Бахшҳо

Шурӯи бунёди сарбанди Нерӯгоҳи Роғун бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29 октябр дар расми бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соҳили дарёи Вахш иштирок намуд.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар ин маросим ҳамчунин аъзои ҳукумат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гуруҳ ҷавонон ҳузур доранд: “Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад”.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ таъкид намудааст, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад: “Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад: “Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳимми аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст”.

Ба гуфтаи манбаъ, Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд: “Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад. Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр моҳи декабри соли 2018 нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз мекунад. Нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад”.
Мӯҳр
шокир
Хар кас ки худро шахраванди Точикистон мешуморад, ин рузи бузург барои мо фаромушнашаванда хохад буд Рахмат ба сарвари Давлатмаон Рахмат ба хукумати давлат Рахамт ва ба хамаи он нафароне, ки дар чунин пешравихои давлатамон Точикистону Точикистониёнро дастгири менамоянд. Мардуми точик чунин мерухбонию гамхорихоро хеч гох фаромуш намекунад

Солех
Хамватанони Азиз муборак шавад... !!! Точикистон гуггулшукуфон хохад шуд мо месозем мо метавонем ! Зинда бош Пешвои миллат !!

мухлис
Худованд хамаро ба он руз расонад, ки истиклолияти энергетикиро бубинем.

Бастани сарбанди неругоҳи НБО-и Роғун ин иқдоми нек аст.

НБО-и Роғун сохта шавад. НБО-и Норак сад солаҳои дигар бе мамоният кор мекунад.

Мо бояд ҳатман неругоҳи Роғунро ба ягон мушкилиҳо ва таҳдидҳои беруна нигоҳ карда месозем

Ахсан ба Чаноби Оли ки бо як сухани неку ояндабахш кори сохтумони неругохи баркии Рогунро шуруъ кард. Зинда бод Точикистони азизу хурам.....Ба пеш!!! танхо ба пеш, барои ободонию бо хам хурам гардонидани Кишвари азизамон!!!

Вали
Рогун хастии миллат бакои давлат ва боиси аз бунбасти молияви рахо гардидани Точикистони азизамон мебошад.

Солех
Президенти мо метавонад!!! У барои мардум ва ободиву осудагии он талош мекунад. Точикистон ба пеш! Як соли дигар хам хеч гап не...

Барки аз чихати экологи тоза!!!!! Ин чи маъно дорад озодагон ???? Оё барк хам гажду ифлос мешавад аз чихати экологи??? Э тобваэээ. Ин мардуми точик хамавакт махсулоти худира аз чихати экологи тоза мегуяд. Аз барк сар карда то таппак хама тоза аст дига!!!

Devona,Як кадаме, ки боиси рохгардии устувор мешавад, Худо хохад! Офарин ба Пешвои миллат!Зихи мардуми Точикистон галабаи нур бар зулмот дур нест! Муборак бошад!

Хамаватанони азизу мехрубон икдомеи навбатии сарвари миллат, президенти ЧТ , мухтарам Эмомали Рахмон бори дигар ба хамагон нишон дод, ки гамхорихои президент барои боз хам тезтар сохтани ин иншоот мухими стратеги мебошад, ки бахри бехбуд намудани кишвар дар фасли сармои аст...... Ахсан!!!

Хамватанони азиз. Хар яки Шуморо ба ин муносибат табрику тахният гуфта ба хамаи сохтмончиёну коргарони инженерию техникии НБО Рогун барору комёбихои беназирро таманно менамоям. пешниход менамоям, ки сахмияхои НБО Рогун ба таври ихтиёри дубора хамчунон, ки соли 2010 буд ба фуруш бароварда шавад, то ки хар як шахси ватандусти кишварамон андаке бошад хам дар сохтмони азими аср иштирок дошта бошад. Ташаккури зиёд.

Дар хакикат хушию хурсандии мардуми кишвар аз наздик шудани истиклолияти комили энергетикии мамлакатамон бараъло хис карда мешавад. Албата мо хам дар ин хурсанди хамрох хастем. Хамаи пешравихо ба муттахидии мо точикон вобастаги дорад. Агар мо дар атрофи Пешвои худ муттахид бошем ва дар ин сурат ба пешравихои назаррас ноил хохем гашт. Мардуми точик аз душворихои зиндаги нахаросида, ояндаро бо чашми нек менигарад. Ояндаи дурахшон дар пеш аст, танхо ба пеш....

Мухочир Россия
Ба аблах...Баиодари аблах маьнои аз чихати экологи тоза будан дар хакикат станцяхои оби азчихати экологи тоза безабезараранстанцяхои атоми АЭС йо яАЭСстанцяхои алои ТЭС инхо хам экология вахам хатарашон зийд аст агар аз АЭС и Чернобел фахмидаги боши боки хамаи хамватанонро ба ин рузи таьрихи табрику муборакбод мегуям саломат бошед дустон.

Мухочир Россия,
Хатар !!!! Хама иншоотхои бузург як хатаре доранд агар шумо гуфтани бошед,ки стансияхои атоми хатарнок асту рогун не!!!!
Инчо барки аз чихати экологи тоза хама баркро гуфтан мумкин аст. Хох барки аз офтоб мегирифта бошад хох аз ахлоти гов!!! Барк гажд ё ифлос намешавад. Ин беакли аст,ки гуем
Барки мо тоза аст чун мо аз оби тоза мегирем баркро вале барки станцияои атомии Олмон ё Эрону Хинд ифлос аст!!!
Хеч кас гуфта наметавонад,ки фардо чи мешавад!!! Худочон нигах дорад рогуна агар як канда шавад аз хамон станцияхои атомии ба гуфти шумо ифлосу хатарнок хамхам харобаовартар аст. На танхо дар минтака балки дар чахон!!!!

Беправа
Барои экскаватор хай кардан бояд дар кучо бхони? Бовар кнен касби хубай дар расия ба кор мебиея. Абизателна мехонмш. Озодагон рахмат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)