Бахшҳо
10 авг 2017 09:57Тоҷикистон / Сиёсат

Эрон дар бораи филми ВКД: Муаллифон ба ҳадафашон намерасанд...(ВИДЕО)

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ, филми ВКД-ро бепоя ва таассуфовар хондааст. Дар ин филм, ки шоми 8-уми август, тариқи шабакаҳои давлатии телевизион пахш гардид, Эрон аз сармоягузорони терроризм ва қатли чеҳраҳои шинохтаи тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта, муаррифӣ шудааст. Сафорати Эрон мегӯяд, ин тафриқаандозӣ ба манфиати миллатҳо набуда, баёнгари он аст, ки бархе гуруҳҳо намехоҳанд муносиботи Тоҷикистону Эрон хуб шаванд.

Сафорати Эрон дар изҳороти расмӣ баён доштааст, ки иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ҳатман наметавонад эътиборе дошта бошад: “Шаке нест, ки таҳиякунандагони ин филм муваффақ ба хароб кардани пайвандҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва дӯстии таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон нахоҳанд шуд”.

Сафорат гуфтааст, ҳофизаи таърихии миллати шарифи Тоҷикистон хуб ба ёд дорад ва фаромуш нахоҳад кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз бунёдгузорон ва тазминкунандагони аслии сулҳи Тоҷикистон ва мизбони музокироти тарафҳои даргир чӣ нақши созандае дар ҷиҳати поён додан ба ҷанги дохилии ин кишвар дар даҳаи навади мелодӣ ифо намуд.

Сафорат аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ёдовар шуда, афзудааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон пешгоми сохтани иншооти зербиноӣ, монанди тунели стратегии Истиқлол (Анзоб) ва неругоҳи Сангтӯда-2 ва бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон буда ва ироаи хадамоти тиббиву беҳдоштӣ тавассути Ҳилоли Аҳмар ва имдодрасонӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва бесарпараст ё бадсарпарасти тоҷик тавассути Кумитаи имдоди Эмом Хумайнӣ (рҳ), эҷоди марказҳои варзишӣ, таъмири биноҳои таърихӣ, омӯзиши ҷавонони тоҷик дар марказҳои донишгоҳӣ, кумак ба марказҳои илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон, таъсис ва таҷҳизи даҳҳо маркази омӯзиши фаннӣ ва касбӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва садҳо иқдом аз ин навъ аз дигар иқдомоти Эрон буда, ки мафҳуме ҷуз кумак ба таҳкими суботу тавсеа ва кумак ба ҳифзи истиқлол ва амнияти пойдори Тоҷкистон ва мустаҳкам шудани пояҳои давлати он надорад.

Дар идомаи изҳорот сафорат муборизаи Эрон бо терроризмро барои ҳамагон ошкор хонда гуфтааст, ки Эрон худ аз аввалин ва бузургтарин қурбониёни терроризм аст: “Амалкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаҳои майдонии мубориза бо терроризм чун офтоб барои ҳамаи ҷаҳониён ошкор аст”.

Сафорати Эрон дар поёни изҳороташ гуфтааст, “пахши ин қабил филмҳои ғаразнок, баъд аз сафари ахири вазири энергетика ва захираҳои об ва раиси тоҷикиии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба Теҳрон, барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба намояндагӣ аз Президенти муҳтарами Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки баъзе гароишот ва доираҳо таҳаммули одӣ шудани робитаҳо ва тақвияти дӯстӣ байни ду кишварро надоранд”.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки иқдомоти тафриқаандозона дар чорчӯби хост ва манфиатҳои ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносибатҳои бародаронаи Эрон ва Тоҷикистони ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро таҳаммул намекунанд”.

Филми ВКД дар бораи қатли Кенҷаев, Латифӣ... ва ҲНИТ-у Эрон:


Мӯҳр
Кулоби
Котили Сангак Сафаровро хам муайян кунед.

доноиш

Нагз медонем кихо Кенчаевро аз байн бурдаанд.

Кулов
Котили Сангак Сафаровро хам муайян кунед.
Каме дигар инхоро шиканча мекарданд, сангакам ьа гардан мегирифтанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)