Бахшҳо

Суҳбати Сафир: Аз “экстремистӣ”-ю “атеистӣ”-и Б.Собир то хомӯшияш аз сарбуриҳо

Доктор Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ки худ низ шоир аст, дар вокуниш ба шеъри нави Бозор Собир дар мавриди қатли Фархунда, ин шоири шинохтаи тоҷикро “экстремист” ва шеърашро “тавҳиннома бар миллати Афғонистон” хонд. Сафири Афғонистон гуфт, дар тамоми дунё тавҳин ҷавобгарӣ дорад ва аз мақомоти Тоҷикистон низ хост Бозор Собирро бозпурсӣ кунанду ба муҳокима кашанд.

Абдулғафури Орзу дар суҳбат бо “Озодагон” шеъри нави Бозор Собирро шиорпартоии сиёсӣ унвон кард, ки нопухтагии сиёсию фарҳангии муаллифро ба намоиш гузоштааст. Сафири Афғонистон афзуд, “мутаассифона ин шеър аз назари шоирӣ, на шуури нубувват дорад ва аз нигоҳи забонӣ низ бисёр шеъри маъмулист, ки гӯиё як навҷавони тоза ба кӯчаи шоирӣ пойгузошта сурудааст. Ин ба ҷое, ки шеър бошад, шиорҳои сиёсии як одами нопухта аст. Гӯиё як инсони нопухтаи сиёсӣ шиор медиҳад”.

Озодагон: Аммо дар замони муосир бисёр аз озодии баён мегӯянд. Оё ин озодии баён нест?

Абдулғафури Орзу: "Шумо медонед, ки озодии баён ҳаққи инсонҳост. Аз ҷумла дар Афғонистон озодии баён ба расмият шинохта шудааст. Аммо тавҳин ва дашном додан, ҷузъи озодии баён нест. Дашному тавҳин, инҳо вожа нестанд. Инҳо амаланд ва аз ин хотир дар тамоми дунё онҳоеро, ки дашном медиҳанд, муҳокима мекунанд, ба додгоҳ мекашонанд, додситонӣ онҳоро бозпурсӣ мекунад ва тавҳин то 6 моҳи зиндон ҷазо дорад.

Мутаассифона, оқои Бозор Собир, ки шоири шинохташудае ҳастанд, дар ин шеър ба унвони як худкуш, як экстремисте амал карданд. Ман ин шеърро хондам ва эҳсос кардам, Бозор Собир монанд ба фундаменталистҳою экстремистҳое, ки дар Афғонистон худкушӣ мекунанду амалиёти интиҳорӣ анҷом медиҳанд, бо шеъри худ як амалиёти интиҳорӣ барои як миллат анҷом доданд. Кадом инсони оқил мегӯяд, “марг бар Афғонистон”. Афғонистон сарзамини бостонист, ки бо Тоҷикистон дорои фарҳанг, таърих ва тамаддуни муштарак аст. Ман бовар дорам, ҳар касе ба Афғонистон марг мегӯяд, ҳаргиз ишқ ба Тоҷикистон надорад. Агар муҳаббат ба Тоҷикистон медошт, муҳаббат ба фарҳанги ниёгон медошт, дар ин шеър ба фарҳанги ниёгон тавҳин намекард. Дар ин шеър дашном бар Рӯдакӣ додааст.

Чунин ҷиноятҳо дар ҳамаи дунё иттифоқ меафтад. Магар дар Ҳиндустон нашунидед, ки як духтарро дар дохили автобус чандин нафар таҷовуз карданду куштанд. Нашунидед, ки девонае дар Амрико ҳудуди 10 сол чанд духтарро зиндонӣ карда буд ва билохира як нафарашон фирор мекунад? Магар оқои Бозор Собир намедонад, ки ҳар сол чӣ қадар шаҳрвандони азизи Тоҷикистон дар Русия кушта мешаванд? Аммо ман то ҳол надидаам, ки Бозор Собир нисбати қатли шаҳрвандон, ҷавонони Тоҷикистон дар Маскав садою фарёде карда бошад. Ахиран, як муҳоҷир боз дар Маскав кушта шуд. Хуршеда, духтарчаи тоҷик бо мушту лагад дар Санкт Петербург кушта шуд. Чаро садои Бозор Собир барои ҳамватанҳояш, ки дар дунё чунин мазлумона кушта мешаванд, намебарояд? Аммо нисбати мардуми афғон тавҳин мекунад. Ин шеър як тавҳиннома аст. Шеър нест, шиори як экстремистест, ки ба ҷои сурудани шеър худашро кафондаасту нопухтагӣ ва бемоягияшро ба тамошо гузоштааст".

“Озодагон”: Худи Шумо чӣ фикр доред, модоме, ки чунин ҳодисаҳо дар тамоми дунё рух медиҳанд, чаро Бозор Собир маҳз дар мавриди Фархунда ва Афғонистон садо баланд кард?

Абдулғафури Орзу: "Гузаштаи Бозор Собир бисёр рӯшан аст, дигар. Ин уқдаҳои таърихие, ки ҷаноби Бозор Собир нисбат ба Афғонистон дорад, ба баҳонаи ҳамдардӣ бо Фархунда кафондааст. Агар не мо наметавонем, як миллатро бад гӯем. Дар ҳамаи миллатҳо дузд ҳаст, қочоқӣ аст, террорист, одамкуш ҳаст. Аммо инсонҳои шарифу наҷибу лоиқ ҳам ҳастанд. Дар Тоҷикистони азиз Гулрухсор, Муъмин Қаноат аз ҷавонҳо Фирдавси Аъзам ва даҳҳо-даҳҳо одамони арзанда ҳастанд. Аммо дар айни замон Ҷумъаи Намангонӣ, Мулло Амридддин, террористи маъруф низ тоҷикистонист. Ба бовари ман, терроризм миллат надорад ва байналмилалист, аммо ба баҳонаи он, ки дар фалон кишвар ҷамъи авбош даст ба қонуншиканӣ мезананд, ин далел шуда наметавонад, ки мо миллатро бад гӯем. Агар давлат, раисиҷумҳур, раиси иҷроӣ, ҷомеа ва мардуми Афғонистон дар баробари шаҳодати Фархунада сукут мекарданд, он гоҳ ҳар касе чӣ даъвое мекард, ман ба унвони сафир хомӯш мемондам. Аммо ҷомеи мадании мо тазоҳурот кард, раиси ҷумҳурии мо бо қатъият гуфтанд, онҳое, ки Фархундаро шаҳид карданд, ба панҷаи қонун супурда хоҳанд шуд, хонаводаи Фархундаро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси иҷроии мо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба хонаи Фархунда рафт. Хиёбоне, ки дар он Фархунда кушта шуд, ба номи Фархунда гузошта шудааст. Ин ҳама ҳамдардии ҷомеаи маданӣ, ҳукумат, давлат ва мардуми Афғонистон аст. Чор нафар ҳукми эъдом гирифтанду чандин нафар аз 16 то 20 сол равонаи зиндон шуданд".

“Озодагон”: Бозор Собир бисёр таъкид ба ин маънӣ мекунанд, ки “Афғонистон дузахи занону зиндони занон аст”. Ҷойгоҳи зан дар Афғонистон чӣ гуна аст?

Абдулғафури Орзу: "Зан ва мард ҳар ду инсонанд ва инсон дар Қонуни асосии Афғонистон ҷойгоҳи вижа дорад. Аз 249 курсии парлумон аз 25 то 28 дарсад ё худ 69 курсиро занон соҳибанд. Дар ҷомеаи мадании Афғонистон бештар занон ҳузур доранд. Кобинаи Афғонистон 4 вазир дорад. Афғонистон дар таърих Робияи Балхӣ дорад ва феълан даҳҳо-даҳҳо занҳои шинохта дорад. Фаровонанд заноне, ки дар роҳи демократӣ мубориза мебаранд. Оқои Бозор Собир мутаассифона диди ғалат дорад, чун шинохте аз воқеияти Афғонистон он сӯ монад, ҳатто Тоҷикистон надорад".

“Озодагон”: Дар шеър инчунин таъкид ба муллою асҳоб шудааст. Ба фикри Шумо чаро?

Абдулғафури Орзу: "Ин, ки эшон аттеистанд, марбут ба худашон аст. Аммо ин, ки тамоми мусалмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми азизи Тоҷикистонро дар ин шеър тавҳин карданд, ин худ мояи суол асту ҷои нигаронӣ дорад. Ман итминон дорам, Ҷаноби Олӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки солгарди Имом Аъзамро таҷлил мекунанд, нисбати масоили диндорӣ дар Тоҷикистон ҳассосияти хосе доранд. Бозор Собир риш дар осиё сафед накардааст. Ӯ ба унвони як аттеист ба кӯбидани боварҳои диние, ки мо ба унвони мусалмон ҳама қабул дорем, ба баҳои ҳамдардӣ ба Фархунда ба монанди як экстремист ҳаракат кардааст ва ин қобили қабул нест. Чоп шудани ин шеър ба назарам хилофи муқаррароти қавонини озодии баён аст. Ман итминон дорам, Ҷаноби Олӣ ва соири дастгоҳҳои казоию фарҳангӣ нисбат ба сурудани чунин ҳарфҳо ва тавҳинномае нисбати як миллат вокуниш нишон медиҳанд. Ҳарфҳои дардоваранд. Девонагон дар ҳамаи дунё вуҷуд доранд, ки даст ба ҷиноят мезананд. Аммо ҷиноят бар ин маъно нест, ки як миллатро бугӯӣ “марг бар ин миллат”, “туф ба ватан” “ох бар ватан”. Ин ҳамдардӣ нест, балки уқдҳои дарунии худро як инсони уқдманд боз кард. Фархунда инсоне буд, мазлум, мазлумона шаҳид шуд. Инсоне, ки даъват кард дар ростои мубориза бо хурофот ва қурбонӣ шуд. Аммо хунаш барҳадар нафрафтаст. Ҳокимият, қонун, давлат дар Афғонистон аз Фархунда ҳимоят кард ва дар ин маврид расонаҳо иттилоъ додаанд".

Озодагон: Шоиронро бисёр одамони эҳсосӣ мегӯянд. Шумо, ки худ шоиред, инро беҳтар медонед ва шояд Бозор Собир ҳам ин шеърро сари эҳсос гуфтаасту онҳоро нашояд ба дил наздик гирифт?

Абдулғафури Орзу: "Инсон-мавҷудест оқил, андешаманд ва нотиқ. Ин таърифи таърихист. Пас инсон бо ақли худ сухан мегӯяд. Шеър ҷанбаи эҳсосӣ дорад, аммо ҳеч инсоне ҳақ надорад, нисбат ба инсонҳои дигар тавҳин кунад. Бозор Собир як навҷавон нест, ки бегӯем ҷавони эҳсосотӣ буд ва надониста фарёде зад. Агар Бозор Собир чунин эҳсосӣ бошад, чаро дар баробари сарбурии ҷавонони тоҷик боре фарёд намезанад? Ӯ намедонад, ки имрӯз мардуми Афғонистон бо террористҳою экстремистҳо аз тамоми ҷаҳон, ки дар Афғонистон ҷамъ омадаанд, меҷанганд. Мо имрӯз бо мофиё, терроризму экстремизми байналмилалӣ меҷангем. Раисиҷумҳури Тоҷикистон инро беҳтар аз ҳар касе медонад. Ба ин хотир Ҷаноби Олӣ фармуданд, ки тинҷию оромӣ дар Афғонистон монанди обу ҳаво барои Тоҷикистон зарур аст. Аз ин хотир шоир ҳақ надорад, миллатро тавҳин кунад. Барои ҳамин Собирро аз номи Бозор кам кунем, чун Собир инсони оқилу сабурро мегӯянд, ҳамон Бозор бас аст".

“Озодагон”: Ҳамчун сафир, ки дар шеъри шоири маъруфи тоҷик тавҳин бар миллати хеш дидед, ягон вокуниши расмие нишон хоҳед дод?

Абдулғафури Орзу: "Азбаски муносиботи Тоҷикистону Афғонистон бисёр дӯстона аст, ман шикоят намекунам аз Бозор Собир. Айни замон аз ҳукумат, давлат ва махсусан Ҷаноби Олӣ, ки Афғонистонро бо ҷону дил дӯст медоранд, интизори онро дорам, ки набояд дар баробари ҳар касе, ки мегӯяд, “марг бар Афғонистон” хомӯш бошанд. Бинобар дӯстие, ки байни Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд дорад, ҳам бар асоси манофеи миллии муштарак, вақте чеҳраи шинохтаи сиёсӣ ва адабӣ дар Тоҷикистон дар шеъри худ мегӯяд, “марг бар Афғонистон” ман интизор дорам, дастгоҳҳои адлия ва казоии Тоҷикистон чунин инсонро ба муҳокима мекашанд".

“Озодагон”: То куҷо чунин ҳарфҳо аз забони чеҳраҳои шинохта метавонанд ба муносиботи ду кишвар таъсир расонанд?

Абдулғафури Орзу: "Ман бовар дорам, агар ба истиллоҳ фитнае барангехта шавад, ҳеч кас наметавонад ба равобити Тоҷикистону Афғонистон халал бирасонад. Бар замми он ки дин, фарҳанг, таърих ва забони муштарак дорем, манофеи миллии мо низ як ва бар ҳам гиреҳхӯрда аст. Дигар иродаи сиёсии ду давлат, ду раисиҷумҳур бар ин аст, ки дӯстӣ чунон мустаҳкам бимонад, ки аз боду борон наёбад газанд. Чунин ҳарфҳои бепояю моя аз забони ҳар касе набошад ба дустии Тоҷикистону Афғонистон, ки бо хуни дил ба даст омадааст, таъсире надоранд. Ин дарахти дустии мо тавассути ба истиллоҳ ҳезумшикане чун Бозор Собир аз по намеафтад ва ҳамеша сабз хоҳад монд".

Вокуниши сафир дар ҳолест, ки Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик шеъри тозаеро ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд:

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
.
Аброр,

Чи магар дар Намангон точикхо зиндаги намекунанд? Чумъаи Намангони точик буд.

Довуд
Акаи Сафир, Ҷумъаи Намангонӣ, Мулло Амридддина мо намешиносем. Мо Устод Рабонии Точик, Ахмадшохи Масъуди Точик, маршал Фахими Точика мешиносем.

оо
Довуд,

Шумо барои он онхоро мешиносед, ки аз онхо ягон хатар эхсос намекунед. Агар каме хатар хис кардед, онхоро хам бадном карда антипартийни мекунед.

Njxbr
Бояд навишта мешуд Марг бар Озодагон! Айб шарм айяйяй аст, ки шумо редаксияатон, зеро имзо нест-тарсухо метарсед имзо гузоред, як точики худро пеши як афгон курбон мекунед. Магар ба хамон чанд пайсае ки шумо аз ин сафорат мегиред, мешавад як шоири бузургро, ки муаррифи Точикистон дар олам аст, экстремист, девона, беакл хонд аз номи кадом сафири сакалту?... Акнун мутмаин шудам, ки Зафар ходими ирону афгонист. Вагарна шеър дар СССР нашр шуд, пас чаро сафир бо ин газета сухбат накард? Аз омадани Зафар ва командааш дар матбуоти точик бисёр тахаввулот мегузарад, ки акнун мунтазир бошед, фош мешаванд. Хиёнат ба ватан аз хиёнат ба хамватан сар мезанад. Метавонед ин гуфтаро нашр насозед-тибки озодии баёни озодагони, вале мутмаинан мушти моро мунтазир бошед. Мо метавонем!

Наход, ки як одаме ки худашро шоир мегуяду чунин шеър нависад ва бо шеъри худ ба шаъну шарафи дигар одамон мерасад. Ман сад дар сад тарафдори мухтарам сафир мебошам. Бозор Собирро бояд органхои кудрати ба пурсиш даъват намоянд.

бе ном
ин шеъре, ки вай навиштааст ман фикр мекунам ба монанди репхои бемаъние, ки аз тарафи бачахои куча хонда мешаванд ба монанди хамунаст ман хамчун шоираи навкалам хохиш мекунам ки як шеъре нависад, ки маънои дурусте ва калимабандихои дурусте дошта бошад


Ин огои Сафир шоиранд лекин агар 1000 чилд китобхам нависанд бо як мисраи навиштаи Устод Бозор баробар шуда наметавонад ончиз ки аен аст хочат ба баен нест ки медонад дар Афгонистон кай хунрези хотима меебад ...............

муосир
Бозор Собирро ман медонам лекин ашъори каблан навиштаашро. имруз он чизе эчод мекунад, масалан ман кабул надорам. Лекин барои катли ФАРХУНДА хама Афгонистонро махкум мекунанд. ААА Бозор Собир дар хакикат камтар зиёдарави кардааст, лекин на ба он андозае ки мухтарам сафир онро тобиши сиёси диханд. Мо бояд якдигарро эхтиром намоем

Амрико
Садкаи номи Точик шавед асли гузаштаатро фаромуш карди огои собир, собирро бояд бо харфи майда нависондан лозим

Бозордуст
ин шеъри устод Бозор Собир аз чииати махорати шоири ва шеъроАРИ, намунаи баланди шеърнасист. Бозор Собир бори дигар исбот намуд, ки ухамчун шоир кавипанча ва бомахорат аст, гарчанде шеър аз чихати колабхои ахлоки костагихо дорад. "Туф ба Ватан, Ах ба Ватан" гуфтан беадабист, вале:
Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,

магар дар адабиёти ин се хавза аз ин баландтар шеъре садо медиад? на! боз:
Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.

ин мисраъхо хам далели кавипанча будани Бозор аст!

Иззатбек
Бозор Собир бо дилсузи сухан кардаст ё шеър гуфтаст.Шумо аввал маънии онро фамед ,баъд таблу накора занед.Шоир Афгонистонро не ,балки мамлакатхоеро гуфтааст,ки Фархундаоро аз хайвон бадтар мекушанд .Ман хам ба чунин нафарон тфу мегуям Шумо чи?Ё шумо дил надоред. Аз марги бегунохе шоди мекунед. Ин мусулмони нест.Ин ба ягон конуни башар рост намеояд.Шумо зану хохар надоред? Кай мо бахуд меоем?Фирдафси хануз хазор сол пеш гуфта буд:
Зи шири шутур хурдану сусмор ,
Арабро ба чое расидаст кор ,
Ки тахти Каёнро кунад орзу ,
Тфу бар ту ,эй гурги малъун тфу!Бахудо,ки имруз Фирдавси зинда мебуд шумо арабпарастон уро хомохом мехурдед.
Ачаб дар гапбофию бадномкуни устоем,хайфи мо .Маънии гапро нафахмида инсони бузургеро ,ки рохнамои мекунад ба чари тела додани мешавем. Пургуи хам шавад вай сафири афгон асм -ми ,аллмаи даврон аст- ми,Хофиз фармуда :Суханшинос наи чони ман хато инчост.Ё худ Бедил гуфта! Бар мо хато гирифтан аз кеши шарм дур аст,кас айби кас наб инад ,То бех-аё набошад.Саъди низ:На дар хар сухан айб чустан равост ,Хато бар бузургон гирифтан хатост.Хулоса дод аз аз давсти чохидон,фарёд аз дасти чохилон.

Адаби точики
pilot,
Фирдавсию Рудаки агар ин шеърро мехонданд кулли навиштахои худро месузонданду ба аробакаши машгул мешуданд.
recourse

Собир ба у чи даркор хамин як Бозор бас аст!
хамачо бозор созаду гавго бардоранд ба монанди парлумониточикистон дар солхои навадум.

Довуд
Ба "оо"

Магар Шумо аз навиштани номатон шарм медоред ё кудрати баён кардани онро надоред огои ОО?????
Агар Шумо точик бошед, пас барои чи бо чунин шахсони мисли Раббони, Масъуд ва Фахим фахр намекунед. Шояд барои он бошад, ки онхо аз ун тарафи дарёи Панч маскан гирифтан??????
Бале боз хам бале, аз он одамоне, ки хатар эчод мешавад бояд антипартийни кард. Чи Шумо ба чунин шахсон хамту нигох карда ахсан мегуед.??????

Бо эхтиром Довуд

Бозор Собир танхо он эхсосе, ки шахси солим ва дилсуз нисбати як зане, ки берахмона кушта шуд бо шеър баён кардааст. Ва шеъраш шеъри сафед аст. Офарин!

Бозор Собир танхо он эхсосе, ки шахси солим ва дилсуз нисбати як зане, ки берахмона кушта шуд бо шеър баён кардааст. Ва шеъраш шеъри сафед аст. Офарин!

ККК
БОЗОРИ БЕ ДИН БОЯД ДАР ЯГОН РАСОНА РОҲ ДОДА НАШАВАД. ИН ТАВҲИН БА ИНСНОЯТ АСТ ТАВҲИН БА МИЛЛАТИ ТОЧИК АСИМухлис,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)