Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Нуриддин Раҳмон, бародари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 7 -уми октябр бар асари сактаи дил дар синни 67-солагӣ даргузашт.
Ҳукумат бо пахши як изҳорот ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад”.
Нуриддин Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Раҳмонҷон»-ро ба уҳда дошт. Ӯ солҳои охир бознишаста буда, гуфта мешуд, ки аз бемории қанд низ азият мекашидааст.
Маросими видоъ бо Нуриддин Раҳмонов дар зодгоҳаш баргузор мегардад. Навори суҳбати Эмомалӣ ва Нуриддин Раҳмон дар бораи марги бародари калонӣ ва зиндагии оилаашон:
Мӯҳр