Бахшҳо

Вокуниш ба раққосаҳои нимбараҳна дар таронаи “Кабки хушрафтор”-и Шабнам дар Олмон (ВИДЕО)

Гуруҳе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба рақси духтарони нимбараҳна ҳангоми сурудхонии Шабнами Сураё, овозхони саршиноси тоҷик дар шаҳри Ҳамбурги Олмон изҳори нороҳатӣ кардаанд.

Дар ин навор, ки аз маросими тақдими ҷоизаҳои "Daf Bama Music Awards-2016" бардошта шудааст, дида мешавад, ду раққоси нимбараҳна дар ҳавои таронаи фолклории “Кабки хушрафтор” рақс мекунанд. Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштаанд, шеваи ҳаракати раққосаҳо ва тарзи либоспӯшии онҳо ба суруд умуман мутобиқат надорад. Умед Ҷайҳонӣ, пажуҳишгари тоҷик зери ин навор дар Фейсбук навиштааст: “Дареғам меояд, ки ҳунаре чунон зебову волоро чунин пасту фурӯмояву хору зор мекунад”.

Шоир Сафо Алиназар гуфтааст, “...фарҳанги ҳазорсоларо ба дор мекашанд”. Як корбари дигар гуфта, ки агар вазири фарҳанг мебуд, фиттаи ин наворро сӯи хонандаи он ҳаво медод.

Шавқмамад Пӯлодов, овозхони маъруфи сурудҳои фолклор ҳам мегӯяд, ин гуна рақсҳо воқеъан бо суруди фолклории “Кабки хушрафтор” мутобиқат намекунад. Ӯ дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, сурудҳои мардумӣ рақси махсуси худро доранд: “Рақсҳое ки наздик ба фарҳанги хос ҳастанд”.

Пӯлодов аз як консерти Далер Назаров, овозхони номовари тоҷик дар Маскав мисол зад, ки як гуруҳи рақсии Русия пешниҳод кардааст, зери сурудҳои ӯ бирақсанд: “Далер ин пешниҳодро рад карда, гуфт рақси шумо бо сурудҳои ман ҷур намеояд. Агар лозим шавад Шавқмамад худаш рақс мекунад”.

Таронаи “Кабки хушрафтор” эҷоди Моҷон Назардодова, ҳофизи халқии Тоҷикистон буда, бар пояи матни халқӣ таҳия шудааст. Мардуми Бадахшон ин сурудро асосан ҳангоми наздик омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз дар маҳфилҳои шодиву хурсандӣ мехонданд. Ба гуфтаи Шавқмамад Пӯлодов, рақсе ҳам ки дар ҳавои он анҷом дода мешавад, баёнгари расидан ба баҳор аст.

Шабнами Сурайё бори нахуст таронаи “Кабки хушрафтор”-ро ҳамроҳ бо хонандаи маъруф -- Нобовар Чаноров ва гуруҳи “Шамс” иҷро кард, аммо дар Ҳамбург онро ба танҳоӣ мехонад. Ин навор дар шабакаи Ютуб аз замони нашр, яъне 16 ноябри соли равон то замони нашри ин хабар 29408 маротиба тамошо шудааст.

Шабнами Сурайё дар маросими имсолаи "Daf BAMA Music Awards 2016", ки моҳи август дар Олмон баргузор шуд, барандаи ҷоизаи “Мероси тиллоӣ” гардид. Дар баробари ӯ се хонандаи дигари тоҷик ҳам иштирокдори ин маросим буданд ва бо ҷоиза ба ватан баргаштанд. Ҷонибек Муродов “Беҳтарин овозхони попи Осиёи Миёна”, Валиҷон Азизов “Беҳтарин овозхони мард дар Тоҷикистон” ва Меҳрнигори Рустам “Беҳтарин овозхонҳои зан дар Тоҷикистон” эътироф шуданд.

Шабнами Сурайё дар гузашта низ чандин бор бо ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards 2016" қадр шудааст. Ӯ духтари Сурайё Қосимова, хонандаи шинохтаи таронаҳои мардумӣ ва хоҳари Фарзонаи Хуршед, яке аз сарояндаҳои попи Тоҷикистон аст.




Акс аз навори таронаи Шабнам гирифта шудааст
Мӯҳр
FArhod
Кани макомоти дахлдор кучора нигох мекунанд! Холи ягон бечора мешид вакт чаримаву чи корхое намекарданд! Айбаст наход ракси дар суруди точики бо мардуми хамин хел бефаросатхо чой дода шавад!

ыа
Ира бояд лицензияи хофизиша бекор кунанд. Мардуми точика дар тамоми дуне шарманда кард.

Ээээ Точико ЭЭЭЭ точикое икадар бахилен дилсиехен ягон чизи номакули накардай либосашам дуруст хайр ду духтар баромада ракс кардиян бад чи дар бешаи палангон аз бадтарош хаст барои чи хаматон хап кариб мехуреншон дар сахна ку бо ита ба мара бамаъне шуден. Шабнамчон бхур бгард агар таги чодар шини мегант мо хамихел бахилем якхел хамича навистагихора заношон аз вае бадтар мегардан лекин намебинан. Барои хами аз хама болотариии

Иҷа гап сари бахилӣ намера гап да паст бдани мафкураи тоҷик мерава.Нахо фарҳанги мо тоҷико ҳамихе паст боша.Вазорати фарҳанг чора андеша, агар наандеша барҳам бтан вазората.Тамоман назорат нест

Олист! Худи Шабнам хеле арзанда аст. Хайр як-ду зани нимбарахнаи олмони бадан нишон додаанд, бюад нест. Телевизион ба точики баданбини тарчума мешавад. Офарин ба Шабнам!
комунист,
,

Расул
Инак тайи ним сол аст, ки дар Олмон ба сар мебарам аз фарханги аврупои хуб
хуб бохабар хастам. Бовар кунед рафторе ки точикхо дар инчо анчом
додан ба гуфти бачахои кади куча '' да пеши инхо аврупои об мехурад''

Бобочон
Хайфи хамин суруд наход ба хамин ракосахои нимбарахна барами ин раксхояшон мане надорад

Абдулло Усмонзода
Ман дар ҳамин журналистҳо ҳайрон мешавам. Раққосаҳо бараҳна буданд ё нимбараҳна буданд, кори шумо чӣ? Намефоратон гуш накунед. Ман ки овози шабнам намефорам на гуш мекунам на тамошо. Агар худи шабнам луб луч хонад ҳам парво надорам. Ҳамин халқи мо чиба ин қадар кунҷков аст намефаҳмам.

рабеуло
чи кор дорен ба либоси дигарон??
чи кор дорен ба хунари у??
халки пасмонда - факат либосу ришу муи сар бахс мекунанд!

Шабнам фигураи ачоибот дорад... орзуи хазорон мард...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)