Бахшҳо

Фармони "нотакрор"-и Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,
журналист


Соли ҷорӣ низоми нави имтиҳоноти қабул барои довталабон дар Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ҷорӣ гардид. Дар аввал, воқеан, ҳама ба ин ҷодаи нав боварӣ ва умеди зиёд доштанд. Довталабон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали супоридани ҳуҷҷатҳои худ умедвор буданд, имсол бо дониши худ дар Маркази миллии тестӣ имтиҳон супорида, холҳои заруриро ба даст меоранд, бахусус довталабоне, ки солҳои пеш қабул нашуда буданд, аз натиҷаи имтиҳоноти имсола умеди калон доштанд.

Вале, инак, баробари ба итмом расидани давраи имтиҳонот ва тақсими ихтисосҳо маълум шуд, ки онҳо беҳуда ба дониши худ умед бастаанд. Бахусус, қабулшавӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон соли равон ба дониш кам иртибот дошт ва бартарияти асосӣ дар маъракаи Довталаб-2014 дар Маркази миллии тестӣ ба довталабони хатлонӣ дода шуда буд. Дар рӯзи тақсимот аз рӯи ихтисос мо шоҳиди он шудем, ки ноадалитие, ки имсол нисбат ба довталабони Донишгоҳи тиббӣ, бахусус довталабон аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи кишвар сурат гирифт, дар тӯли 22 соли истиқлоли Тоҷикистон, дар ҳеч як донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон сурат нагирифта буд. Бори аввал аст мебинем, ки довталаб аз вилояти Суғд бо ҳалли 90-95 дарсади масъалаҳои тестӣ низ донишҷӯ шуда натавонист, вале довталаб аз Данғара бо ҳалли 60-70 фоизи масъала соҳиби унвони донишҷӯӣ гардид. Зеро рӯзи тақсимот маълум шуд, ки ба довталабони хатлонӣ ба истиснои холҳои гирифтаашон аз 100 то 140 хол аз ҳаво тӯҳфа шудааст.

Ин холҳои зиёдатӣ аз куҷо пайдо шуданд? Асосгузори ин беадолатӣ кист? Чунон маҳалчигии ҷиддӣ дар қабули имсола ва аз даргоҳи Донишгоҳи тиббӣ дур кардани довталабони фаъоли Суғду Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз куҷо сарчашма гирифт? Чаро дар қабул ба Донишгоҳи тиббӣ баробарӣ ба ҳамаи минтақаҳо таъмин нашуд?

Банда дар сӯҳбат аз Муовини Раиси Маркази миллии тестӣ Маҳмадалӣ Раҳмонов пурсидам, ки чунин коэффитсиентҳои ноодилона аз тарафи ки ҷорӣ карда шуд ва кӣ ҳуқуқҳои довталабонро аз Суғду Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи марказ поймол намуда, онҳоро аз ҳуқуқи қабулшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ маҳрум намуд? Мавсуф иброз дошт, ки «коэффитсиенти мазкур бо фармони Вазири тандурустӣ муайян карда шудааст ва дар ин кор Маркази миллии тестӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Шумо метавонед бо ин фармон дар даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ шинос шавед».

Пеш аз он ки дар бораи чи гуна поймол шудани ҳуқуқи минтақаҳои дигар сухан ронем, барои исбот рӯйхати ноҳияҳоеро манзури хонандагон мегардонем, ки Вазири тандурустӣ ба онҳо бартарият додааст.

Фармони беназири Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Бо фармон дар назди даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ шинос шудам. Маълум шуд, ки тибқи фармони мазкур, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода аз 10 июли соли 2014 онро тасдиқ намудааст, ба ноҳияҳои зерин дар қабул ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бартарият дода шудааст ва ба довталабони ин ноҳияҳо ба ҳар 100 холашон зиёда аз 30 хол илова карда шудааст.

Рӯйхати ноҳияҳо:

1.Нуробод, 2. Ховалинг, 3. Кӯлоб, 4, Балҷувон, 5. Носири Хисрав, 6. Бохтар, 7.Темурмалик, 8.Вахш, 9.Роштқалъа, 10.Ҷиргатол, 11.Кӯҳистони Масчоҳ, 12.Мӯъминобод, 13.Данғара, 14.Восеъ, 15. Ёвон, 16.Абдураҳмони Ҷомӣ, 17.Хуросон, 18.Шуғнон, 19.Рашт, 20.Файзобод, 21. Ғончӣ, 22.Ҳамадонӣ, 23.Сарбанд, 24.Шаҳритус, 25.Шӯрообод, 26.Қубодиён, 27.Румӣ, 28.Қумсангир, 29.Рӯдакӣ.

Он гуна, ки аз рӯйхат мебинем дар таърихи истиқлолияти кишвар бори нахуст дар қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бахусус Донишгоҳи тиббӣ бартарият танҳо ба минтақаи Хатлон дода шуда, умеди ҳазорон давталабонро аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳур барҳам дод. Зеро агарчӣ солҳо дар бораи аз як минтақа интихоб шудани мансабдорон сухан мерафт, вале дар қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи тиббӣ ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ ба қабули онҳо аз як минтақа роҳ дода нашуда буд. Дар ин рӯйхат, ки ба 29 ноҳия имтиёз дода шудааст, ба истиснои 2 ноҳия аз Хуҷанд, 3 ноҳия аз ВАБК ва 3 ноҳия аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳур дигар ҳама ноҳияҳо аз вилояти Хатлонанд.

Довталабон чӣ мегӯянд?

Дар комиссияи қабули Донишгоҳи тиббӣ бо довталабе аз ноҳияи Вахш ҳамсӯҳбат шудам, ки бо гирифтани 573 хол донишҷӯ шудааст. Ҳадди ниҳоии холи эълонкардаи маркази миллии тестӣ 500 буд. Ин аст, ки сабаби аз 500 зиёд соҳиб шудани холҳоро аз ӯ пурсон шудам. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки бо дониши худаш 440 хол гирифтааст ва ба ӯ аз Маркази «миллӣ»-и тестӣ 133 хол ба таври коэффитсиент бинобар аз Вахш буданаш илова шудааст. Довталаби дигареро низ пурсон шудам, ки ҳуҷҷат месупорид. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки зодаи ноҳияи Данғара будааст ва бо дониши худ соҳиби 401 хол гардидааст ва ба ӯ низ 125 хол тӯҳфа шудаасту ӯ бо 526 хол ба Донишгоҳи тиббӣ қабул шудааст.

Ман ба онҳо ҳамроҳи худро нишон дода гуфтам: Ин ҷавон бо дониши худ 450 хол ба даст овард, вале донишҷӯ нашуд. Онҳо «чи тавр?» гуфта ҳайрон шуданд. Ман гуфтам: - Танҳо барои он ки ӯ аз вилояти Хатлон нест ва аз Панҷакент аст. Гуноҳаш фақат ҳамин аст. Агар мо ҳам ӯро пеш аз супоридани ҳуҷҷат дар Данғара ва ё ягон ноҳияи дигари Хатлон ба қайд мемондем, ҳатман донишҷӯ мешуд. Якуми август, вақте ӯ соҳиби 450 хол шуда буд, дар зери холҳои ба даст овардаи ӯ навишта шуда буданд: «Шумо холи гузаришро барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба ихтисосҳои интихобкардаатон соҳиб шудед». Мо ҳам бовар кардем, ки ӯ донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шуд. Вале 15-уми август ба телефони ӯ паёмаке омад, ки ҳама умедҳояшро барбод дода буд: «Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯйи ягон интихобатон нагузаштед».

Оё ин хатои сиёсӣ нест?

Саволе ба миён меояд, ки чаро Вазири тандурустӣ бо поймол намудани ҳуқуқи довталабони минтақаҳои дигар бартарияти асосиро дар духтур шудан асосан ба вилояти Хатлон медиҳад? Магар ба дигар вилояту шаҳрҳо духтур зарур нест? Ё Данғара минтақаи дурдаст асту ба имтиёз ниёз дорад, вале сокинони Панҷакент, Конибодом ва ё Исфара ба имтиёз ниёзе надоранд? Ё Шояд вақти он расидааст, ки мӯҳтарам Нусратулло Файзулло, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қабули ҳуҷҷатҳоро умуман аз минтақаҳои номбурда манъ намуда, танҳо аз Хатлон ҳуҷҷат қабул кунанд? Зеро довталабони минтақаҳои дигар дар сурати супоридани ҳуҷҷат ҳам бо чунин беадолатӣ ҳаргиз донишҷӯ шуда наметавонанд.

Ҳадди ниҳоии холҳо 500 муайян карда шуда буд. Донишҷӯ аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва аксари ноҳияҳои тобеъ ҳатто бо гирифтани 450 хол дар Донишгоҳи тиббӣ соҳиби унвони донишҷӯӣ шуда натавонист, вале довталаб аз вилояти Хатлон бо гирифтани 400 хол донишҷӯ шуд. Ин магар адолат аст? Инро чӣ гуна шарҳ додан мукин аст? Аз 500 холи ниҳоӣ соҳиб шудани 450-460 хол ин маънои онро дорад, ки довталаб ба 90-95 фоизи саволҳои гузошташуда посух гуфтааст. Магар чунин довталабонро хориҷ намудан мукин аст? Танҳо довталабоне аз вилояти Суғду шаҳри Душанбе донишҷӯ шуданд, ки агар 100 фоиз ба саволҳои гузошташуда дуруст ҷавоб дода бошанд, боқӣ ҳама ҳангоми тақсимот бо сари хам аз назди Маркази тестӣ дур шуданд. Банда боварӣ дорам, ки иҷрои садфоизаи ҳалли масъалаҳо на танҳо ба довталабон, ҳатто ба баъзе устодон муяссар намешавад. Солҳои пеш донишҷӯ метавонист, ҳатто бо ҳал намудани 60 фоизи масъалаҳои тестӣ донишҷӯ шавад, вале имсол бо ҳал намудани 90- 95 фоиз довталабони вилояти Суғд донишҷӯ нашуданд. Чаро?

Ба фикри банда ин иштибоҳи бузургтарини Вазири тандурустӣ аст, ки манфиати як минтақа, зодгоҳи худро дар ҷойи аввал гузошта, ҳуқуқи довталабон аз минтақаҳои дигарро поймол намуд. Ин оё хатои сиёсӣ нест?

Як довталаби дигаре аз Суғд, ки бо гирифтани 444 балл то 15-уми август худро дар курсии донишҷӯи тасаввур мекард, изҳор дошт, ки «баъд аз соҳиб шудани 444 хол ва «Шумо холҳои лозимаро соҳиб шедед» гуфтанҳо ман пурра бовар кардам, ки тайёрии дусолаам барои дохилшавӣ, ба донишгоҳи тиббӣ барбод нарафтааст!» Аз нақли ӯ маълум мешавад. ки бали гузаришашро дар торнамои марказ дида ба чашми худ бовар накардааст ва ба Маркази миллии тестӣ омадааст. Дар инҷо ҳам дидааст, ки 444 бал соҳиб шудааст ва аз марказ гуфтаанд, ки «ту аллакай имкони бештари донишҷӯ шуданро пайдо кардӣ».
Ӯ ашки чашмашро пок карда мегуфт: «Ба ман мегуфтанд, ки донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудан хеле душвор ва бепул намешавад, вале ман то имрӯз хушҳолӣ доштам, ки мешудааст, вале инак маълум шуд, ки дигар мо бояд умедамонро тамоман аз донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудан канем. Зеро минтақаи мо аз чашми вазир дур мондааст ва дигар қабул ба дониш вобастагие надорад».

Аз дидаву шунидаҳо ба хулосае омадам, ки фармони маҳалдӯстонаи Вазири тандурустӣ, вазире, ки чун шахси масъули давлатӣ бояд манфиати тамоми минтақаҳои кишварро ҳимоя мекард, боиси дилхунукии ҳазорон довталабони Суғдӣ гардид ва Вазирро шахсан зарур аст, ки барои донишҷӯёни соҳиби холҳои баландшудаи минтақаҳои аз чашмашон дурмонда, аз нав имконият диҳанд ва ҳуқуқҳои поймолшудаи эшонро барқарор намуда, хатои сиёсии худро бартараф намоянд. Ман дар ҳамин фикрам. Шумо чӣ?
Мӯҳр
мухтарам Вазир, оё Шумо сарконунро хондаед. Хама шахрванди Точикистон баробархукук аст. Чаро шумо дидаву дониста онро поймол мекунед. Маълум мешавад, ки корбариатон хам мисли хамин фармонхои кадугин аст. Ба чойи ин шароит мухайё созед, то кадрхо дар ин нохияхо рафта кор кунанд. Дар ин 20 сол кассоб омода сохтед ва бо ин фармонатон акнун духтур не дахмарда тайёр мекунед. Бе ин хам аз кассобони шумо мардуми кишвар дилсаруд ба дод омадааст. Табиб бояд на махал дошта бошаду на таго(мисли Шумо) У бояд илм дошта бошад ва истеъдоди худодод. Аз рости ба сохибкасбиятон шубха пайдо кардам...Ва гумон мекунам, ки ин фармон теша ба решаи кушишхои Ыаноби Оли дар вахдати мардум аст. Оё Хукумат аз ин фаромн огохи дошта бошад???

Ана хамон духтурони бесавод бо холхояшон Шуморо табобат мекунанд, дониш не минтака лозим. Рафта дар Дангара табобат гирифтан гиред сони

99
Yak "doktor"-ash ba zane tashkhisi "Prostatit" mondaast, ki prostata yo gadudi mardona faqat dar mardon meshavad!
Moned, hamin besavodho zanonro az Prostatit tabobat karda gashtan girand. Binem, ki to kay dukhturiu raisiashon davom mekunad! Ana baroi chi khudro az "tojik" guftan sharm mekunem!!!

Валвалаи бехуда ва тафрикаандозиатонро ХУДО гираде беинсофхо!!!

О як бор ба хамин навиштаи худатон дурусттар назар андозед-бефахмхо!

Ина бинед 5 нохияи тобеи чумхури (1.Нуробод, 10.Ҷиргатол, 19.Рашт, 20.Файзобод, 29.Рӯдакӣ.) 2 нохия аз ВМКБ (9.Роштқалъа, 18.Шуғнон,), 2 нохия аз Сугд (11.Кӯҳистони Масчоҳ, 21. Ғончӣ,) ва 20 нохия аз Хатлон (2. Ховалинг, 3. Кӯлоб, 4, Балҷувон, 5. Носири Хисрав, 6. Бохтар, 7.Темурмалик, 8.Вахш, 12.Мӯъминобод, 13.Данғара, 14.Восеъ, 15. Ёвон, 16.Абдураҳмони Ҷомӣ, 17.Хуросон, 22.Ҳамадонӣ, 23.Сарбанд, 24.Шаҳритус, 25.Шӯрообод, 26.Қубодиён, 27.Румӣ, 28.Қумсангир,) хамги ба 28 нохияи чумхури аз 68 ё 41% - имтиёз додаанд, бокимонда – майдон аз далер аст, о ба хамма 100% имтиёз дода намешавад, ку?

Баъдан ин ки ба нохияхое имтиёз дода шудааст, ки кадрхо тамоман намерасанд ва бо хохиши рохбарияти сохаи тандурусти аз ин нохияхо, о дар Сугду ш.Душанбе кадрхои тибби лабрез бошанд Шумо чи валвала бардошта мардумба балво мандозед, сониян мархамат имтиёз нест тавонед лозим будаги балхоя гиреду дохил шавед, о гирифта, ки натавонистед пас ки айбдор?

Фикр мекунам муаллиф саросема шудаанду сенсатсияхох будиян, лекин нашуд!

Точикистони
Хамин рузноманигори боакл бигуяд, ки агар довталаби сугди донишгохи тиббиро хатм кунад, рафта дар нохияи дурдаст ё ягон нохияе, ки дар ин руйхат худаш овардааст, кор мекунад? Дигар нохияхоро як тараф монем хамон Гончию Кухистони Мастчох намераванд. Ин барои он карда шудааст, ки дар хамон нохияхо хам духтураке пайдо шаваду табобат кунад мардуми махаллиро, мардуми махалли наметавонанд касалхои худро ба марказхо оранд. Ин кадар дигаронро ба махалгарои гунахгор мекунед як бор фикри дигар махалхоро низ кунед. Ман аз Точикистонам, аз ягон нохияи дар руйхатбуда нестам. Ман тарафдори махалгарои нестам, аммо барои пеш бурдани соха дар хамаи нохияхо ин лозим аст. Дигар нохияхоро ном бурда асосан пуштигири довталабони Сугди хастед. Махалгарои асоси худи шумоед. Чор мезанеду, аммо хамон Гончи ва Кухистони Мастчохро фикр кунед акаллан. Чашми дидан надоред хамонхоро хам. Пеш аз як чизро навиштан сабабашро пурсед. Фарзанди шуморо кабул накарданд, аммо рози мешавед, ки фарзандатон рафта дар Шугнон, Ховалинг, Рошткалъа, Балчувон ва ё дигар нохия кор кунад. Бовари дорам, ки рози намешавед, ки дар Гончи ва ё Кухистони Мастчох кор кунад.

Салом апаи Файзинисо

Дар урфият як масал аст:"Каҷ шину сухана ростгуй" дар ҳақиқат дар даврони шӯравӣ нисбати мардуми кӯҳистон кам кам беадолатӣ дар вақти дохилшавии донишҷӯён вуҷуд дошт. Махсусан агар донишҷӯ агар аз минтақаи ВМКБ, Кулоб, ё Рашт мебуд. Дар ҳамон даврв аз ин минтақаҳо ҳамун хонандае дохил мешуд, ки ё барандаи медали тиллоӣ буд ё дониши фавҷулода дошт ва муаллими Хуҷандӣ ягон баҳона барои баҳои паст монии Ӯ надошт, аммо аз хуҷанд агар мебуди дониши миёна барои дохилшавӣ кифоя буд. Барои ҳамин ман бо фикри бародари Роҳгузар 100% розиям. :"Осиё бо навбат аст муаллимаи азиз"

Комёбу сарбуланд бошед.

.
Дар замони шурави хам ба хамин монанд коидае буд. Шахсоне ки хизмати харбиро гузарониданд ба курсхои тайери кабул шуда баъд бе конкурс кабуд мешуданд. Бачахакои босаводе ки бахохои баланд мегирифтанд аз озмун намегузаштанд, чунки аллакай чойхоро чаласаводхои подкурс банд мекарданд.

А-а
"Озодагон" агар дар хакикат "ОЗОД" боши илтимос чоп кунед.
Тест-тест ин хамаш фиребу найранг мебошад. Дар донишгохи тибби факат фарзандони мансабдор ё пулдор мегузарад. Таксимот се мох пеш ба накша гирифта мешавад. Довталаб хангоми супоридани хучатхояш медонад,ки у кабул шудааст.

Точик
Озоди Орзу,
ту мегуи ки холи лозимаро гиред ва дохил шавед. хайр бигу бояд чанд хол гирад мардуми беимтиез? холо он ки аз 500 хол зиед гирифтан мумкин нест балли гузариш бошад аз 500 хол зиед аст. холо кормандони вазорати тандурусти пул кор карда истодаанд аз он довталабоне ки холи баланд гиртфтаанду дохил нашуданд. кадр намерасад бигузор ба он нохияхо чойхои иловаги чудо гамуда ба хамон чойхо холхои имтиезнокро бояд татбик мекарданд.

dodarbek
причем тут министр здравоохранения?? это же система образования!
колхоз и только! и смех и грех

хушвахтшо
ДАР ТОЧИКИСТОН ХАТОИ СИЁСИ НАМЕШАВАД. ХАТОИ БУЗУРГ ОН АСТ КИ ШАХС ХАК ВА АДОЛАТРО ТАЛАБ МЕКУНАД. РОШТКАЛЪА ВА ШУГНОН ЯК МИНТИКААНД.АЗ ДАРВОЗУ МУРГОБУ РУШОНУ ИШКОШИМУ ВАНЧ ЧИ БАРТАРИЯТ Ё ЧИ КАМИЯТ ДОШТААНД КИ БА ЗОДАГОНИ ОН ИМТИЁЗ МЕДИХАНД??????

точик аз лакайзор
Тамоми табибону омузгорони хатлон пас аз чанги шахрванди хама ба душанбе омадаанд. 90 фоизи онхоро бозгардонед зама проблема хал мешавад. Вазир саводи хукуки надоштааст. Чи хел вазир шуда бошад?

Махалчи нестам, вале бояд икрор шуд, ки сиесати нодурусти хукумат махаргароиро дар чумхури ба авчи аъло расонидааст. Хучанди мегуед, кани номи домоду фарзандони розбарони пешинро номбар кунед? Холо бошад тамоми халк номи домоду фарзанд он тпраф истад, хатто номи кудову холабачаву аммабачаву хусурбачаву балову батарро медонад.

Dushanbe
Barodari zhurnalist Kholiq raved yak bori digar jurnalisti khoned. Sababi asosii in farmon , ba fikri man ( tanho ba fikram meguyam , chun shoyad ishtiboh boshad , misli Shumo hukmi okhirro namediham ) in past budani sifati ta'lim dar makotibi miyona dar in mintaqaho . Tanho az Khatlon nestand, agar mahalgaroi mebud ba Nurobod yo Roshqal'a namedodand.
Va ba'd Khatlon megued , ki Kulobro qasd dored.

Mehrubon
Садри Ҷалол - бародари азиз, касе НАГУФТААСТ ки ин хама 29 нохия аз вилояти Хатлон, матнро бо диккат хондан даркор. Баъдан хуб мешуд, ки бартариятро аввал ба арзандахо медоданд, новобаста аз минтакахо. Сониян ба довталабони нохияхое, ки дар хакикат ба мутахассис эхтиёч доранд, агар ки арзанда бошанд

Охир ин тагабозию хамшахридории инхо дигар хел аст. Правила инхо устанавливать мекунанд. Инхо одамхоро аз сахрохои хатлон чамъ намуда ба донишгохо бе ину он дохил мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)