Бахшҳо

Кӣ куштиҳои миллиро “ҳаром” мекунад?

23-юми март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе сабқати куштии миллӣ баргузор шуд. Агар дар қисмати ниҳоӣ, ки ду паҳлавони шинохтаи кишвар Саидҷалол Саидов ва Комроншоҳ Устопириён бо ҳам рӯбарӯ шуданд, доварон ғиромбозӣ намекарданд ва як куштии ҳалолу нозанинро ба истилоҳи худи куштӣ “ҳаром” намекарданд, мешавад гуфт, ки яке аз сабҳатҳои хубтарине буд, ки дар чанд соли ахир доир гардид.

Ба иттилое, ки ҳар замон шореҳи ин сабқат Сарахон Эмомов медод, мусобиқаи дирӯз бо ҳимояти молии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор шуд ва номи расмии сабқат ҳам “Ҷоми Пойтахт” эълон гардид. Дар ин сабқат барои паҳлавоне, ки ҳарифашро дар даври якум мағлуб мекард, 300 сомонӣ, барои пирузӣ дар даври дувум 400 сомонӣ ва дар даврҳои сеюму чорум мутаносибан 500 ва 600 сомонӣ мукофот дода мешуд.

Барои паҳлавоне, ки мақоми савумро касб мекард 700 ва барои соҳиби мақоми дувум 3000 сомонӣ ҷоиза дода шуд. Барои паҳлавоне, ки мақоми аввалро касб мекард, 10 000 сомонӣ ҷоиза муқаррар шуда буд. Қабл аз оғози сабқати паҳлавонӣ дар Наврӯзгоҳ даври аввали Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир шуд. Дар оғози ин бозиҳо ҳам раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар Аҳтам Абдуллозода эълон кард, ки он бо сарпарастии раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баргузор мешавад. Рустами Эмомалӣ чанде пештар раиси Кумитаи тадорукоти ин бозиҳо интихоб шуда буд.

Баъд аз Фестивали бозиҳои варзишии миллӣ сабқати куштигирӣ дар се вазн 66, 80 ва 80+ баргузор гардид. Бояд иқрор шуд, ки сатҳи омодагӣ ва баргузор кардани ин сабқат аз солҳои пешин бисёр фарқ мекард ва доварон ҳам дар ибтидо боадолатонатар бархӯрд мекарданд. Хусусан шеваи ифтитоҳои расмии сабқат ва маросими ҷоизасупорӣ бисёр мутантан ва фарқкунанда буд. Ин кор шодиву хурсандии мухилисони бешумори куштии миллиро ба бор овард ва ҳар замоне қарсу кафкӯбии мухлисон баланд мешуд. Аммо бузургтарин арзиши ҳар маросим ва ҳар замону ҷомеае адолат ва росткорист. Агар адолат набошад ин ҳама корҳо аз намоишкорие беш нестанд. Дар вазни 66 кг Ориф Додов бисёр сарбаландонаву ҷавонмардона тамоми ҳарифони худро мағлуб карду баранда шуд. Дар ин вазн ҷойи дувум насиби Баҳодур Ҳалимов ва ҷойи севум насиби Хушқадам Хусравов гардид. Дар вазни 80 кг Беҳрӯз Хоҷазода як паҳлавони маъруфу ояндадори дигари кишвар пирӯз шуд. Ҷойҳои дувуму севуми ин вазнро Комрон Карликов ва Мисоқов сазовор шуданд. Дар ин ду вазн сабқат ҳам ҷолиб баргузор шуд ва ҳам бисёр дақиқкоронаву боадолатона баҳогузорӣ гардид.

Зоҳиран сабқати ҷолибтар ва мавриди таваҷҷуҳи мухлисон барои дарёфти Шоҳҷоизаи ин мусобиқа дар вазни 80+ баргузор гардид, ки ҷоизаи асосӣ автомошинаи “Мерседес” буд. Мутаассифона мисли солҳои пешин дар ин вазн мухлисон, ки ман ҳам яке аз онҳо будам шоҳиди ғиромбозиҳои доварон шуданд ва доварон бо ин кори худ як сабқати дурудсту нозанин ва бо низомро ба истилоҳи куштигирӣ “ҳаром” карданд.

Ғиромбозӣ дар ин вазн аз сабқати миёни Нурулло Неъматов ва Комроншоҳ Устопириён оғоз шуд. Вақте дар 4 дақиқа ҳеч кадоме аз паҳлавонон натиҷае ба даст наовард, шореҳи сабқат аз довари марказӣ ё болои гилем ва доварони кунҷӣ даъват кард, ки барои машварат гирди ҳам биёянд ва хулосаи худро пешниҳод кунанд. Доварон гирди ҳам омаданд ва баъди машварате, ки карданд боз куштиро идома доданд. Машварати доварон барои мухлисон эълон нашуд, вале тибқи қоидаҳои маъмул шояд ин машвара ҳосил шуд, ки “як дасти дигар” мегиранд ва паҳлавоне, ки аввалин шуда як усулро ба кор мебарад пирӯз ҳамон аст. Дар лаҳзаи баъди машварат аввалин шуда Нурулло Неъматов усулро истифода кард. Аммо доварон чашм ба чашми якдигар шудаву пирӯзро эълон накарданд. Доварон ин сӯй он сӯй нигоҳ карданду бидуни он ки шореҳи сабқат натиҷаеро эълон кунад як муддати кутоҳ оромӣ шуд. Мухлисон дар ин вақт бисёр ҳаёҳуй карданд, вале довар куштиро давом дод. Баъди ин Комроншоҳ Устопириён усулро истифода кард ва довар дарҳол Комроншоҳро ғолиб эълон намуд.

Ба ин тартиб сабқати ниҳоӣ миёни Кмороншоҳ Устопириён ва Саидҷалол Саидов ду паҳлавони хушном ва шинохтаи кишвар сурат гирифт. Албатта дар ин навишта ҷойи муаррифии ин ду паҳлавон нест ва касоне, ки ба куштӣ алоқаманданд, медонанд, ки ин паҳлавонон чӣ ифтихороте ба варзиши кишвар овардаанд.

Хулоса, куштии ин ду паҳлавон бидуни натиҷаи чашмгире ба поён расид. Довари болои гилем дар ин дидор Суҳроб Бозоров буд. Сад дар сад бо ноадолатии довари болои гилем ва доварони кунҷиву дар маҷмӯъ ҳайати доварон дар ин сабқат бо ғиромбозӣ Саидҷалол Саидов пирӯз эълон гардид.

Сабқат ба ин тартиб буд, ки дар лаҳзаҳои оғозин ба Комроншоҳ Устопириён довари марказӣ як огоҳӣ дод. Вале дар тамоми 5 дақиқаи дигари дидор танҳо Комроншоҳ фаъол буд. Ва дар ин дидор лаҳзаҳои бисёре буд, ки довари марказӣ бояд ба Саидҷалол огоҳӣ медод. Ба ҳисоби мо 4 мавриде буд, ки бояд довар огоҳӣ медод, вале... Баъди пирӯз эълон кардани Саидҷалол Саидов Комроншоҳ ба таври бисёр ошкоро норизоятӣ кард. Бародараш ва падараш ба назди мизи доварон омаданд ва норизоятӣ карданд. Тамоми мухлисон аз ин ноадолатии доварон дод мезаданд ва ҳаёҳӯй мекарданд. Комроншоҳ ҳамчунин ҷониби довари марказии дидор ҳам бо ишороте норизоятӣ ва ғазаби худро ошкор кард. Ҳатто ҳангоми ҷоизасупорӣ хост, ки ба минбари ҷоизасупорӣ ҳозир нашавад. Вале пеш аз ба минбар баромадан кадоме аз муттасадиёни мусобиқа ӯро маҷбуран аз таги кашаш дошта, ба минбар баровард. Ҳатто Комроншоҳ аз минбари ҷоизасупорӣ ҳам ҷониби довар бо ишороте мафҳуме ғазаб ва қаҳри худро нишон медод. Ҳамаи ин “намоиш” дар ҳузури доварон, муттасадиён ва ҳатто раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегузашту бархӯрде сурат нагирифт.

Хулоса, доварон бо ноадолатӣ аввалин Ҷоми расмии Пойтахтро ба иборае “ҳаром” карданд ва суннати ғиромбозии худро вориди ин сабқат намуданд, ки дили ҳазорон мухлиси куштии миллиро озурданд. Ҳамин гуна бархурдҳои ноадолатона ва ғиромбозиҳои ошкорои доварон боиси рушд накардани куштӣ мешавад.

Умедворем, сардовар ва ҳайати доварони мусобиқаи “Ҷоми Пойтахт – 2017” далелҳо ва ваҷҳои касбии худро ба мухлисони куштии миллӣ аз тариқи “Озодагон” пешниҳод мекунанд.

Мушоҳидагари “Озодагон”

Мӯҳр
Ин чӣ мардум аст, ки забони модарии хешро намедонанд, нисбат ба он беҳурматиро раво мебинанд. Магар "кушти"ҳам вожа аст? Мо ҳамеша "гуштин", "гуштингирӣ" мегуфтем. Забони тоҷикиро фачу каҷу бемаънӣ карданд. Ҳамин аст, ки касе забони давлатиро эҳтиром намекунад. Ҳама ба заб русӣ часпидаанд. Магар масъулин аз ин шарм намедоранд?

Инхо Бокиевхоро аз ватон бе ватан кардан имруз навбати дигар кахрамони чахон комроншох расид

ллпл
Росташа гуй аз комроншо чнд сум гирифти барои тарафдорит ё ки ????????? агар ин хел набошад хамина мон

Фарзанди дехкон
Хаминро мегуям, э ононе, ки дили ин варзишгарро дар ин сабкат шикастед, Худованд дилатонро шиканад...

Адолатчу
ЭЙ доварон адолатро дар Точикистон аз хас хам хор намудед, шарм доред, дар назди 8 миллион ахоли ин шармандаги аст... Инсони бовичдон пас аз ин амали кардааш худро ба дор меовезад, хуш ба холи хуни инсони доштаатоннеееееееее....

Холид
Намедонам аз чи сабаб бошад,бо хар гуна бахонахо, пахлавонони маъруфи точикро аз гуштин дилхунук месозанд ва ё мачбур мешаванд,ки пахлавонхо тарки ватан кунанд!даврахои шурави гуштингирони маъруф бародарон Шамс ва Камар Киромхо ,солхои наздик пахлавони маъруфи дигар Расул Бокиев ва имруз навбати Комроншохи Устопириён...


Дашном додан худаш ба фикрам то 2 сол статя дорад ва хакорат кардан ба таври умуми (публично) ба чиноятхои вазнин, ба монанди одамкуши ва нашъачалоби дохил мешавад.Ва шахсе, ки аз номи миллат баромад мекунад, ин чиноятро вазнинтар мекунад.
Шахсонеро медонем, ки дар мушкилихои сахти даврони чанги солхои 90-ум ин тараф чоннисорихо карданд барои миллат, аммо имруз бо баъзе хатохояшон бо давлатхои дигар, ки он хам барои миллат буд, дар кунчи зиндонанд. Ё ин адолат факат барои мардуми "нозуктабиат" вучуд дорад? Шумо журналист шуда, чаро адолатро намегуед, ба масъалахои кучак даст мезанед.
Хохиш мекунам, бо ин тарзи фахмиш ва дарк ба довароне, ки умре хизмат кардаанд ва тамоми нозукихои спортро медонанд, тахкир накунед. Ин хам бояд статя дошта бошад.

Назир
Бо ин харомбозихои доварон гуштин ба кушти табдил шуд

Ҳоҷӣ
Навруз,
Муроҷиат кардем, аамо ин маънои онро надорад.ки калимаи ҳазмшудаи гӯшти ё гуштинро шум "кушти" кунед! Э забонро куштед ку, забондонҳо!

Хукукшинос
Назир,
Эй бесаводи манкурт! дахон дорам гуфта хар сафсатае ки ба дахони ифлосат меояд гуфтан мегири? Боз Озодагон сафсатаи ин беморро руи сахифа меорад. Дар кучо хонди, ки тахкиру хакорат 2 сол "статья" дораду, бо нашъафурушиву одамкуши баробар аст? Намедонам бихандам ё бигирям ба холи шумо бесаводон. Тахдиди куштан агар вокеи бошад дар хакикат мучозоти махрумият аз озоди дорад на хакорату дашном. Хакорату дашном танхо чаримаи ночизе дорад ва он хам агар он тахкир аз тарафи экспертхо исбот карда шавад. Комрон хеле кори дуруст кард ва чавоби тахкирро дод. Комрон точики кухистонист ва албатта мувафаккиятхои Комрон ба нимточиконе, ки холо сари кудратанд намефорад. Озодагон агар дар хакикат озодиву тахкирхо нисбати Комронро руи сахифа меори ин суханхои маро низ бе кайчи руи сахифа ор. Ба хасадхурону нимточикон гуфтаниам, ки шумову он довар бо нохуни Комрон баробар шуда наметавонед. Зеро Комрон дар намуди варзише кахрамон аст, ки рейтингаш аз сангпартои садхо маротиба баланд аст. Ва кахрамони дар ин чодаи варзиш, ки ракобати сахт дорад, ин як дастоварди бузургест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)