Бахшҳо

Манижаи Давлат: Ба зиндагии ман халал нарасонед...

Манижаи Давлат, хонандаи номовари тоҷик, ки чанд соли охир аз саҳна канор рафтааст, аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоста, аз навиштани ҳарфҳои носазо парҳез намуда, ӯро ба ҳоли худ бигузоранд. Зоҳиран, ин паёми Манижа ба онҳое тааллуқ дорад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавле ба вай “дарси ислом меомӯзанд”.

Манижаи Давлат дар саҳфаи Фейсбукаш аз як қиссаи шайх Пурдил, руҳонии саршиноси эронӣ дар мавриди паёми пайғомбари Ислом Муҳаммад (с) ба ҳазрати Алӣ замони фатҳи Хайбар ёд овардааст, ки амр дода, қабл аз ин ки ворид бишавед, садо бизанед, шояд мардум мусалмон бишаванд, агар нашуданд, мувозиб бошед, то пирон, кӯдакон, занҳо ва онҳое, ки дар ибодатгоҳ ҳастанд, чи масеҳӣ, чи яҳудӣ накушед. Кишоварзон ва маҳсули меҳнати онҳоро нобуд насозед, танҳо бо онҳое даргир шгавед, ки шамшер гирифта, ба шумо ҳамла мекунанд. Хонум Давлат бо овардани ин қисса таъкид сохта, ки Ислом дини адолату раҳмату бахшиш аст, на дини таҳқиру дашном: “Бӯи хун аз мусалмон намеояд, Ислом парчами сафед аст, бӯи гул аз мусалмон меояд. Хушбутарин гул гули Муҳаммадист ва хуштарин ахлок ҳам ахлоқи Муҳаммадист. Магар мусалмон метавонад одамкуш бошад? Магар мусалмон метавонад ҳақорат бикунад? Ислом дини раҳм аст, дини меӯрубонӣ аст ва мусалмон бораҳмтарин фарди дунёст, ки бо гуфтору кирдори некаш мардумони оламро шефтаи худу динаш месозад ва ҳамеша эҳсону манфиаташ бар дигарон мерасад ва аз он ҳама кардаҳояш ҳеч тақозое надорад. На ин ки мусалмон фарде аст, ки дашному суханҳои қабеҳ бизанад, махсусан занҳоро. ЭЙ МАРДОН!”

Дар идома аз онҳое, ки ба гуфтаи ӯ “пушти пардаи Ислом” таънааш мезананду дашномаш медиҳанд, суол карда, ки “аз шумо ягон хайре ба дигарон расида аст, ки имрӯз ин ҳамаро ба худатон иҷозат медиҳед? Ҳамин аст мусалмонии шумо? Ба чи ҳаққи таънаву дашном медиҳед? Ин ҳақро надоред!”

Манижа навиштааст, ки давоми солҳое, ки “азобҳои руҳӣ” дошт, касе ӯро хоҳари мусалмон гуфта, бародарвор дарашро накуфт ва аз ҳолаш бохабар нашуд: “Агар нафаре ҳам аз барои Худо гуфта кумаке кард, баъдаш гулугирам шуд ва таънасорам кард, маълум шуд, ки ун кирдорҳо аз барои Худо набуда, балки аз барои нафси бадашон буд. Пас фарқ миёни шумову ғайри шумо дар чист?! Ман ин ҳама сол ҳар вазниние, ки сарам омад ба танҳоӣ паси сар кардам ва шукр, ки Аллоҳ бо ман буд, вагарна аз шумо таънае беш надидам...Хеле диламро шикастед ва ин шикастанҳо кумакам кард, то дар зиндагӣ мани худро пайдо кунам ва ақидаи худро дошта бошам дар бобати худшиносиву Худошиносиам. Чи саҳна бароям, чи не, ин қадар ин мавзӯъро бузург кардаед шумо, ҳамчун як фарди ин ҷомеа ҳақ дорам, ки кору фаъолият дошта бошам. Бе унам зиёда аз 11-сол таҳти фишорҳои равонӣ будам, бас аст! Хаста шудам. Ба умеди саҳна набаромадан аз зиндагии оддии худам низ мондам, ин ҳама сол зиндагӣ надоштам фақат вақтро барои худ танаффус медодам. Хоҳишан ба зиндагии ман халал нарасонед”.

“Ман Алҳамдулиллоҳ, ки мусалмонам ва Худовандро Яккаву Ягона ва Офарандаи ҳар ончи ки рӯ ба ҳастӣ оварда аст, мешиносам ва Муҳаммад (с.а.в)ро расули Ӯ. Ба унвони як зан ман то имрӯз на ба шумо ва на ба касе ғайр аз шумо худамро нафурӯхтам ва Иншоллоҳ, ки нахоҳам фурӯхт. Ҳеч кас ҳақ надорад, на шумо ва на каси дигар маро таъна, туҳмат, ҳақорат ва ё маҳкум ба коре бикунад. Бародарони азиз, бозам бародаратон мегӯям хоҳарвор аз шумо хоҳиш мекунам забонатонро аз суханҳои қабех нигаҳ доред, аз дур нишаста мардуми худатонро махсусан занҳоро касе ҳам ки набошанд ин қадар ҳақорату маҳкум насозед! Агар он қадар бихоҳед, ки қарзи бандагии хеш ва салоҳияти динии хешро баҳри беҳбудии онҳо иҷро бикунед, хатоҳои онҳоро тавре бигӯед, ки ба онҳо таъсир бикунад ва агар қабул надоштанд:
Ба сияҳдил чи суд гуфтан вазъ,
Наравад мехи оханин аз санг...”

Яъне, диле, ки мисли оҳани зангзада қабат ба қабат сиёҳ шуда бошад, бо ҳеч санге бо ҳеч сухане намеравад. Суханатонро ҳайф насозед ва дар пеши дигар мардумон бо дашном кардани хоҳару модари хеш фарҳанги диниву тоҷикии худро паст накунед, ин на ба Худову на ба бандагонаш хуш намеояд. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳ ва боқӣ дар паноҳи Худованди якто бошед”,-навиштааст Манижаи Давлат.
Мӯҳр
Беном
Ин хама сатрпушиву хонашиниву намоз аз бепуливу бекори будааст да Манижа? Одаме, ки ин рохи ростро интихоб кард аз ин рох бояд нагардад. Ин дунё муваккати аст, аз Худо тарс. Шеър хондани зан дар байни мардум гунохи кабира аст. Худо туро хидоят кунад Манижабону.

Кулоби
Бо Худо бош он чизе ки худованд ба ту дадааст аз шумост дер е зуд

Дар давраш Шумо бехтарин будед имруз Шкмо кудрат надоред ва зур хам назанед

мирзо
худованд еру мададгорат бошад хохари исломиам Манижабону

банда
Боракаллох Манижа Худо имонатро мустахкам кунад

Фаришта
Рост гуфти манижа ин мардум дигар кор надоран монед зиндаги кунад охир у хам одам аст шахси мусулмон гайбатро усу гузошта аз паси зиндаги худ мебошад хушбахт бош манижа бату бурдборихо тамано дорам.

Офарин,хохари азиз,Манижабону!
Харфхоятон,сад фи сад кобили тахсинанду,дастгири!
Ман ононеро кабул надорам,ки дар паси пардаи насихат,даст ба тавхини занон,модарон ва хохарони мо мезананд. Ислом-дини фишору зури нест! Ононе,ки бо чунин роху усулхо,мехоханд ислом ва мусалмониро,миёни чомеъа рохандози бикунанд,иштибох доранд.Ин нишони камхирадии онхост!Худованд,ба дили хамагон(чи мард,ва чи зан) тавфику имонро,эхдо намояд.Худованди мехрубон,нигахбони шумо бод!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)