Бахшҳо

Прокуратураи Шаҳритус: Ноболиғро кормандони комисариат назадаанд, бо корманди ҷамоат ҷанҷол кардааст

Додситонии Шаҳритус мегӯяд, нисбати қазияи латту кӯби як ҷавони 17-cола бо моддаи “майдаавбошӣ” парванда боз шуда, аз ҷониби Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ҳоли баррасӣ аст.

Бахтовар Маҳмадиев сешанбеи 11 октябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, ӯро кормандони комисариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус мавриди латту кӯб қарор додаанд. Ба иддаои ӯ, рӯзи 7 октябр кормандони комисариат ба хонаашон омада, аммо касеро наёфтаанд: “Ҳамон рӯз дар хона набудам, кормандони “военкомат” омада, дидаанд, ки касе нест, аз хона пул гирифта рафтаанд. Баъд ба ман телефон карданд, ки биё пулҳоятро гир, маро дар як мошин бор карда, зиёд латту кӯб карданд. Ман аз дасташон гурехтам”.

Ин ҷавон бо ирсоли аксҳои худ гуфт, дар пайи ин ҳодиса бинӣ ва сараш сахт осеб дида ва панҷ рӯз мешавад, ки дар беморхона қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, аз Додситонии ноҳияи Шаҳритус имрӯз, 12 октябр ба "Озодагон" гуфтанд, дар пайи санҷиш маълум шуда, ки Бахтовар Маҳмадиев аз ҷониби кормандони комисариат латту кӯб нашудааст: “Вақте ин ҷавон ба прокуратура муроҷиат кард, ӯро бо кормандони комисариат рӯбарӯ кардем, аммо гуфт, ки касе аз инҳо маро назадааст. Баъдан маълум гардид, ки Маҳмадалиев бо корманди ҷамоат Самад Ҷӯрақулов ҷанҷол кардааст”.

Ба иттилои манбаъ, модари ин ҷавон ба комисариати ҳарбӣ муроҷиат кардааст, ки писари калонаш, бародари Бахтоварро, ки ба гапаш гӯш намедиҳад, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд: “Вақте корманди ҷамоат ҳамроҳи кормандони комисариат ба хонаи онҳо меравад, касе дар хона набудааст. Баъдан Бахтовар дар кӯча бо Саид Ҷӯрақулов ҷанҷол мекунад, ки кӣ ба ту ҳақ дод, ки ба хонаи мо равӣ ва ҳар ду даст ба гиребон мешаванд. Нахуст Бахтовар корманди ҷамоатро мезанад. Болои қоши ӯ даридааст”.

Масъули додситонӣ гуфт, чун Ҷӯрақулов корманди комисариат нест, ин қазия ҳамчун баҳси шаҳрвандӣ дар доираи моддаи “майдаавбошӣ” баррасӣ мешавад: “Прокуратура ҳуҷҷат тартиб дода, барои санҷишу қарори қонунӣ маводро аз рӯи тобеият ба ШКД фиристодааст”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус ба “Озодагон” гуфтанд, нисбати як корманди комиссариати ҳарбии ноҳия парванда боз шудааст: “Ин парванда ҳоло дар прокуратура аст”.


Прокуратураи Шаҳритус: Ноболиғро кормандони комисариат назадаанд, бо корманди ҷамоат ҷанҷол кардааст

Прокуратураи Шаҳритус: Ноболиғро кормандони комисариат назадаанд, бо корманди ҷамоат ҷанҷол кардааст


Аксҳоро Бахтовар Маҳмадиев фиристод
Мӯҳр
Гуреза ту беакли е аз Тч нести, агар бародараш ба Руссия намерафт онхоро ки мехуронад. Магар барои чавонон дар Тч ягон кор хаст.

Пурдил
Гуреза,
Ту доноги карда савол надех! Хубаш бипурс, ки чаро факат бояд камбагалон хизмати ватан модар раванду хатто фарзанди раисони махалахо не?! Чи расад ба расиси чамоату хукумату вазиру сарвазиру дигару дигархо?! Чи магар ин ватан факат ванат камбагалон аст? Чаро писари мансабдорон дар мошинхои киматбахо кайфу сафо карда гарданду камбагал бачахо хизмат намуда ватанро химоя кунанд????

ба худо касам хизмат хеччизе нест россия ай ида азобхои сахт дорад ку лекин меравем лекин хами аблавчико яхеле хонатон миян мегуй ки варакаи хукми катл доран дар дасшон .хозиям ховмда медрояд хаму сркадагиешон лекин 10 сол ср кадан капида натонистан ха ха ха

1
1Артиш бояд таги 50-60%аш професионали бошад.
2Агар ба корхои давлати ба кор гиранд агар хизмат накрда бошад нагиранд.
3Барои гайри професионало хизмат 1 сола бошад ва хама бояд хизмат кунанд.
4Ба кормандони артиш барои хизмати мушкилашон барори кор.

адл
чавоб ба гуреза ман кор кунам налог супорам духтур равам бо пул личений гирам бачама калон кунам як грух одамонро хифз кунад ягон проблема шавад жалоб куни худата грузит кунад кадом ватан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)