Бахшҳо

Назарпурсӣ: Чаро дар вазъи буҳронӣ нархи барқ боло бурда шуд?

Дар пайи қарори ҳукумати Тоҷикистон барои 16 дарсад боло бурдани нархи барқ “Озодагон” аз коршиносон суол кард, ки чаро дар вазъи буҳронӣ нархи барқ боло бурда шуд.

Сайдмурод Раҷабзода, шореҳи масоили иқтисодӣ

Менеҷерҳо ва ё мудирони “Барқи тоҷик” ва як гуруҳи манфиатдор анқариб ду сол боз Ҳукуматро водор мекарданд, ки барои боло бурдани қиммати барқ иҷозат диҳад. Аммо ҳукумат дар ин муддат борҳо ин пешниҳоди онҳоро бо назардошти "вазъи зиндагии мардум" рад карда буд. Аммо яке аз лоббиҳо ва ҷонибдорони болоравии нархи барқ дар Тоҷикистон инчунин Бонки ҷаҳонӣ аст, ки ҳамеша аз ҳукумат даъват мекунад нархи онро боло барад. Дар пайи ин такопуҳо ҳукумат билохира нархи барқро боло бурд, ба умеде, ки қарзҳои ҳангуфти ширкати “Барқи тоҷик” каме коҳиш пайдо кунад. Аммо бо ин сатҳи идоракунии “Барқи тоҷик” ва ношафофият дар кори он ба гумон аст болоравии нархи барқ мушкили қарздории ин ширкатро ҳал кунад.

Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон

Боло бурдани нархи нерӯи барқ дар шароити буҳронӣ албатта ин як чораи зарурӣ аст, чун ки ҳамон нафароне, ки имрӯз дар соҳаи энергетика, дар тавлиди барқ кор мекунанд, онҳо ҳам инсонҳо ҳастанд. Илова бар ин, барои таъмири стансияҳо, хатҳои барқ, умуман ҳар чизе, ки аз неругоҳ то истеъмолкунанда мерасад, ҳамаи онҳо ба таъмиру таҷдид барои зимистонгузаронӣ омода мешаванд, ки хароҷоти аксари кулли инҳо аз ҳисоби фонди кишвар ворид карда мешавад, ки боло бурдани нархи барқ ба ин бетаъсир намемонад. Ман фикр мекунам, ки яке аз сабабҳояш шояд ҳамин бошад. Албатта ин боз як падидаи дигар дорад, ки ба боло бурдани нархи барқ, молистеҳсолкунанда низ нархи маҳсулоташро аз ин ҳисоб, ки нархи барқ қимат шуд, боло мебарад, ки ин боиси ташвиш аст.

Константин Бондаренко, иқтисоддон

Боло бурдани ҳаққи истифодаи неруи барқ агар аз як тараф ногузир бошад, аз тарафи дигар дар ҳама гуна ҳолат наметавонад тамоми мушкилоти самаранокии пасти соҳаро ҳал кунад. Дар ҳақиқат таъруфа (пеш аз ҳама барои аҳолӣ)-ҳо дар Тоҷикистон бо таносуб ба сатҳи зиндагии мардум имкон намедиҳанд, ки ба таври пурра норасоиҳо дар истеҳсоли неруи барқ ва хидматрасонии босифат бартараф карда шаванд. Аз ин рӯ, боло бурдани ҳаққи истифодаи неруи барқ ҳамеша яке аз талаботи сармоягузорони хориҷие мебошад, ки ба Тоҷикистон кӯмакҳои молиявӣ мекунанд. Мавқеи онҳо фаҳмо ва бисёр сода аст – низом бояд самаранок шавад ва барои ин зарурати бозпардохти пурра аст.

Аз сӯйи дигар, набояд мустақиман омили самаранокии пасти соҳаи энергетика ба таври истиноӣ ба паст будани ҳаққи истифодаи он барои аҳолӣ рабт дода шавад.

Зеро таъруфаҳо барои сохторҳои тиҷоратӣ хеле боло мебошанд ва барои таъмини фоида кофиянд. Пас кӣ боз мушкилот эҷод мекунад? Алабата мушкилэҷодкун аҳолӣ ва ё ниҳодҳои тиҷоратӣ нестанд. Ширкати ТАЛКО миқдори ҳангуфт (бар асои баъзе баҳогузориҳо аз чоряк то сеяк)-и тамоми неруи барқи дар кишвар истеҳсолшударо масраф мекунад, вале то кунун имтиёзи ба нархи пасттарин харидани ин барқро соҳиб аст. Ҳато арзонтар аз аҳолӣ. Бисёр ҷолиб аст бидонем, ки нархи нав барои ТАЛКО чанд аст? Ва чӣ гуна метавон, ба истилоҳ сатҳи баланди “талафоти техникӣ”-ро дар шабакаҳо шарҳ дод? Ин талафоти техникии воқеӣ аст, ки ба фарсудашавии шабакаҳо ва ё дар воқеъ ба ҷой доштани сирқати неруи барқ рабт дорад?
Дар фаъолияти ширкати “Барқи тоҷик” ба андозаи кофӣ шаффофият вуҷуд надорад, ки дар ин бора ҳамеша коршиносони дохиливу хориҷӣ мегӯянд.
Нақшаи қарзҳо, нархҳои ёрона барои ТАЛКО, имтиёзоти андозӣ барои худи “Барқи тоҷик” – ин гуна проблемаҳо дар фурсатҳои наздик аз роҳи боло бурдани нархи барқ ҳал карда намешаванд.

Аз ин рӯ, агар боло бурдани таърифҳо дар пайи худ арзёбии “Барқи тоҷик ва нақшаи таъмини шафоффияту самаранокии ширкатро дар пай дошта бошанд, метавонад таъсири мусбат бигузорад. Агар не, пас аҳолӣ ва ниҳодҳои тиҷоратӣ барои иштибоҳоти дигарон дар мудирияти соҳа бештар пардохт мекунанд

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгар

Хуб, бӯҳрон, ки танҳо болои мардум нест. Ҳукумат ба бӯҳрони бештар ғӯтидааст ва аз ҳар тараф роҳи наҷот меҷӯяд, ки якеаш ҳамин болобарии нархи барқ аст. Албатта ин кор на он қадар кӯмак хоҳад кард, чун "Барқи тоҷик" фасодзадатарин ниҳод ва тақрибан банкрот аст, вале ба қавле "аз хас мададе".

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”

Ҳоло маълум нест, ман дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Ҳукумат ин масъаларо мебинад.

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ

Мо шоҳид астем, ки ҳамасола нархи барқ боло бурда мешавад ва сабабаш ин аст, ки тақрибан 6 сол пеш давлати Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди ҳамасола боло бурдани нархи барқ дар кишвар қарордод баста буданд. Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани системаи энергетии кишвар ҳамасола Тоҷикистонро барои нигоҳ доштани шабакаҳои барқӣ ва таъмири дигару дигар чизҳо дар ин соҳа пул медиҳанд. Вақте қарордод имзо шуд, ин дигар як чизи муқарарӣ аст, ки бояд иҷро шавад. Бо боло бурдани нархи барқ мо шоҳид ҳастем, ки вазъи шабакаҳои энергентикии кишвар беҳтар намешавад, вале нарх боло меравад.
Мӯҳр
Дар ш. Хучанд системаи биллинги чори карда шуд.(ба монанди телефонхои мобили) Ин система дар тамоми каламрави точикистон чори карда шавад!. Ба хама барк мерасад. Каонролёрхои барк, ки аз инсоф дуранд,бартараф карда шуда, сифати барки интикоршаванда аз 210В хеч гох поен намеравад. Баъдан "Барки Точик" хам бахонаи "пули баркро аз ахоли чамъ карда натавонистем"-ро хеч гох байраки худ карда наметавонад. Пешпардохт куни талаб карда метавони!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)