Ирвинг, Борталме Сен Хилёрд, Ҷон Ди Финорт, Хеберт Вил, Ҷавоҳир Лаъл Неҳру, Ҷорҷ Бернард Шоу, Карл Маркс, Аня Бисант, Эдуард Гебин, Монте, Ҳегел, Вилли Дурант, Пер Симон Лапалс, Лев Толстой, Реналд Ален Николсон, Перси Сайкес, Фелкид, Густов Лобон, Гёте, Ҷон Де Фин Рот, Луи Томас, Хенсиё Далбир ва даҳҳои дигар, ки ба ҳастии Худои якто бовар надоштанд, вале дар бораи Муҳаммад (с), ахлоқ ва шариати ӯ бо эҳтиром, воқеъбинона ва ҷавонмардона гуфтаанд, огоҳ набошанд.

Ҷон Де Фин Рот мегӯяд: “Муҳаммад аз бузургтарин хайрхоҳони башар аст ва зуҳури ӯ нишонаи яке аз олитарин ақлҳо мебошад”. Лев Толстой, нависандаи машҳури рус навиштааст: “Ҷойи шаку шубҳа нест, ки пайёмбари Ислом аз бузургони муслиҳини дунё аст, он ҳам муслиҳе, ки ба башарият хидмати бузурге кардааст”. Андешаи Пер Симон Лаплас чунин аст: “Гарчи мо ба динҳои осмонӣ ақида надорем, вале ойини ҳазрати Муҳаммад (с) ва таълимоти ӯ ду намунаи иҷтимоӣ барои зиндагии башарият аст, бинобар ин эътироф мекунем, ки зуҳури дини ӯ ва аҳкоми хирадмандонааш бузург ва бо арзиш мебошад ва ба ҳамин ҷиҳат аз пазириши таълимоти ҳазрати Муҳаммад бениёз нестем”.

Ҷорҷ Бернард Шоу гуфтааст: “...ман мӯътақидам, ки агар марде монанди пайёмбари Ислом фармонравоии мутаалиқи ҷаҳони асри ҷадидро ба даст гирад, чунон тавфиқе дар ҳалли масоили ҷаҳон хоҳад ёфт, ки сулҳу саодатеро ки башар ба шиддат ба он эҳтиёҷ дорад, таъмин хоҳад кард”. Хербер Ҷорч Вел навиштааст: “Ислом танҳо дине аст, ки ҳар башари шарофатманд метавонад бо доштани он ифтихор варзад...”. Аня Бистан: “Ғайри мумкин аст, ки касе зиндагӣ ва шахсияти паёмбари бузургро мутолиа кунад ва ӯро такрим накунад...”

Чунин мисолҳоро зиёд мешавад овард, аммо ҳоло бо ҳамин иктифо мекунем. Тавре ишора рафт, аксари ин мутаффакирон ба Худо бовар надоранд, аммо дар баҳогузорӣ аз ҳадди эътидол нагузашта, воқеъиятро эътироф кардаанд. Андешаи бархе аз донишмандони тоҷикро хонда, баъзан гумон мекунед, ки онҳо мубталои бемории равоние ҳастанд ва бояд табобат шаванд.

Ҳама медонанд, ки бо ҳарфу андешаи онҳо ҷойгоҳ ва шарофту қадосати пайёмбарони Худо ва орифону донишмандони ростин газанде намебинанд. Таърихи башарият чунин инсонҳоро зиёд дидааст ва боз зиёд хоҳад дид. Беҳтар аст, онҳо донишҳои андухтаи худро дар роҳи саодат ва хушбахтии мардум ва миллати азизамон сарф кунанд...
Мӯҳр
в
Маколаи бефакт мисли шурбои бенамак аст. Номи хамон шахсоне ки пайгамбарро тахкир карда бояд дарч мегардид.

оддӣ
беҳтарин мақола ва саривақт офарин бародар

Facebook
Ҳоҷӣ,
Хафиз Бобоеров Олими ва донишманди забарчастаи точик ки ихтирооти зиеде дорад ва дар чахон машхур аст, дар шабакаи ичтимоии фейсбук паембаронро бадахлок номидааст, бинобар ин маколаро Далер навиштааст!

МУРОДИ ШУМО КАДОМ ДОНИШМАНД АСТ? МЕХОХЕМ ДОНЕМ

Хушахлок
Бадахлока бадахлок меган бо чи гуфтан даркор!!

точик
О чи хел хакикат надоштааст??!! Магар у бо кадаки 9 сола хамхоба нашуд? Е зани писархондашро таги чашм карда баъди марги вай Зайнабро ба зани нагирифт? Худ хамин ду далел барои шахси солимакл басанда аст.

Касе Паёмбарамонро бадахлок гуяд кофир аст мусалмон нест.Ва занаш талок шудааст.

Ба Кутайба
Аввал ин ки расули Аллох на расули Худо. Зеро Худо вожаи хеле кадимитар аз Аллох аст. Мухаммад расули .

Муаллиф, аз шарҳи хонандагон маълум аст, ки ҳадафат донишманди тоҷик Ҳафиз Бобоёров будааст. Чаро мустақиман номашро намегирӣ? Метарсӣ, ки ӯ ҷавоби муносибат медиҳад?
Насиҳат ҳамин аст: аз асри IV берун шав. Ту дастовардҳои асри XXI истифода бурда, тафаккурат дар гузашта аст. Каме шарм доред. Шумо баринҳо барои тараққии илму дониш чӣ кор кардед? Дида истодаем, идеологҳои ба ном давлати исломӣ мқсулмонони дунёро ба шармандагӣ кашиданд. 5 вақт намозатро хонда, боқӣ бо аҳли оилаат математика ва адабиёт хон. Фойдааш бештар аст.

Ҳофиз Бобоёров чиро кашф кардааст? ё ихтиро кардааст кани ба ман гӯед ? ӯ олим нест кани дар бораи кашфиётҳои ӯ маро хабардор кунед факат гапро ба дигар ҷо набаред бо далелу ҳуҷат гап занед.фикр мекнам дигар аз шумоҳо исломбадбинҳо садо намебарояд ?агар барояд марҳамад?

Салома бошед Далер. Беҳтарин гуфтаҳоро гуфтед. Давом диҳед ҳамин гуна фаъолиятатонро. Оффарин. Оффарин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)