Бахшҳо

Феҳрасти комили аъзои нави Академия: Аз Нуриддин Саид то Яқубов

Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳоро эълон кард.

Тибқи иттилоияи Академия, ки дастраси “Озодагон” шуд, унвони академикӣ ба Муминов Ҳикмат Ҳалимович, аз рӯи ихтисоси физика, Раҳмонов Зарулло Ҳусейнович аз математика ва ба Яқубов Юсуфшо аз рӯи ихтисоси таърих дода шуд.

Манбаъ номи аъзои нави вобастаи Академияи илмҳо ва ихтисосашонро ба тартиби зерин эълон кард: Абдуламонов Қозимамад –генетика, Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич-физикаи назариявӣ, Бадалов Абдулхайр-химияи ғайриорганикӣ, Бобоев Тошбой-физикаи ҳолатҳои конденсӣ, Гулов Саидалӣ Маъмурович-растанипарварӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин- Ботаника ва экология, Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода – Шарқшиносӣ, Идиев Хайридин Усмонович - Фалсафаи иҷтимоӣ, Исҳоқов Сулаймон Абунасрович-Математика, Кобулиев Зайнолобуддин Валиевич-Экологияи муҳити зист, Кўчаров Аламхон – Адабиётшиносӣ, Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна-Астрономия, Мадвалиев Умархон- Физикаи таҷрибавӣ, Мансури Дилрабо-Мошинсозӣ, Муҳаммад Абдураҳмон Наврўз-Сиёсатшиносӣ, Муҳаммадалӣ Музаффар-Антропологияи фалсафӣ, Назарзода Сайфиддин-Забоншиносӣ, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин-Ҳуқуқшиносӣ, Пирумшоев Ҳайдаршо-Таърих, Раҳимзода Маҳмад Забир – Ҳуқуқшиносӣ, Раҳимов Исматулло-Химияи дорусозӣ, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло-Забоншиносӣ, Саид Нуриддин Саид-Антропологияи фалсафӣ, Саидмуродов Лютфилло Ҳабибуллоевич-Иқтисодиёт, Саидов Абдусаттор Самадович-Зоология, Салиҳов Тағоймурод Хаитович-Физикаи назариявӣ, Султонов Мирзоҳасан Баротович-Забоншиносӣ, Табарӣ Абдулло Ҳабибулло-Математика, Туйчиев Шарофиддин-Физикаи ҳолатҳои конденсӣ, Ҷумъаев Бахшулло Боқиевич-Физиология ва биохимияи растаниҳо, Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб-Таърих, Шарифов Худоӣ-Адабиётшиносӣ, Ятимов Саймумин Сатторович-сиёсатшиносӣ.

Дар феҳрасти аъзои нави Академияи улум, Нуриддин Саид, вазири маориф, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президент ва Раҳимзода Маҳмад Забир, сардори Маркази қонунгузории назди раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар мавриди гирифтани унвонҳои илмӣ аз ҷониби мансабдорон гуфт, ниҳодаш ҳақ надорад, ҳаққи мансабдорони давлатиро барои пешниҳоди номзадӣ ба узвияти Академияи улум маҳдуд кунад.

Ӯ иддао ва матолибро, ки гӯиё мансабгароӣ дар Академияи улум хеле густурда аст ва унвонҳои илмӣ зиёд ба мансабдорони давлатӣ дода мешаванд, рад кард. Президенти Академия гуфт, аз 108 довталаби узвият дар Академияи улум ҳамагӣ 4 нафар дар мансабҳои давлатӣ фаъолият доранд: “Ҳамаи онҳо олимонанд, кори тадқиқотӣ доранд, дастовардҳои илмӣ доранд, дар донишгоҳҳо дарс медиҳанд, дар соҳаи худашон муваффақанд”.
Мӯҳр
Paymon
Беном,
Nisfi RT sharkshinosu filolog...az uno yagon foida nashuda mond gued de.Ba зоологу экологу ботаникu fyzik hamesha ehtijoj hast

Барои чи Парвона Чамшед нагузашт?. Чаро Бахриддин Камолиддин нагузашт? Забоншиносоне, ки ба узвият кабул шуданд, аз эшон чи бартари доранд?.

Усмон
Абдунабӣ Сатторзода мавқеи устувор надорад. Худро гоҳ сиёсатмадор, гоҳ сиёсатшинос ва гоҳ адабиётшинос муаррифӣ мекунад. Донишманд ва адабиётшиноси ҳақиқи Худоӣ Шарифзода ҳастанд, ки ба ғайр аз адабиётшиносӣ ва тарбияи кадрҳои илмию омӯзгорӣ кори дигаре надоранд. Зиёда аз 45 номзаду доктори илмро рлҳбарӣ намудааст.

Абдунаби Сатторзода аз чихати дониш аз Худои Шариф даххо зина болотар мебошанд. Ин нафар олими сатхи байналмилали хам сиесатшинос хам адабиетшинос... Абдучаббор Рахмонзода ва Носирчон Салимов шогирдони эшон


Каримзода Махмадкул Бобо номзади арзанда буд аммо овоз надоданд,ки узви вобастаи АИ ЧТ шавад. Доктори илмхои киме. Дар филология доктор шудан 2x2 аммо да химияву математика душвор

Барои чи Сулаймон Исхоков дар Русия кору фаъолият мекунад аммо узви вобастаи АИ ЧТ Точикистон шудааст?

Каримзода Махмадкул Бобо барои узвият шидан бояд 5сол захмат бкаша

А.Сатторзода бори сеюм аст,ки пешниход мекунанд аммо намегузаранд. Сабаб дар чист ва чаро ин олими кухансолу пуркор ба узвияти Академияи улум пазируфта намешаванд инро хар шахс хар гуна фикр мекунад аммо ман бар он акидаам,ки дар даврахои баъди хоханд гузашт.

Саидмуродов Лутфилло унвон муборак! Иншооллох ба мисли падаратон академик хам мешавед. Офарин

Усмон
Сатторзодаву Мамадқулро бояд узви АИ ҶТ мекарданд ва АИ ҶТ-ро АИ Панҷакент ном мегузоштанд.

Озодагон Барои чи шархи маро бо дигар шарххо якчоя кардед?

Юсуфшо Якубов унвон муборак аммо аз тавсифи дини зардушт худдори кунед

Усмон
Дар Озодагон ноозодагон кор мекунанд мӣ?
Чаро шарҳи навиштаи маро ба пуррагӣ чоп накардед?

Хаминхоба Хукумат мохона чанд сум медода боша?

Саймумин Ятимов унвон муборак! Шумо барои амнияти мо сокинон сахми бузург доред.

Мухтарам Абдучаббор Рахмонзода! бояд дар АИ поккори сурат гирифта тасодуфихо ихроч карда шаванд.

Афсус афсус,ки баъзе андешахо нашр намешаванд!

Рости аз хабаргузории Озодагон хам дилам монд! Тули 10 соласт, ки хам бо хафтаномаи Озодагон хам бо хабаргузории Озодагон хастам! Хамавакт хам хафтанома ва хам хабаргузориашро мутолиа мекардам. Сад афсус, ки на хама бахсхоро нашр мекунад! Намедонам ба ин хабаргузори чи шуда бошад, ки бахсхоро нашр намекунад. Аз ин хабаргузори ин хел умед надоштам. Дилам монд тамом дигар намехонамаш. Хабаргузории фач ва ланч ва фалач шуда истодааст вактхои охир. Бахсхои пулакиро нашр мекунаду бахсхои бепулро на. Хабаргузориии одамони болои аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)