Бахшҳо

Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)

Мастура Илёсова, модари танҳои ду кӯдаки бемор, ки шоми 11-уми январ овозаи таҳдиди худкушияш дар Душанбе паҳн шуд, изҳор медорад, ки роҳи дигареро барои баромадан аз мушкилот наёфт.

Шоми 11-уми январ дар пайи дарёфти хабар, ки зане дар маҳаллаи Қарияи боло таҳдиди худкушӣ дорад, хабарнигори “Озодагон” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Муайян гардид, ки нафари мавриди назар Мастура Илёсова, модари ду фарзанди маъюб, ки дар гузашта ду бор қасди худкушӣ кардааст, аммо аз ҷониби табибон наҷот дода шудааст.

Илёсова, ки дар ҳуҷрае дар маҳаллаи Қарияи боло иҷоранишин аст ба хабарнигорон гуфт, баъди ҳалокати шавҳараш дар дар садама дар соли 2006 ҳамроҳи фарзандон дар кӯча монд: “Буданд вақтҳое, ки дар таҳхонаҳо зиндагӣ мекардем, нон надоштам, талабандагӣ мекардам. Ҳозир як кор ёфтам дар мактаб фаррошам. Фарзанди аввалам, ки маъюб аст дар интернати Ҳисор мебошад. Шукр шароиташ хуб. Фарзанди дигарам низ бемор ва ҳамроҳи ман саргардон аст”.

Ба гуфтаи Илёсова наздикони шавҳари марҳумаш ҳаққи мероси фарзандонашро надоданд ва мақомот ба додаш намерасанд: “Дар суд пул талаб карданд, надоштам. Ҳатто вақте кӯррӯда (апендесит)-и фарзандам кафид, то чалаамро надодам, ҷарроҳӣ накарданд”.

Ин модари танҳо афзуд баъд аз чандин талошҳояш барои беҳбудии зиндагияш, ки бенатиҷа анҷом ёфтанд, маҷбур шуд қасди худкушӣ кунад: “Як бор пешгирӣ карданд, боз ду бор дору хурдам, ки фаҳмиданду маро дар беморхона тоза карданд. Ростӣ зиндагӣ одамро маҷбур мекардааст, ки аз ҷонаш ҳам гузарад”.

Ин модари танҳо мегӯяд, ягона мақсадаш наҷоти фарзандон аз дарбадарӣ дар оянда аст: “Аз соли 2006 ба ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ариза додам ва дар навбатам. Ақаллан як сотих заминам диҳанд, ки фарзандонам дар оянда дарбадар нашаванд”.




Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)

Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)

Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Баходур
Мухтарам Озодагон намешавад ки як таткикот баред ки кадом духтур ангуштарини ин занро чирифтааст. Сохибони ин зан чаро молу мулки шавхарашро ба ин надоданд. Ё ки дигар дархостхои ин зан аз хисоби кадом мансабдор кабул нашуданд. Агар аз баъзе хабархода дасти ин занро мегирифтеду баъзе мансабдоронро ошкор мекардед ба ин гунохашон хуб мешуд.

Зикрулло
Инчишурет дардаври камар мебинам хама офок пураз фитнаву шар мебинам

Ассаламу алейкум ва рахматуллахи ва баракатуху.
Бародарон ба мо ракамхои ин модар лозим аст ё сурогаяшхам. Аз барои Аллоh кумак кунед ба ин хел модархо ин ша Аллаh шумо дар ин дунё кумак ба факирон бикунед Аллоh мушкили охиратро осон мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)