Бахшҳо

“Тағам девонаашаайй”, “рожаш нафорид”, “домуллои тра з...гӣ нестм”- тарҷумаҳои нодири “Муллои замонавӣ”

(“Шпаргалка” барои Кумитаи забон ва истилоҳот)

Мушоҳидагари “Озодагон” ин ҳафта мушоҳидаҳои худро аз олами воқеӣ ба олами маҷозӣ бурд. Вале ба назар мерасад, ки ҳоли мо ҳам дар олами воқеӣ ва ҳам дар олами маҷозӣ як гуна аст, хуб нест.

Ин ҳафта чанд тика аз серёли туркии “Ҳидоят” (номи дигараш “Муллои замонавӣ”)-ро, ки чандест дар бозори тамошобинони Тоҷикистон бисёр гарм истиқбол мешавад, тамошо кардам. Чун тамошо кардам фаҳмидам, ки чаро ин серёл бинандаи қобили мулоҳиза дорад. Тарҷумонҳои тоҷик бар хилофи ҳама қавонину қоидаи тарҷума аз худ дар ин филм ҳарфу вожаву ибораҳои хандаовар ворид карда, ҳам филм ва ҳам забонро тавҳин кардаанд.
Ин филм, худ як филми ҳаҷвист ва зоҳиран туркҳо мазмуни ин филмро аз филми “Мормулак”-и эрониҳо дуздидаанд. Мақсади мо ин ҷо баррасии мазмун ва моҳияти филм нест. Балки эроди мо сари тарҷумаи хароби ин филм ва забонро вайрону валангор кардани тарҷумонҳо ва ҳамин тур ба пайкараи бузурги забонамон туф кардани ширкатест, ки филмро тарҷумаву дубля кардааст.

Дар ин филм баъзе қаҳрамонҳо (персонаж)-е ҳастанд, ки нақши кумедиёӣ доранд ва ҳарфу суханҳояшон бештар ҳаҷвию танзмонанд аст. Тарҷумонҳои мо суханони ин қаҳрамононро аз диди худ тарҷума кардаанд ва дар он шеваи гуфтории ҷавонони Душанберо, ки бештар ба шеваи ҷануби кишвар такя мекунад, ворид кардаанд. Ин “тозакорӣ ва навоварӣ”-и тарҷумонҳо барои нафарони соҳиби завқи паст мояи дигаргунӣ ва ҷаззобӣ шудааст, вале барои нафарони огоҳ харобии бештар овардан ба ҳоли хароби забон дар Тоҷикистон мебошад. Акнун ба чанде аз ин ибораву ҷумлаҳои тарҷумашуда таваҷҷуҳ кунед: “Нагла гуфт, ки намиём”, “Сардорам 10 ҳазор доллар сарша бхра, чӣ хелай вазифаи ҳами одама грфта манда тийен?”, “Ту я ҳаёт макру ҳилла мекнӣ, ъууу?”, “А бача, мо ҳам мардакем”, “розӣ шудани ман ҳам под вопросай”, “Оҳоҳу, девооонаашааай”, “дар пеши чашмом янгама ачоқ кадестай”, “ман барои аруси худт гуфтестам, даюси чии тъ”, “Уага зани тъ боша янгаи моай”, “навбатчии туалет”.

Ба назар мерасад, ки тарҷумонҳои ин филм мухолиф бар аслу асосҳои тарҷума аз пеши худ ибораву вожаҳои русиро ворид карда, ҳамчунин фикр кардаанд, ки агар жаргону ибораҳои маъмулу роиҷи имрӯзи хиёбонҳои Душанберо дар филм дохил кунанд, забони филм “замонавӣ” мешавад. Шояд ин фикр дуруст бошад, аммо набояд ин корро аз ҳисоби беҳунарии тарҷумонҳо кард ва ҷисми нимҷони забонро боз ҳам ҷираҳдор намуд.

Усулан дар асар (хоҳ асари катбӣ ва хоҳ асари гуфторию дидорӣ) замоне қаҳрамон ба шева ҳарф мезанад, ки агар намояндаи ҳамон шева бошад ва барои воқеитар ва заминитар шудани асар муаллиф ин корро мекунад. Вале дар серёли “Ҳидоят” ғараз аз чунин ҳамоқат ва ба хориву забунӣ кашидани забон чист, нафаҳмидам!

Масалан ин гуна “шоҳҷумла”-ву “шоҳибора”-ҳоро танҳо дар ҳамин филм метавонед бишунавед: “Бахудо, сарт ранги куни отёркаай”, “тағам девонааашаааййй”, “Биё брем, ки рожаш нафорид”, “ҳичӣ не, чисотка доштай”, “Ай занакода бисёр ноз кадӣ”, “Майлӣ, брат”, “ин войимакнира бин”...
Албатта роҳ додан ба ин гуна ҳамоқат баргирифта аз тафаккури ҳоким ва муҳити ахлоқие аст, ки як қисм аз “ҳунармандон” ва тарҷумонҳои мо зери он қарор доранду дар он парварда шудаанд. Вале Кумитаи забону Кумитаи телевизион, ки масъулияти назорат бар ин гуна тарҷумону ширкатҳои продюсериро доранд, чаро масъулияти худро дар баробари забони миллӣ иҷро намекунанд?

Ба ин суханон таваҷҷуҳ кунед: “Вазъияти имом бақлаҷонай, ай мо турб”, “Ма мотосикла я мойка барм”, “Ма дар мачитм, асалак, бромадм зангт мезанм”, “Домулло ҳам модный будааст”, “А бача, ин Чингиз кам-кам ба саволомон ҷавоб медод, тъ чӣ дамта грфтай?”, “Ма як одами касалии бесаводм, кам-кам перепатка дорм, ай дҳанм ҳар гап меброя”, “дар баракаттон туф кардагиюм”, “бнуш, чойи девонашааййй”, “зеботарин ноҳияи Тоҷикистон, а бача, Дарвозай охи”, “ина амин гаптон гааанда мара сахт расид”, “ма домуллои тра з...гӣ нестм”, “Тра па пути бай мачита барм, ба мерам белниса”, “чиба акъ”, “Ягон бахшиш боша камбудӣ”, “хафа нашав, меган доверяй но проверяй”.

Тарҷумонҳо ва мубтакирони баргардонии ин серёл ба андозае бешарм ва ба сарнавишти забон бетафовут ҳастанд, ки ҳарфҳоеро, ки инсон дар муколамаи одӣ гуфтан шарм медорад, инҳо дар филм ворид мекунанд: “Я одам пешов када наметонист, хондш ранги фантан шид”, “Чоркунҷа, секунҷа, ман задагӣ нестам, ки чандкунҷа аст”.

Ин чанд мушоҳида аз чанд тикаи ин филм буд. Кӣ медонад, шояд дар тамомии ин серёл, ки бинандаҳо мунтазири тикаи 28-уми он мебошанд забон чӣ қадар масхараву расво шуда бошад. Дар ин филм тарҷумон ва коргардони дубля бидуни ҳеч кадом ҳаросу дудилагӣ вожаҳои русиро истифода кардаанд ва таъбирҳои аблаҳонаи бачаҳои хиёбониро ҳам истифода намудаанд. Онҳо аз ин роҳ хостаанд, ки ҷанбаҳои ҳаҷвии филмро бештар кунанду худи филмро диданитар. Аммо ин як хатои нобахшиданист. Тарҷумон ба ҳеч ваҷҳ ҳақ надорад, ки аз пеши худ дар асар ҷумлаву ибораву маъниву таъбир ворид кунун ва он ҳам чӣ ибораву маъниву таъбире...

Забонро ҳамин гуна тарҷумону коргардону раисону вазирони беҳунару каммояву нотавон ба ҳақириву забунӣ мекашанд ва ин забони пӯёву гӯёву зоёро бечораву нотавон мекунанд. Боқии гап ва кор дасти Кумитаи забон ва Кумитаи телевизион аст...

Мушоҳидагари “Озодагон”

Мӯҳр
РОСТИН ш. Душанбе.
Инсоф кунед! Махалро доман назанед. Камбуди шимоли ва чануби намешавад. Онро хадалимкон бояд ислох кард. Мардаки журналист рост мегуяд. Забони филме, ки ба мардум пешниход мешавад бояд ба хамин шева бошад? Айб аст, охир.
Кучоянд мутасаддиёни соха? Онхое, ки надида, наомухта, барои тарчума литсензия медиханд. Кани он шурое, ки тарчумаро аввал кабул кунад, баъд ичозат дихад. Тарчумаи филми Шрек сабак нашудааст. Маълум, ки чазоро боз вазнинтар кардан даркор. Кучоед мутасаддиёни Кумитаи забон. Ана мархамат чарима кунед.
Ба журналист кордор нашавед! Вай масъаларо дуруст ва окилона бардоштааст, офарин ба у. Журналисти хакики хамонест, ки ба хама тарафхои зиндагии чомеа дахолат мекунад. Зеро ин одамонро ба холи худ мони чи корхое, ки намекунанд. Хар ухви ин чомеа дар худ як масъулияте бояд эхсос кунад ва донад, ки дунё бе сохиб нест.
Олимони сохаи забон чаро хомушеду бетараф менишинед, мархамат андешахоятонро пешниход кунед. Охир. дифоъ аз забони точики вазифаи чонии шумост. Чаро дар телевизиону радио баромад намекунеду дар матбуот маколахоятонро ба чоп намерасонед? Дахони ин хама махмадонохоро, ки шимолу чануб гуфта, махалгароиро доман мезананд, бо далелхои котеъ бастан даркор.

п
РОСТИН ш. Душанбе.,

Тамошобинони асосии ин филмхо мардуми авоми камсавод хастанд, ки забони адабии точикро хуб намефахманд. Аз ин ру, тарчумонхои филм кушиш кардаанд, ки филмро ба забони авом тарчима кунанд, то ба мардум фахмо бошад.

салим
салом вокеан чои таасуф ва гамгини аст ки забони точикиро хору зор кардан магар кумитаи забон ва вазорати фарханг хоби гафлат кардаст е чашмошон намебинад ва намешунавад чунин тарчумони бефаросату бе саводи филмхоро агар кумитаи забон ва вазорати фарханг аз ухдаи корашон намебароянд лутфан вазифахои ишголкардаашонро холи кунанд шояд кадрхои ватандусту бо фарханг пайдо шаванд ва рохи ислохро пеш гиранд.

Домулло Зиё
Мухтарам кормандони "Озодагон" ман мухлиси доимии ин сомонаам ва хамаи маколахои сомонаатонро лахза ба лахза даромада мехонам. Маколахои хуб руи чоп меоянд. Аммо ин маколатон тамоман писандам наомад.
Мухтарам мушохидагар! Ин филм вобаста ба жанраш тарчума шудааст. Филм филми мазхакави мебошад, яъне "кумедиё".
Филм хеле ба дарачаи оливу хандаовар тарчума шудааст. Хич хел тахкири забон нест!
Чаноби Мушохидагар! Шумо як бор филми Водии гургонро тамошо кунед, забони ноби точики дида мешавад дар тарчумааш. Бовар кунед ман лаззати маънави мебарам, вакти тамошои Водии гургон. Хар як филм вобаста ба худаш тарчума шудааст. Чи ин кадар кунковак мекунед!!! Намемонед дар хамин дунёи дуруза як лахза хандему табъи болида дошта бошем!!!
Хулоса, бини нахалонед ба кори тарчумонхо!!! Ман миннатдорам аз студияву он хама хунармандони дар тарчума иштирок намуда! Давом дихед тарчумаро...

Samad
Мухтарам мушохидини озоди!
Чаро як мавзуи комилан номувофикро макола кардаю, нашр намудед.
Оё ба гуфти шумо бо забони точики мо бояд ягон камедия ё мазхакаро тарчумаю тамошо накунем? Агар ха пас дар кадом асос?
Оё барои махсусан тарчумаи филмхои мазхакави ягон лугат ё китоби ибораи махсус аст. ки дар ин филм риоя нашудааст?

Дуруст аст, ки хар филме ки аз хорич ворид мегардад хатман таргибгари фикре хаст, аммо бояд дар назар дошт, ки филмхои точикие нест ки мавкеи онхоро танг созад, пас чаро аз тарчумон ва забон гила мекунед!

рашид
хамин тарчумонхо бо чунин тарчумаашон филма нагз кардаги

ман ин силсилафилмро то 15 кисмаш тамошо карда бошам хам барои ман бисер писанд омад, ин лахчае, ки тарчумони филм истифода бурдаанд, аслан дар кучахои Душанбе ба таври маъмули харруз шунида мешавад, ин гуна тарчума танхо барои калонсолон хуш намеояд, чавонони ба ин одат кардаанд (Озодагон интизори чоп хастам).

мехмон
Албатта мо бояд як забону гуфтори умуми дошта бошем. Чи хеле ,ки авгонхо як намуд, хам дар телевизион ва хам дар куча як хел гап мезананд.

Фарханги чануб
Пахххххьь... бхур бзан бчар бгард хама садай... рул дар дасти худмоай... озодагон ташаккур

Мухтарам хабарнигор ! Як бор чаро аз он филмхое сухан намекунед ки филмофарони хозиразамони мо офарида истодаанд ? Ё ба шеваи забони точики гуем ,,ТАFA ,, доранд . Дахони ин мардумро шумо махкам карда наметавонед холо дар кучаву бозору мактабу донишкадахо хама ба чунин лахн сухан мегуянд. Ё филхои офаридаи бемаънии филмофарони точик ба савдо намеравад ва шуморо хохиш кардаанд ки ягон чиз дар бораи филмхои турки навис... Филме нав дар дуконхои фитафуруши баромада буд боваркунед аз тамошои у хамчун як фарди точик шармам омад . Чунки забони форси дариро дар чанде кишвархои дунё медонанд ва он филмро ягон бист дакикаашро тамошо кардам на маънояшро фахмидаму на мазмунашро . Хунармандони мухтарам !!! Шумохам дар чунин филми бемаъниву бемазмун наход дар накшхо бози кунед ? Мохам мефахмем зиндагии хама кинаст дар ин замона , лек шумохам охир понздах бист сол шуд дар сохаи актёри кор карда истодаед . худатон филм офаред наход чени филмофарони хозиразамон нашавед ? Филми хидоят ё муллои замонави жанри махзакааст монед ки хамин мардуми хаставу асабони аз кор баргаштаи точик камтархам бошад рохат кунад о агар ягон филме агар мисли филмхои турки дошта бошед мархамат ба мардум пешниход кунед мардумда агар писанд ояд тамошо мекунанд . барои он рузноманигорри мухтарам магар ин кадар камбуди дар ватан камаст ки шумо хамаро монда аз паси домулло зиё маколала менависед монед рачаб хусейн ташрифу саидчон як лукма нон аз тарчумаи ин филм ёфта истодаанд аз он лукмаи ночизашон намонанд....

ВВВ
(....тарҷумонҳо ва ҳамин тур ба пайкараи бузурги забонамон туф кардани ширкатест, ки филмро тарҷумаву дубля кардааст......)
Журналист тур-та гам набоша. Дубля-та чмбонда бгард.
Журналист аввал ба калимахои навиштаи худ назар бикун. Чунон забонро тахкир кардаги хастед ки тарчумаи ин филм забони точикиро чунин паст наркарда буд.
Аввал хатогихои худро бичу, Вакте намеёби то хатогихои дигаронро бичуи.
Чоп бкн изо накаш мууудунум нав мактба тмом карай))))))))

бино
Мушохидагари Озодагон!
Шпаргалка, серёл, дубля, телевизион, кумедиё,-магар ин калимахои точикист?
Ин навиштаатон чи маъни дорад? -қаҳрамонҳо (персонаж)-е, шумо магар барои русизабонхо менависед?

Салом ба хама мардуми Точикистон баьд аз он ба хамон мушохидакоре.ки аз паси камбудихои зиндаги сарсонаст гуфтаниям,ки аввалан ин филми тарчумашуда дар фестивали синамогарони дуне аз номи Точикистон ба намоиш гузошта намешавад,ки инкадар аламзада хастед,дар тамоми филхои дуне чунин гапхое ки дар ин филм хаст аз ин баьтарашро мебинед ки бо дар чашнворахо сохиби чоиза мешаванд,ин филм дар доираи хамин Точикистон давр мезанад,дар хамин Точикистони ором монед мардум як дами бегам занаду чизеки мехохад хураду тамошо кунад ба хамин кунчковиятон як кадам пеш намеравед.Дар ин филм Хунармандони Мадуми низ овоз додаан агар хато мешуд овоз намедоданд,хулласи гап гуфти бародарон гаммон нате...

Мушохидагири гиромикадр агар инкадар дилсуз бошеду забондон бошед як китобе нависед ки факат лахчахои ширини тамоми минтакахои Точикистон бошад,дар сахнаи хачвам агар ширинии лахча набошад тамошоби халоват намебарад,дар сахнахои устод Убайдуллои Рачаб Шоди Солех Амон Кодиров ва дигарон низ лахчахоро истифода мебаранд,дуне чаппа нашудастку.Дар филми точикии Марги бегунох сарто по хамаш лахча истифода бурдан барои чи калам ба даст нагифтеду нанавистед.Зури бехуда назан сухандон мардум чизеки ба дил наздикаст хамонро мекунад..Ба хамаи хунармандонеки овоз додан ташаккури зиед ба пеш мо бо шумоем. Ташрифда гап нест офарин бародар хунарманди хубед..

мухтарам журналист ба мардуми Чануб ба ЛАХЧАИ ЧАНУБ КОРДОР НАШАВ.Ва худи ту махалчигариро баскун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)