Бахшҳо

Дуруст бинависем

Автопарк-мошинсарой, ҷонварбоғ- зоопарк, землемер- заминпаймо, маршрутка-хатгард…

Автопарк-мошинсарой, ҷонварбоғ- зоопарк, землемер- заминпаймо, маршрутка-хатгард…

Рустами Ваҳҳоб, донишманди шинохта ва аз муассисони гуруҳи “Дуруст бинависем” дар Фейсбук чандест барои корбарон гузина ё баробарии тоҷикии вожаву истиллоҳҳои русиро пешниҳод мекунад. Ин иқдом ба
Кадоме дуруст: Муаррифгар ё муарриф?

Кадоме дуруст: Муаррифгар ё муарриф?

Муарриф маънояш "шиноскунанда" аст. "Муаррифгар" ҳамон қадар дуруст метавонад бошад, ки ба фарз "шиноскунандагар". Яъне ҳамон қадар, ки пасванди "гар" дар
Дуруст бинависем: ТАВОНОБАХШ - ТАВОНБАХШ

Дуруст бинависем: ТАВОНОБАХШ - ТАВОНБАХШ

Шумори иштибоҳоте, ки ба забони мо дар натиҷаи бетаваҷҷӯҳи ба "ҳиссаи нутқ" (яъне ба кадом ҳиссаи нутқ: исм, сифат, феъл ва...) нисбат доштани калимаҳо ба вуҷуд меояд рӯ ба афзоиш дорад ва
Беҳтар нест, “оффшор”, “террор”, “Донбасс”-ро “офшор”, “терор”, “Донбас” бигӯем?

Беҳтар нест, “оффшор”, “террор”, “Донбасс”-ро “офшор”, “терор”, “Донбас” бигӯем?

Вожаи “офшор” солҳои охир ба забони мо даромад. Шӯхиомез гӯям, мардуми мо миллионҳо ё шояд миллиардҳо доллар дода, ин калимаро харид. Шираю ширинии ин сармояҳои бохта, вожаи бегонаро хеле зуд ва сахт
“АММО АҲМАД бошад, МЕГӮЯД”

“АММО АҲМАД бошад, МЕГӮЯД”

“АММО АҲМАД бошад, МЕГӮЯД...” Ин хато ҳам аз силсилаи кажнависиҳоест, ки ба сабк пайванд дошта, солҳои охир авҷ гирифтаанд ва ҳарчӣ бештар табиати забони моро вайрон мекунанд.
Умед Ҷайҳонӣ: Тоҷикҳо "отчество" надоранд

Умед Ҷайҳонӣ: Тоҷикҳо "отчество" надоранд

Отчество ҳамон номи падар нест. Отчество дар забони русӣ ва дигар забонҳои словӣ нисбаест ки аз номи падар ва пасванди нисбати -ович/-евич ва -овна/-евна сохта мешавад.
Салими Аюбзод: Наход “фаъолият кардан” беҳтар аз “кор кардан” бошад?

Салими Аюбзод: Наход “фаъолият кардан” беҳтар аз “кор кардан” бошад?

“Сарвари давлат ба ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар анҷом дод”. Агар маънии “анҷом” оқибат, охир, фарҷом, поён, интиҳо бошад, чӣ гуна мешавад онро дод? Он гоҳ шояд беҳтар аст гуфта шавад: “ба сафараш
“Кёрлинг”-ро чӣ бигӯем: “Керлинг”, “курлинг” ё “сангсуронӣ”?

“Кёрлинг”-ро чӣ бигӯем: “Керлинг”, “курлинг” ё “сангсуронӣ”?

Кёрлинг яке аз бозиҳои Олимпики зимистонӣ аст ки дар он ду гуруҳи чаҳорнафара сангҳои бузургу гирду сайқалии вижаеро бар рӯи масире яхӣ ба сӯи хонаҳое дар поёни замини бозӣ сур медиҳанд ё месуронанд.
Салими Аюбзод: Беҳтар аст, ба “dividend” сарбахш гӯем

Салими Аюбзод: Беҳтар аст, ба “dividend” сарбахш гӯем

Дӯстам пурсид, оё дуруст аст, агар барояш dividend (дивидент)-ро “баҳра” тарҷума кардаанд? Дар нигоҳи аввал гӯё дуруст аст.
Салими Аюбзод: “Панҷ маротиба”-ро беҳтар аст “панҷ бор” ё “панҷ раҳ” бигӯем

Салими Аюбзод: “Панҷ маротиба”-ро беҳтар аст “панҷ бор” ё “панҷ раҳ” бигӯем

Менависанд, ки “ду маротиба” ба Кобул сафар кард ё “се маротиба” ба вазорат шикоят бурд ва монанди инҳо. Асли вожа “маротиб” (аз рутба) ва он худ аллакай ҷамъ аст ва агар панҷ бор дар назар бошад,
Баҳси “гуштӣ” ва “куштӣ” дар “Озодагон” ва шарҳи забоншинос

Баҳси “гуштӣ” ва “куштӣ” дар “Озодагон” ва шарҳи забоншинос

Як хабар дар “Озодагон”, ки онҷо вожаи куштӣ (ба ҷойи гуштӣ) истифода шуд, баҳси гармеро миёни корбарон барангехт.
Чаро "эҳтиромона"-ро намешавад ислоҳ кард?

Чаро "эҳтиромона"-ро намешавад ислоҳ кард?

Яке аз ғалатҳои “ҷонсахт”, ки ахиран фарогир шуда ва ба ҳеч васила намешавад онро ислоҳ кард, ҳамин калимаи “эҳтиромона” аст.
Нашри китоби “Дуруст бинависем”-и Рустами Ваҳҳоб

Нашри китоби “Дуруст бинависем”-и Рустами Ваҳҳоб

Китоби нави Рустами Ваҳҳоб, шоир ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик бо номи “Дуруст бинависем” нашр шуд.
"Бистро"-ро “тезтайёру зудтайёр” гӯем ё "саридастӣ"

"Бистро"-ро “тезтайёру зудтайёр” гӯем ё "саридастӣ"

Вақте мушоҳида мешавад, ки дар сардари баъзе ошхонаҳо навиштаанд “тезтайёр”, яъне таомҳое, ки ба зудӣ омода мешаванд, афсӯс мехӯрам, ки чаро калимаи зебои “саридастӣ” (сардастӣ, сардастакӣ), ки дар
Дуруст бинависем: “ИНТИҚОЛИ ПУЛ” ниёзе ба “Ӣ” надорад

Дуруст бинависем: “ИНТИҚОЛИ ПУЛ” ниёзе ба “Ӣ” надорад

ИНТИҚОЛИ ПУЛ – ИНТИҚОЛИ ПУЛӢ. Ин иштибоҳ, ки бисёр фарогир шудааст, дар ҳамаи лавҳҳои таблиғии насбшуда дар хиёбонҳои шаҳр, рӯзномаҳо, гуфтори радиё ва телевизион ба чашму гӯш мерасад ва асабҳоро
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)