Бахшҳо

Сӯҳроб Шарифов: “Бояд ҳамапурсӣ шуда, сохтори давлатдорӣ иваз гардад”

Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Сӯҳроб Шарифов -- вакили Маҷлиси Намояндагон дар бораи ҳаводиси Украина, мавқеъгирии Русия ва муносибати Маскав бо Душанбе.


Озодагон: Ин шабу рӯз кишварҳои ғарбӣ ба шиддат аз амалкарди Русия дар ҳодисаҳои Украина, бахусус, Қрим нигаронӣ доранд. Ҳатто Амрико аз эҳтимоли ироаи таҳримҳо зидди Маскав мегӯяд. Шумо ҳам дар пайиин ҳаводис дар саҳифаи Фейсбуки худ Владимир Путинро сиёсатмадори заиф номидед...

Шарифов: “Бале. Русия аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Қримро ҳамчун диёри худ дар назар дошт. Баъзе аз сиёсатмадоронаш, барои мисол, Юрий Лужков -- собиқ раиси шаҳри Маскав низ чанд бор гуфта буд, “Қрим аз мост ва мо онро дер ё зуд хоҳем гирифт.” Аслан Русия дар қиболи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеч дурнамое надошт. Инро ҳама медонистанд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил миллатгароён, скинхедҳо ва шовинистони худро дастгирӣ мекард. Бо сари қудрат омадани Владимир Путин пуштибонӣ аз онҳо боз ҳам қавитар гардид. Путин худ миллатгароёнро пуштибонӣ мекунад, аммо вақте миллатгароҳои Украина садо бароварданд, тамом, барояш фоҷиа буд. Путин “Наполеони хурд” аст. Барои ҳамин, вақте ҳаводиси Украина рух дод, Русия якбора иродаашро аз даст дод. Вале ин барои давлатҳои Ғарб сенарияи ошно буд. Русия ноогоҳона ба коре рафт, ки акнун роҳи бозгашт нест. Тавре мегӯянд, “дар қапқон панири хушкшуда ҳаст ва он аз гулӯ намегузарад”. Ҳамакнун тамоми давлатҳои ҷаҳонӣ бар зидди Русия баромад мекунанд. Ҳарчанд Русия мегӯяд, ки барои мавқеъгирӣ ва баҳогузории дигарон ҳеч парвое надорад, аммо ин тавр нест. Русия дар сиёсат дили пок надорад. Русия мисли дигар давлатҳои Ғарб сиёсати аҳмақона, дурӯяву серӯягӣ дорад. Қаблан бо вуҷуди ҳама қудраташ ба Ғарб сар “хам” мекард. Даъво мекард, ки моро қабул кунед, мо ҷузъе аз Осиё нестем, мо ҳам кишвари ғарбӣ. Аммо дар натиҷа исбот кард, ки аз Осиё берун нарафтаааст. Русия бо он амале, ки кард, дар сиёсат дигар бо Ғарб баробар намешавад. Тоҷикистон сиёсати Русияро дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон дар ёд дорад. Аз ин хотир, дар муносибат бо Русия мо набояд беэҳтиётӣ кунем.”

Озодагон: Агар Русия, ба гуфтаи Шумо, воқеан сиёсати зараровар дошта бошад, пас, фурсате нарасидааст, ки Тоҷикистон аз ин шарики стратегии худ даст бикашад?

Шарифов: “Дуруст аст, ки мо шарики стратегӣ ҳастем. Барои Русия шуда, мо худро барои дигар давлатҳои ҷаҳон зери хавфу зарбаи туфангу бомб гузоштаем. Бо ин ҳама меҳрубониҳое, ки мо дорем, Русия боз ҳам муносибати дуруст надорад. Русия ва раҳбари сиёсати ӯ шароитро чунон сохтаанд, ки муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ҳамоно номи “Ҷамшуд”-ро доранд. Ин ҳама хидмате, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои Русия мекунанд, ҳанӯз ҳам барои ҷонашон душман доранд. Сочиро муҳоҷирони осиёӣ сохтанд, аммо бар ивази заҳматашон миннатдорие нашуниданд. Ин нописандӣ аст. Русия як абарқудрати нописанд аст.”

Озодагон: Мегӯед, Тоҷикистон барои Русия худро зери хатар гузошт ва мисле, ки Маскав нисбат ба Душанбе нописандӣ дорад. Оё ин маънои онро надорад, ки дар сиёсат мо заъф дорем ва аз ин сабаб дар хостаҳои худ бо Русия муваффақ намешавем?

Шарифов: “Мо истифода карда натавонистем ва муваффақ нашудем. Ба назари ман, Русия дар маҷмуъ муносибати худро бо Тоҷикистон бояд аз сар бигирад. Арзишҳо дар муносибат бояд дигар шаванд.”

Озодагон: Ишора кардед, ки Русия сиёсати аҳмақона ва дурӯя дорад. Гуфта метавонед, ки Тоҷикистон дар сиёсат чанд “рӯ” дорад?

Шарифов: “Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки мо ба ислоҳот ниёз дорем. Мо бояд бар зидди он ҳама таҳдиду хатарҳое, ки ба мо аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мерос гузоштаанд, берун бароем. Ман бар ин назар ҳастам, ки Тоҷикистон дар системаи унитарӣ ва автономӣ бояд ислоҳот бигзаронад. Дар Тоҷикистон бигзор танҳо ноҳияву марказ вуҷуд дошта бошад. Мақоми ноҳияҳо бояд баланд бардошта шавад. Ҳамин гуна як системаи давлатӣ бояд бисозем. Ҳамаи он сохторе, ки мо дорем, ин мероси замони Шӯравист. Ҳамаи ин бо мақсади дур кардани минтақаҳо аз ҳам ва тақсим кардани Тоҷикистон сохта шудааст. Ба назари ман дар Тоҷикистон бояд як ҳамапурсӣ баргузор карду сохтори давлатдориро иваз намуд.”
Мӯҳр
1
мо ба ислоҳот ниёз дорем аммо ба кадом инро касе нагуфт

Мухтарам чИНОВНИК- Шарипов, ба хотири чи инхел накшахо, як бор ба халки мехнаткаш гуед, ки аз хисоби кору-налоги боз халк дар даруни кутии чоркунча харф мезанед. Асри 21 омад, пешравиро ба даст гире.

ҷони гап
Ин вакили мардумӣ дуруст бо забони давлатӣ ҳарф задан наметавонад ва баъдан дар тасаввуроти ин шахс ислоҳот бо кадом шакл ва шева бояд сурат гирад. Боварӣ дорам агар бо ӯ сӯҳбати мустақим гузаронда шавад ба тариқи консептуали онро асоснок карда наметавонад, суханбозӣ ҳам ҳаде дорад ва оқибатҳои он бояд дар тарозуи фаросат санқида шаванд.

muallimi muhtaram, uzr vale shumo bo in nuqta nazarhoi puchaton
dar haqiqat gumroh hasted

Мухтарам Шарифов! Хурда ба дастархон туф кардан одоби Точикон нест.
Якуним милионШарифов точик ва оилаи он аз мархамати "сиёсати аҳмақона ва дурӯя"-и Россия оилаи хешро аз муфлиси бароварда сер карда истодаанд.
Дар хусуси Кирим, гуфтаниям, ки дар хакикат бо ибораи Шумо гуям, сиёсати Н.С.Хрущов "сиёсати аҳмақона ва дурӯя" буд, ки Киримро ба Украина соли 1956 такдим карда буд. Мардуми Кирим агар хохад боз ба Россия мепайвандад. Ин интихоби мардуми Кирим аст. Ва Шоди Шабдолов, ба назари ман хак аст, ва гузаронидани ройпурсии пурхарч ба будчети Точикистони азизамон зарбаи назаррас аст. Ба пуле ки ба гузаронидани ройпурсии Шумо харч мешавад ва он, ки беш аз як миллион доллар мешава, якчанд мактаб ва бемористонро тармим кунем судманд мебуд.
Бо эхтиром: Хачи Насриддин

Огои Сухроб дуруст мегуяд, мухтории бадахшон дар он холате буд ки кишвар дар бунбаст карлр дошт. Имруз хушбахтона 24 соат рафтуомад аст!
Коре нашавад ки шурави аз байн раваду мероси хукукии онхо то хол боки монад!

Janobi Sharipov. fikri durusti strategiro megued. In sokhtori hozira doroi havfi siesi,iktisodi,ijtimoi va bilokhir yakporchagii tojikiston ast. Va inchunin in sokhti administrativee khele kimat ast. Asosan baroi badakhshon in hele bad ast. In problematikai umdatarini tojikistoni nav meboshad va onro boyad Hal kard. Az in tematika gurekhtan kori ahmakist.

Руятонро сиёх кардед чаноби Сухроб Шарипов. Ба шумо худи Рахмон супориш додааст. ки хар хел суханхоро гуед, вагарна як косалесе беш нестед. Дигар ин ки максадатон бо хамин бахона референдум гузаронида 2 вилоятро муваккатан бархам медихеду мухлати президентии Рахмонро, ки ин маротиб бояд алвидоъ гуяд боз бо ягон бахонаи дигар дароз мекунед. Боки аз дастатон дигар бало хам намеояд.

Чаноби Шарифов Сухроб. ба шумо як маслихат, аввал андеша баъд гуфтор- маколи хуби точикист. Дар бораи Россия ва ходисахои Украина. Дар Украина фашистони навбаромад - наберахои Бандера бо рохи шуриши ярокнок, бо кумаки Гарб ва ШМА ба сари Хокимят омаданд,ки ин барои амнияти давлатии Русия хатари калон дорад. Россия хукук дорад манофеи миллии худро дар давлати хамсоя ва аз назари таърихи хешу табор ва хамтакдир хифз кунад.Хамрох кардани Кирим як навъ вокуниши сиёсии Русия буд, ки Гарб дар мукобилаш ба гайр тахдиди санксихо дигар чизеро карда натавонист. Ва фишори Русия болои Украина таквият меебад. Украина ба дораи манфиатхои Русия бар мегардад, чунки хуматдорони имруза пойгохи ичтимои надоранд ва охиста - охиста аз арсаи сиёси нопадид мегарданд.
Дар бораи Точикистон. Точикисто боРусия робитаи таърихи дорад, ки онро бояд хифз кард. Душмани бо Русия ба манфиати миллии Точикистон чавобгу нест, чаноби сиёсатшинос! Сиёсати имрузаи хоричии давлати Точикистон ба манфиати халк равона карда шудааст
Миллатгароёни Русия хоинони Гарбанд, онхоро Гарб ва Амрико маблаггузори мекунанд, то Русияро ноором кунанд.
Дар бораи робитаи Путин бо миллатгароён ягон далел доред! Путин метавонад Шуморо ба суд дихад!
Ягон вилояти Точикистон ба Руссия харох шудани нест. Ва Русия хам инро намехохад. Наход, доктори сиёсатшиноси хамин тавр гапхои сафсата ва дур аз вокеити Точикистонро дар матбуот пахш кунад.

Дороб,
Ту баринҳо аз кадом тараф манфиат ояд, худро ба ҳамон тараф мезанед. Бештар ба тарафи русҳо! Инро мунофиқ мегӯянд. Банда дар урдуи Шӯравии собиқ хизмати аскарӣ кардаам. Бо мо, тоҷикон, ки дар рота чанд нафар будем, Рустам ном бадахшӣ буд. Варзишгар, девсурат, қавӣ. Аз рӯзи аввал бо русҳо наздик шуда, худро "памиретс" муаррифӣ карда буд. Бо тоҷикон хусумат мекард. Ин мисоли танҳо нест.
Сӯҳроб Шарифов таҳлилгар ва сиёсатшиноси варзида аст. Ӯ аз бисёр чиз хабар дорад. Чизе мегӯяд, рост аст. Аз Русия бояд ҳазар кард. Агар ҳамин рӯз Русия дар қасди аз байн бурдани Тоҷикистон шавад, нахустин шариконаш бадахшиҳо ва тоҷику узбаки русшудаи Душанбе хоҳанд буд. Касе хабар дорад, ки узбакҳои Душанбе як ба як кӯдакони худро ба мактабҳои русӣ медиҳанд, на ба тоҷикӣ. Бо гузашти чанд сол онҳо сафи русзабонҳоро пур пекунанд. Сипас садо баланд мекунанд, ки бояд забони русӣ мақоми давлатӣ гирад. Гирифтани шаҳрвандии Русия аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ? Магар ин хатар надорад? Магар рӯзе русҳо намегӯянд, ки "МЫ БУДЕМ ЗАЩИЩАТЬ НАШИХ ГРАЖДАН!"? Онҳо Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро айнан ҳамин хел забт карда буданд. Ба Русия ин чандон мушкил нест. Қавитарин дивизияааш хоки Тоҷикистонро бехта истодааст. Агар аз ҳозир омодагӣ набинем, рӯзе Тоҷикистонро ба мисли Қрим фурӯ мебаранд. Он вақт дер мешавад. Англисзабонҳо матале доранд: My back must belong only to me. Яъне, ".... ман бояд фақат аз худам бошад" . Миллате, ки қудрати давлатдорӣ надораду дастнигари дигарон аст, вой ба ҳолаш.

Дороб
Юсуфкул мо хуб медонем,ки кадом мансабдорон аз кадом махал дар катли оми точикон бо куввахои руси ва узбаки хамкор буданд!Холо низ мардум пинхони сиёсати туркпарастиро дар кишвар зери шиори худшиносии миллии точикон рохандози намуда.аз мехнати точики бефахм ишрат доранд!Помир машхуртарин мавзеъи CCCР ва замони шурави чун камтар одамон Точикистонро медонистанд мегуфтем,ки из Памира!Онхо даррав мефахмиданд!Ин вокеъан ифтихори мо точикон буд ва хохад монд!Мардуми Бадахшон орита бори асиланд!Метавони аз ин минтакаи мухими геополитикии чахон,ки будан ё набудани Точикистон аз он вобастагии комиле дорад хавотир набоши!Хавотир аз он махаллахои чаллаточике.ки соли 92 бо дастгирии Ельцин ва Каримов ва яроку аслихаи онхо точиккуши карда,дар асл точикияте надоранд аз онхо бояд кард!

Юсуфбой cари масъалаи узбакхои Душанеро,ки ба бор овард?Соли-92-точикони асилро-кушта русхоро гурезонда бо дастури душмани миллати мо Ислом Каримов узбаку лакайу манка аз чануби кишвар муфти сохиби хона гардиданд.Ин масъала бояд зери назорати органхои точики бошад,чи тавре ки точики Тошканд зери назорат аст!

Мусо,
Агар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ намебуд, бисёр корҳо намешуд. Аморати Бухоро аз байн намерафт. Хати бостонии мо аз байн намерафт. Забони мо тоҷикӣ не, форсӣ номида мешуд. Самарқанд шаҳри тоҷикон боқӣ мемонд. Ҳазорҳо ҳазор тоҷикони Самарқанду Бухорову Фарғонаву Қарши аз хонаву дари хеш ронда шуда, дарбадару муҳоҷир намешуданд. Тоҷикҳо тайи 70 сол бедин ва манқурт намешуданд ва бисёр чизҳои дигар намешуд. Чизе ки болшевикҳо ба худ иҷозат доданд, ҳатто дар хобу хаёли ҳукумати подшоҳии Руссия надаромада буд. Ҳоло паёмади сиёсати манқуртсозии болшевикҳо аст, ки тоҷикон инқадар худбехабар ва беғурӯранд. Аҷнабиён (бархеи худиҳо низ) моро мекушанд, таҳқир мекунанд, масхара мекунанд, ба бозиҷаи хеш табдил медиҳанд, дар пойтахти мамлакат ба наҷосат баробар мекунанд, аз ҳукуматиҳо сар карда, то фард фарди тоҷик ин беадолатиҳоро хамушона таҳаммул мекунанд. Таҳаммул чист, ҳай боракалло мегӯянд. Оё дар гузашта низ тоҷикон ҳамин тавр беғурӯру тарсу буданд? Куҷост он донишманде ки дар ин бора ҳарф бизанад?

Alex,
Знаешь что, умник, российский прихвостень, прежде чем вступить в полемику с известным политиком и депутатом МО, знай меру, свое место и не выходи за рамки приличия.
Ты забываешь, где, когда и в какой стране живешь, и кто принимает решение! Если кому-то нужно будет упразднить автономию Бадахшана, тебя и тебе подобных никто и спрашивать не станет. Подожмете хвосты как подвальные крысы. За какие отличия у вас должна быть автономия, а у других нет? За то, что с акцентом говорите по - таджикски и держитесь изолированно?
Практика показывает, что пустая автономия ни к чему. Кроме того ваша автономия подразумевает только экономическую самостоятельность, а не политическую. Вот и развивайте экономические отношения, если у вас есть экономика!
Тебе ни кажется странным, что афганский Бадахшан не имеет автономию, а таджикский имеет. Это же один и тот же народ. Половина из вас имеет там родных и близких.
И последнее. Всякие там автономии в свое время были учреждены русскими стратегами с далеко идущей целью: исходя из политики "РАЗДЕЛЯЙ И ВЛАСТВУЙ". Очевидно они добились своего, если вы простое предложение принимаете в штыки. А еще считаете себя настоящими, чистейшими таджиками, арийцами. Настоящие таджики должны сплотиться воедино и всем вместе развивать страну, дать отпор её врагам - внутренним и внешним, а не кичиться никчемной автономией. Не исключается, что уже вес Бадахшан имеет российский паспорт и ждёт часа "Х", чтобы просить помощи у Путиных защищать российских граждан. Где вы думаете? В таджикском Бадахшане!!! Как в Абхазии, Южной Осетии и в Крыму. Не дождетесь! Думаю, Президент страны, его правительство и МО обсудив вопрос, примут единственно верное решение - упразднить автономию Бадахшана, и тем самым предотвратят надвигающуюся катастрофу. Все области страны должны иметь равный статус.

Салом оқои Шарифов. Маводи навистаатон хеле бамаврид ва лоиқи тақозои замони нозук ва пурошуб аст. Воқеан барои давлати нави мисли Тоҷикистони мо ислоҳоти ҳаматарафа зарур аст, аз он ҷумла ислоҳоти маъмурӣ. Зимнан пешниҳоди шумо оқилона аст. Барои ин ислоҳот шарт нест, ки ҳамапурсӣ доир шавад. Инро метавон дар ҷаласаи муштараки МО ба овоз монда, ҳал кард. Тоҷикистони навташкил ҳоло ба дараҷаи далатҳои демократӣ нарасидааст, ки барои ҳар як масъала ҳамапурсӣ созмон дода шавад. Илова бар он, замоне, ки вилоятҳо ва автоном ташкилшуда буданд, онҳо на ба сурати ҳамапурсӣ, балки дар як маҷлиси Шӯрои Олии он замон таъсис ёфтаанд. Боз ҳамин тавр бояд аз байн раванд.
Ман боз як пешниҳод дорам. Бино бар сабаби ниятҳои хавфноки роҳбарони Маскав бо ҳар роҳе набошад империяи русро дубора барқарор кардан, ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон бояд низоми душаҳрвандиро миёни Тоҷикистон ва Русия лағв кунанд. Чун сафорати Русия ба бисёре аз шаҳрвандони мо шиносномаи русӣ дода истодааст, шоядки масъала аз назораи ҳукумати Тоҷикистон хориҷ монда бошад. Зеро онҳое, ки шаҳрвандии Русияро касб кардаанд, ҳамоно дар хоки Тоҷикистон зисту зиндагӣ доранд, на дар Русия. Инҳо ҳамаи рус ва русзабонҳо ва теъдоди зиёди тоҷик ва узбакҳо мебошанд. Хавфи он аст, ки рузе ҳукумати Русия ҷиҳати ҳимояи шаҳрвандони хеш дар Тоҷикистон амалиётеро ба мисли Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ анҷом медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон бояд бо як қарори қатъӣ аз ҳамсояи хеш Туркманистон ибрат бигирад. Президенти он кишвар пеши шаҳрвандони хеш шарт гузошт,"ё шаҳрванди Туркманистон бошед, ё аз Русия. Бояд як шиноснома дошта бошед!" Мо ҳам бояд ҳамин тавр кунем.
Шумо, оқои Шарифов аз байни депутатҳои ҷасур ва дилсӯзу ватанпараст як гурӯҳи ташаббускор ташкил кунед. Дар ин бора ҳуҷҷатҳои лозимаро таҳия карда, ба Президент ва порлумони кишвар пешниҳод кунед. Онҳое, ки амният ва ояндаи мамлакатро фикр мекунанд, бояд ташаббуси шуморо дастгирӣ кунанд.

ВСе таки стартегическое мыщление у Шарипова отличное он понял главную головную боль государства и говорит удалить опухоль пока она в рак не перешла....а то что пишет шабдолов детский лепот...мы в 21 веке живет..а то что зоиров неграммотно...если упразднить все областья управление государством меняется..нужно конституцию всюду поменять и тысячи законов даже маджлиси милли так что недальновидные юристы...жаль.....Шарипов прав..сто ..тысячу раз....нужны реформы..объязательно.......

Что за бред вы несете господин никто я вас не знаю даже не могут запомнить ваше имя с пятого раза и не хочу, путина знает весь мир и запад боится тени путина и его окружения, а ты КТОО? что ты сделал в своей жизни? псевдополитик

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)