Бахшҳо

Ахлоқ ва фарҳанги Муҳаммад (с) арабию аҷамӣ нест

“Ва (Эй Муҳаммад) туро ҷуз раҳмат барои ҷаҳониён нафиристодем”
Анбиё: 107
Бузургтарин мутафакирону донишмандон ва нобиғаҳои ҷаҳон новобаста ба бовару ақидаашон ахлоқ ва фарҳанги Муҳаммад (с)-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро намунаи барҷастаи як инсони комил шуморидаанд. Ин омӯзишҳо ҳанӯз ҳам идома дораду хоҳад дошт. То кунун ҳеч айбҷӯӣ аз Муҳаммад (с) илман ва маънаван исбот накарда, ки пайравӣ аз ахлоқ ва рафтори Ӯ ба зарари инсон ва ҷомеа мебошад. Табиист, гуруҳи кӯчаке аз инсонҳо ё бо ном донишмандон ҳарфу ҳиҷое бо кинаву кудурат ва ё рашку ҳасодат гуфтанду мегӯянд ва бо гузашти замоне ё аз андешаи худ рӯй мегардонанд ё онро партовхонаи таърих бо худ фурӯ мебарад.

Мактаб ва равиши Муҳаммад (с) чи дар гузашта ва чи имрӯз ҳамтое надорад ва оливу ҷовидона мебошад. Ин мактаб аз хурдану нушидан, пӯшидану хуфтан, иқтисод, фарҳанг, сиёсат, ҷамъият, хулоса тамоми муносибатҳои инсониро дар доираи ахлоқу одоби олӣ пешниҳоди башарият мекунад ва дар он ҳеҷ камию каҷие вуҷуд надорад. Роҳ ва равиши Муҳаммад (с) рост ва дуруст мебошад.

“Чаро аз фарҳанги як араб пайравӣ мекунед?”, “ Аз бобову аҷдодатон шарм намекунед, ки аз як араб пайравӣ мекунед!?”, “Ҳарчи ки ӯ овард барои мо бегона аст”... Мутаассифона дар ҷомеаи мусалмонишини Тоҷик имрӯз гуруҳе пайдо шудаанд, ки бо чунин тарзи суолгузорию шиорпартоӣ худ ва ҷомеаро сӯи гумроҳӣ мебаранд. Манзурашон аз як араб Муҳаммад (с) аст. Дар бештари маврид нашармида, ҳатто ба номи Ӯ ҳам ишора мекунанд ва ошкоро мегӯянд, ки Муҳаммад (с) як арабе беш нест. Худоё паноҳ!

Аҷиб он аст, ки ин тоифа худро мусалмон мешуморанд ва ҳамин гуна гуруҳҳо дар ҷаҳони Ислом ҳастанд, ки мехоҳанд мадрак ва маслаки худро танҳо аз Қуръон бигиранд ва ба Муҳаммад (с) мегӯянд, вазифааш анҷом шудааст. Роҳи Ӯ ва пайравӣ аз суннат (роҳ ва равиши Расулаллоҳ)-ро бегонапарастӣ ва арабгароӣ мешуморанд. Ин тоифа ё барқасдона ин корро мекунанд ё дар воқеъ намедонанд, ки ахлоқ ва рафтору кирдори Муҳаммад (с) тибқи Қуръон буда, заррае аз он берун нест.

Таърихи инсоният бо далелҳои муҳкам ва қатъӣ шаҳодат медиҳад, ки ин мактаб дар бистари худ ҳазорон шахсиятҳои ҷаҳониро парвариш кардаву ба башарият ҳадя намудааст. Ва онҳо бо тору пудашон барои инсоният хидматҳои мондагор ва шоистае анҷом додаанд ва ҳанӯз ҳам ин суннати нек идома дорад. Ҷаҳон билохира ба ин натиҷа мерасад, ки саодату наҷот дар ахлоқ ва роҳи Муҳаммад (с) мебошад.

Фарҳанг ва ахлоқи Муҳаммад арабию аҷамӣ ё ғарбию шарқӣ нест. Он башарӣ ва ҷовидона аст. Он ахлоқ ва фарҳанг ба ҳеч гуруҳу қавму қабоил ё миллате хос нест. Он созгор ба ҳама халқ ва миллатҳои ҷаҳон буда, ҳар миллате, ки аз он пайравӣ мекунад ва онро гиромӣ медорад, дар ду ҷаҳон бузургу сарбаланд ва саодатманду хушбахт мешавад. Муҳаммад (с) мутаалиқ ба арабҳо набуда, балки ба сӯи инсоният фиристода шудааст, ӯ орӣ аз ҳар гуна қавмгароиву милатгароист.

Худованд (ҷ) дар китоби муқадаси Қуръон ахлоқи Муҳаммад (с)-ро ахлоқи бузург ва худашро раҳмату раҳнамо барои башарият эълон кардааст ва ин гуфтаи Офаридгор то рӯзи охират бе тағйир боқӣ мемонад. Ва ҳарки аз Муҳаммад (с) пайравӣ накунад, динаш комил нест. Ва чизе аз ингуна инсонҳо назди Худо пазируфтанӣ нест.

Аллоҳ (ҷ) дар Қуръони карим фармудааст: “Ҳар ки пайғамбарро фармонбардорӣ кунад, пас ҳамоно Худоро фармонбардорӣ кардааст ва ҳар ки Ӯро нофармонӣ кунад, пас Худоро нофармонӣ кардааст”.
Нисо: 80

Далер ШАРИФОВ

Мӯҳр
Ррр,
Мӯҳтарам, ҷавобатон қонеъкунанда нест. Ин баҳонае беш нест, ки Ал Бағдодӣ ва Толибон "мусалмон нестанд". Онҳо хело ҳам мусалмонанд ва исломиёни радикаланд (ифротӣ). Мақсади онҳо, бо ҳар роҳе ки бошад, оламиёнро мусулмон кардан аст, ҳатто бо роҳи қатлу куштор, ки нисбат ба насрониён ва эзидон аллакай карданд. Агар онҳр "мусалмон намебуданд", магар ба даъвати онҳо аз тамоми гӯшаю канори дунё пайравонашон рафта, худро ба чаҳлаки ҷанг меандохтанд? Аз он ҷумла мусалмонони Тоҷикистон, ки шумораашон қариб ба ҳазор нафар мерасад.

муслим
Саломат бошед дусти Худо , Далер!

Юсуф,
Юсуф ту намедонӣ ки дини ислом ва таълимоти раёмбар (с) ҳеҷ айбе надорад ҳар айбе,ки ҳаст аз мусалмонии ҳамон гуруҳи ифротиён мебошад. Далелҳои ин гуда зиёд аст зоҳир тарини он таърихро бо инсофона ва бе ғараз хуб мутолиа кун.

Озод
Хазрати Мухаммад дар баробари пайгамбар буданаш сиёсатмадори хуб хам буд. У кабилахои парокандаи арабхои бодиянишинро мутахид карда давлат сохт ва исломро идеологияи ин давлат кард, яъне барои ташкил кардани империяи араби-хилофат асос гузошт. Арабхоро сохиби миллат, дин ва давлат кард.
Аз ибтидо максади у исломро берун аз арабистон пахн кардан буд. Биноан аввал тавре ки маълум аст, у Байтул мукаддасро киблаи мусулмонон эълон кард. Аммо хокимони Макка дар пеши у шарт гузоштанд, ки агар у Каъбаро кибла ва маркази ислом эълон кунад. онхо исломро кабул мекунанд. Хокимони Макка, ки дар вакти бутхона будани Каъба аз он даромади калон мегирифтанд, хуб медонистанд,ки дин на танхо эътикод аст, балки даромади хуб хам медихад. Хазрати Мухаммад пешниходи онхоро кабул кард. Шохони арабистони Сауди аз хисоби зоирини Каъба хар сол зиёда аз 100 миллион даромади соф мегиранд.

тошболта
..."дар хароботи мугон, нури Худо мебинам"

Хаким
Мухаммад (с) бехтарини ахлокро доштанд.Коинот ба хотири У офарида шудааст.

мардон
худо ерат бод додар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)