Бахшҳо

Раиси Q-Net: Хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳастам...(ВИДЕО)

Сайҳомид Маҳмудов, директори ширкати баҳсбарангези Q-Net (Кю Нет) дар Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ӯ хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аст.

Маҳмудов имрӯз, 2-юми июл дар доираи як ҳамоиш ба “Озодагон” тасдиқ намуд, ки бо Убайдуллоев пайванди хешу таборӣ дорад, вале ӯ ҳимояту пуштибонии раиси Душанберо аз ширкати Q-Net қатъиян рад кард: “Ин овозаҳо, ки гӯиё Убайдуллоев пуштибони Q-Net аст, хато мебошад. Ӯ то рӯзҳои наздик ҳатто намедонист, ки чунин ширкат дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ё на? Намедонист, ки ман дар ин ширкат кор мекунам. Гӯем, ки умуман дар бораи Q-Net фаҳмиш надорад, дуруст аст. Ахиран худам камубеш ба ӯ иттилоъ додам...”

Маҳмудов таъкид намуд, ки аз оғози фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон, ки соли 2006-ум буд, ӯ дар ин ширкат кор намекард: "Ман соли 2008 ба ин ширкат пайвастам. Худам дар вазорати адлия кор мекардам ва собиқ корманди тафтишот ҳастам. Қаллобиро фарқ мекунам. Ин ширкатро то омадани ман ҳам Оҷонсӣ ва додситонӣ тафтиш карда, хулоса доданд, ки ягон қонуншиканӣ надорад. Ин ширкат ниёз ба пуштибон надорад. Вақте фаъолияти дуруст мекунед, ниёз ба пуштибон нест."

ВИДЕОИ ПОСУХИ САЙҲОМИД МАҲМУДОВ БА СУОЛИ ОЗОДАГОН

Маҳмудов илова намуд, ки Q-Net барои Тоҷикистон манфиатовар аст, чун ҳамасола худи ширкат 60 ҳазор сомонӣ андоз месупорад: “Он намояндагони мустақиле, ки дорем, онҳо ҳамчун соҳибкори алоҳида фаъолият доранд ва андози алоҳида месупоранд. 60 ҳазор сомониро танҳо Q-Net месупорад.”

Фаъолияти Q-Net баъди барррасӣ дар барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз” вирди забон гардид. Орзу Исоев муҷрии “Баҳси имрӯз”, ки ҳамарӯза аз соати ҳафти субҳ то даҳи рӯз мустақиман пахш мешавад, фаъолияти ширкати “Кю-Нет”-ро ба баҳс кашид ва зимни барнома бисёре аз муштариёни ширкат онро мавриди интиқод қарор доданд.
Мӯҳр
Дустон мо набояд ки як чизро фаромуш кунем ки ягон кор бе камбуди намешавад!Шояд баьзе нафархо дар ин кор суиистифода карда ба ягон нафар зарар карда бошанд вале ман намефахмам при чём здесь Махмудов С! Ё чи фарк дорад ки ин одам ба ки хешутабори дорад Е надорад??!!Камтар аклатонро ба кор баред мардум дуньё пешрафт карда истодааст ва хама хакки интихоб доранд!Хамаи касоне ки дар ин кор фикр мекунанд ки фиреб хурдаанд о вакташба аклатон дар кучо буд??Худатон ки ноухдабаро хастед имруз номи неки Мири Шахр ва хушру табори вайро мехохед паст кунед!Вале шумо мисли пашшае хастед ки пеши офтобро гирифта наметавонед!!!!Аз хасуд кариб ки кафед!!!Кори шумо ба ин мардони шучоъи ВАТАН набошад хамаи мо ин оиларо хело хуб медонем инхо хизматхои зиеде кардаанд барои халку ВАТАН!Хар Касе ки дар бораи Махмудов С сухан мекунад ман фикр мекунам ки гарази шахси дорад!

"Шерои нари интернет"-дар рубаруи мардако истода хамин часората нишон дода метонен???Хайрият хами интернет бдай ки баьзе "часурон" асораташона нишон медиханд!!!!Барои имруза пушти номхои калбаки часурона навиштани ту и мардако хизмат кардагиянд....Бдонен!!!!

Дар хакикат ман хам ба фикри хамин кас тарафдор ман намедонам ки Махмудов ки хаст лекир аз тарафи бегаразона гап занем охир чаро мо барои гунохи худамон дигаронро гунахгор кунем йо барои гунохи дигар кас хама бояд гунахгор бошан ин нодурустаст хама бояд барои гунохи худаш худаш чавоб гуяд.Ман ба мардуми бечораеки намедонан ба ки гуш бидихандк ба ки бовар кунан чунин гуфтаниам хохишона илтимос омез акли худатонро кор фармед ба хамаи ин гапхои нолозимеки наметонад лоакал як руз зиндагии шуморо таъмин созад йо ин Орзу йо Махмудов йокаси дигар худатонро сарсону саргардон накунед. Зиндагии шумо дар дасти худи шумост на Орзу на Махмудов парвои шумо надоран факат ба воситаи шумо мехохан ба хусуматхои шахси пирузи ба даст бийоран бедор шавед бас будаист бозичаи дасти дигарон шудан. Орзу бо Махмудов хусумати шахси дошта бошан бехтар мешуд ру ба ру хал кунанд на ин ки ба воситаи дигарон мард бояд хамеша мард бошад баяд аз куваи худаш истифода барад на ин ки аз куваи дигарон харкас бояд болои пои худаш истад агар ба такяи дигарон боши фаромуш накунки хамеша пойдор намемони рузе мерасад ки хама мераванд танхо мемони яъне меафти барои хамин бехуда нагуфтан ки барои инсон аз хама киматтарин ин узфхои худаш хаст узви бегона норохати медихад борои хамин руи пои худатон ва аз куваи худатон истифода баред на аз куваи мардуми бечора.БАС БУДАГИСТ

тавало
ман хамин мардумда хайрон охир аз хамон мухра сухте бас набуд бо сар карде киморбозиро хуб шаван онхое ки сухтанд дигар кимор бози намекунад баъзеяшон боз аз бонк карз гирифта бози кардиян як оханро тило гуфта гаштиян охир намедоне хозир хама фиребгаран баъзешон меган моя мачбур карданд ман хайронам хамин мардуми гумрохда

Муаллим
Q-Netаш аз муҳрабизнесе ки буд ягон фарқе надорад, балки бадтар аст. Инҳо ҳама пирамида. Боз соҳибонашон онро пирамидаи сарбапоён номидаанд. Ҳамааш фиреб.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)