Бахшҳо
06 мар 2014 13:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Комил Бекзода: “Дар боби инкори Худо дигар баҳс карданӣ нестам”

Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадаф аз таълифи "Ҷаҳонбинии оянда", ки ҳоло бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шудааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад.

Бекзода рӯзи 6 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “бархе аз дӯстон ба хотири муҷодала бо ман, мавзӯъҳои "Ҷаҳонбинии оянда"-ро ба баҳс кашидаанд, ки дигар дар ин мавзӯъ бо касе суҳбат карданӣ нестам”.

Комил Бекзода мегӯяд, ин мақолаи онҳо ҳеч гуна китоби илмӣ, баҳсӣ ва идеологию фалсафӣ нест: “Ба хотири хотима ёфтани ин баҳси хасакӣ аз ин ба баъд дар ин мавзӯъ бо касе муҷодала намекунам ва ҳар кас бо мо баҳс мекунад, китобҳои зиёд дорем, марҳамат!”

Ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо мегӯяд, мақолаи "Ҷаҳонбинии оянда" маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шуда, мавриди мазаммати бархеҳо қарор гирифта буд: “Вақте мо маҳфили Ҷаҳони андешаро ташкил кардем, баъдан баъзеҳо гуфтанд, ин маҳфил нест, чойхонаи Бекзода мебошад. Мо тасмим гирифтем, барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо дар шакли хулоса мақолаеро ба нашр расонда, ҷомеаро огоҳ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чӣ кор кардем.”

Оқои Бекзода дар мавриди ҷой доштани бобе дар бораи инкори вуҷуди Худованд дар “Ҷаҳони андеша” гуфт, албатта онҳо мавзӯъеро дар ин бора дар мақола ҷой додаанд, ки аз ҳама муфассалтарин қисмати он маҳсуб мешавад. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ҷомеа ин қисми мақолаи онҳо каме дигар матраҳ шудааст: “Масъалаи ҷавҳарӣ ин аст, ки мушкили асосии инсоният ба назари Ҷаҳони андеша вуҷуди марг ва мурдани инсонҳост. Ҳамаи динҳо ҳам кафолат медиҳанд, ки гӯиё пайғамбарону Худоҳояшон инсонро пас аз мурдан зинда карда, ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшанд. Мо дар асоси китобҳои илмии ҳозираи ҷаҳони Шарқ гуфтем, илми имрӯза алакай роҳу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад. Он вазифае, ки динҳо назди худ гузоштаанд, илми имрӯза алакай инро иҷро карда метавонад. Барои ин андешаро гуфтан, агар дар бораи Худо гап назанӣ, намешавад. Дигар мо чизе дар бораи Худо нагуфтаему мақомашро муҳтарамона аз нигоҳи таърихӣ ба қалам кашидаем.”

“Ҷаҳонбинии оянда” дар шакли китобчаи иборат аз 40-саҳифаӣ моҳи июли соли 2013 бо теъдоди 100 нусха дар нашриёти «Кайҳон»-и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Абдугафор
Хайфи ту барин файласуф!Мавлоно, Аттор,Сино Саъди ,Хофиз ва дигару дигархо чени ту файласуф набуданд? .Хатто дар хамон Шарку Гарби мегуфтагиат Франсия Германия Мардум ру ба ислому худопарасти овардаанд,Хато Хукукматдорони ин мамлакатхо дар ташвиш афтода чунин гапхои ночо намезанан.Охир ту аз модари мусалмон ба дунё омадигисти. Бахрнаварди машхур Кусто дар охири умраш ру ба якахудои оварда Исломро кабул кар.Ту боши мегуйи ки ин як бахси илмист.Нагуй !!!! хозирам бошад тоба карда эмон биёр вагарна аз дунё кофир мрави.

Акнун дар Кучо хастанд масулини Кумитаи дин ки хангоми бастани масчидхо ва барои эчоди замина ба тухмат кардани мусалмонон ба хотири ба махама кашидан , ки аз ин конунхои зерин истифода мекарданд. Шояд ягон нафаре , ки хадди акал ба вучуди Худованд бовар дошта , дар Кумитаи дин ёфт шавад ва ин хам ки набошад акаллан ба Конунхои Давлат аз ончумла озодии вичдон ва иттиходияхои дини эхтиром мегузошта бошад , хулоса нафаре Хох Раиси Кумита хаст ва ё хох масулин вобата ба озодии вичдон агар вичдони (албатта аз вичдони мусалмони мо харф намезанем ) шахрвандии Точикистони азазро дошта бошанд ба ин саволхо чавоб мегуянд.
Чаро ин конунхо дар ин маврид истифода намешавад ва Кумиитаи дин бар дахони худ мухри сукут задаст?!.
1. Моддаи 4. «Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин»
6. Даъват ба ҳар гуна бартариҳо ва маҳдудиятҳо дар муносибат ба дин ва эътиқод роҳ дода намешавад.??????????????????????????????????
8. Барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад. ????????????????????????????????????????
боби 2.
- барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад.??????????????????????????????????????????
Оё ин китоби «олимон» аз ташхиси давлатии диншиносии Кумита гузаштааст? Агар гуянд ки ин китоби дини нест пас хатост чароки дар моддаи зерин ин шарх дода шудааст «маводи дорои таъиноти динӣ танҳо баъди гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ анҷом дода мешавад.».?????????????????????????????????
Моддаи 17. Ташхиси давлатии диншиносӣ??????????????????????????????????
Ташхиси давлатии диншиносӣ аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор (яъне Кумитаи дин) бо мақсади муайян намудани хусусиятҳои эътиқоди динии иттиҳодияҳои динӣ, дурустии маълумот оид ба таълимоти динӣ ва амалияи парастишии онҳо, инчунин таҳлили мўҳтавои адабиёт ва маводи таъиноти динӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 22. Адабиёти динӣ ва ашёи таъиноти динӣ
3. Истеҳсол, содир, ворид, фурўш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъиноти динӣ танҳо баъди гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ анҷом дода мешавад.
Дар Хулоса ба Раиси Кумитаи дин Холиков, ва масулини доир ба озодии вичдон бошад ва ё намедонам иттиходияхои дини гуфтаниям ки дигар аз суханпардозихои зиёд ба хошия рафта дар паи татбики конунхоим мазкур гардед . Ва нихоятан як саволи ба масулин Агар хамин мавзеъгиририро ягон шхси Рухони нисбат ба бе Худоён «Атеистхо ва ё насрони ва ё яхуди мегуфт ва ё ягон китобе нашр мекард Шумо Хомуш менишастед»? чавоб аллакай 90 фоиз маълум хатман ё ба махкама кашида мешуданд ва ё чаримаи гарданшикан. Намешавад , ки як конунро ба манфиати худ истифода кунед ва бокиро сарфи назар намоед.

Худошинос
Ин шурои уламо мукарам кучоя дидос ба чои ихтилоф андози бо ин худобехабар бахс мекард

офарин
офарин бекзода. мукобили чараён шино кардан ин мардонагист. барои ин чохилон дин як муд шудааст.

Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон
Худованд дар сураи Мулк мегуяд,Худованд зотест ,ки халк кард мурдану зинда гардониданро то ин ки бифахмад кадоми шумо бехтаред аз руи амал,,,ва гуфтаниям касеро ки хидоят кунад хеч кас уро гумрох карда наметонад ва касерои гумрох кунад хеч кас уро хидоят карда наметонад

Карим
Мухтарам Бехзода, ба гапхои ин чохилон ахамият надихед. мавкеи Худро донед! шумо аз инхо фарсаххо болоед.

МАРДИКОР
худовад дар курони азимушшаьн гуфтааст агар шумойон инсонхо ва чинхо барои сохтани як каноти пашша чамъ шавед харгиз сохта наметавонед ту исботкун ки кадом олими чахон хамин каноти пашшаро сохтаасТ...

Инро мегуяд, марди ориёи аз хама хурофот орист. Устод Комили ин нафархо аксаран чавонони камсаводанд, ки шархои зидду накиз менависанд. Дар бораи кушоиши рози марг дар андешаи инсонхо ва рахоиши онхо тарси фано шудан вокеан хам кори сутург хаст. Вале ба фикри банда агар ин тарсро аз мардуми омм бигирем дунё ба хароби руйи хохад овард. Пас бигзор битарсанду биларзанд аз окибат ва китоби "Манзараи марг"-ро бихонанд ва хамчун рамаи гусфандон зери зарбу лати шубонон ва сагхояшон бизиянд.

Ба номи Худованди бахшояндаву мехрубон,аммо баыд: Мо имруз чомеае дорем, ки хам аз дин ва хам аз илм фарсаххо дур мондаанд. Ба чои ин гуна суханхои фиску фасод ягон чизе ихтиро кунем то дигарон дар хаете, ки бахрашон як бор аст истифода кунанд. Хеч илме ягон мурдаро зинда нагардонидааст, ки илми пучи точик, ки хатто як тачхизоти одди насохтааст, мурдаро зинда гардонад.Ин танхо кудрати Оллохи ягона аст.

Дуруд бар ҳамаи касоне бод, ки андешаи худро ин ҷо навиштаанд!
Мехостам ду нуктаро таъкид кунам.
1. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҷое дар "Маснавӣ" гуфтааст:
Муъмин он бошад, ки дар ҳар ҷазру мад
Кофир аз имони вай ҳасрат барад.
Ба ростӣ, аз ин назаргоҳ ҳеч кадоми шуморо мусалмон наёфтам, ба имони ҳеч кадоме аз шумо ҳасрат набурдам. Дар ҳар суханатон таҳқири устод Бекзода, аз ҳар суханатон бӯйи бадбинӣ меояд. Бекзода андешаи худро дар бораи Худо баён кардааст. Ин андешаи ӯст ва дар баёни андеша касеро таҳқир накардааст. Пас, чаро шумо ӯро таҳқир мекунед? Ҳама даст ба сина мезанед, ки ба Худо бовар доред, мусалмон ҳастед. Магар ҳамин дашномҳоятон, ҳамин таҳқир карданатон худошиносӣ ва мусалмонист? Оё медонед, ки Худоро шинохтан ва мусалмон будан, яъне чӣ? Мусалмон будан танҳо бовар доштан ба Худо ва панҷ бор сар ба замин задан нест. Мусалмон будан ин аст, ки ба ҳар инсон, сарфи назар аз дину мазҳабаш, сарфи назар аз андешаву бовараш бо дидаи эҳтиром бингарӣ, ба ӯ бо муҳаббат сухан гӯйӣ, ки дили ҳар инсон хонаи Худост. Бародарони азиз! Ин рафтори шумо дар чаҳорчӯби ҳеч мусалмонӣ намегунҷад. Ба бовари Бекзода Кумитаи дин ва муфтиёт чаро бояд дахолат кунад? Бовар кардан ё накардан ба Худо кори шахсии ҳар кас аст. Дахолат кардан ба бовари касе хоси ҷомеаҳои ақибуфтода аст.
2. Бекзода донишманд аст, ки чун ӯ дар Тоҷикистон кам аст. Пеш аз он ки ба бадгӯйии Бекзода бароед, аввал китоб хонед, аз пешрафтҳои илми имрӯз бохабар шавед, дар сояи нодонии асрҳои миёна хоб наравед. Бародарон, як бор аз ҳамин Интернет дар бораи геноинженерия, клоникунӣ, физикаи квантӣ доир ба ҷаҳонҳои ҳамзамон (паралел) ва бемаргии инсон, голографӣ будани ҷаҳон, дастовардҳои нанотехнология саҳифаеро пайдо карда хонед. Агар ба ин дастовардҳо бовар накунед (қабул карда натавонед), беҳтараш хомӯш биншинед, ба таънаи бузургон даст назанед. Бовар кунед бародарон, ҳар бадгӯйии шумо на ба Бекзода мерасад, на ба каси дигар, балки ба худатон бармегардад (ин қонуни ҷаҳони офариниш аст). Чашм боз кунед, хатои пешиниёнро такрор накунед, ки Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Хайём, Ҳофизу Мавлоно Румӣ ва садҳо бузургони дигарро кофир эълон кардаву сарашонро ба бод додем. Ба қадри бузургон бояд расид. Андешаи ҳар кас назди худи ӯст. Ин андешаи Бекзода сайре дар таърих ва натиҷагирист.
Боқӣ шумо донед, агар ба Худоятон имон доред.

Ба хамаи точикон хамдардии худро барои аз ин чомеа боромадани чунин як худобехабар баён мекунам. Баъдан барои тасаллии дили онхо мехохам як бори дигар маколи халкии "Саг мачакаду корвон меравад" - ро хотиррасон кунам. Шахсан ман аз чунин шахсон хеч тарсе надорам. Зеро Мавлоно Чалолиддини Руми дар як байти худ гуфтааст:

Хар ки бар шамъи Худо орад пуфу,
Шамъ кай мирад, бисузад пузи у.

Сухани дигаре низ хаст, ки мегуянд: "Бо гуфти курмуш борон намеборад". Вале ман дар чизи дигар хайронам, ки чаро олимони мо китобхои таълими бароварда наметавонанд? Чаро барои нашри китобхои илми маблаг ёфт намешавад? Вале барои нашри чунин китобхо хамеша маблаггузорон пайдо мешаванд. Яъне инхо мардуми бегона хастанд, ки мехоханд як бори дигар дар миёни мо ихтилофро ба вучуд оранд. Мо набояд ин имкониятро ба онхо дихем. Мо дигар точикони солхои 92-юм нестем. Ба Бекзода мурочиат карда мегуям, ки ин фикрро аз сараш берун кунад. Пароканда кардани точикон то ин дарача осан нест

ОСИФ
БАРОДАРОНИ-ГИРОМ-МО-ДАР-КИШВАРИ-АФГОН-Ё-ПОК

Амрико
Бехтарин рекламаи китобчаи 40-сахифагии пур аз харзагуиву фалсафатароши. Аммо дар бахши илмхои дакик чунин китобхо дар Точикистон нашр намешаванду ба бахс кашида намешаванд, чунки хунар нест, илм нест, олим нест, мактабу донишгохи пешрафта нест. Хама харзагу, хама файласуфтарош, хама динтарош. Хамин китобчаи ин муаллифро ман аслан нахохам хонд, чунки медонам, ки аз харзагуи беш нест. Ва номи ин муаллифро хам фардо фаромуш хохам кард. Бовар дорам, ки аз ин муаллифи харзагуй ман аз илми муосир бештар хабар дорам. Ва дар илми муосир ягон инкори вучуди офаридгори хастиро наёфтаам. Хатто ашаддитарин атеистхо дар лахзаи сангин пинхони Худоро ёд мекунанд ва ба умеди кумаки у мешаванд.

zoir
ай хаму китобаш дар кучо метавон ефт, то...

Салим
Муввофики конуни бакои энергия пас аз мурдан хает нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)