баргард чоп кардан

Николай Бордюжа дар Душанбе ҳамкориҳои низомиро баррасӣ мекунад

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Николай  Бордюжа барои анҷоми як боздиди чоррӯза аз Тоҷикистон, шоми 12-уми июл вориди Душанбе  шуд.


Тибқи иттилои котиботи ин ниҳод, зимнан, ҷаноби Бордюжа бо масъулини баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла бо  роҳбарияти шӯрои амният,  вазири  мудофиа Шералӣ  Хайруллоев, вазири  корҳои дохилӣ Абдураҳим  Қаҳҳоров, сарвари агентии назорати  маводи  нашъаовар Рустам Назаров мулоқот менамояд. Дабири кулли СПАД дар  ҷараёни  ташрифаш  вазъи созмони мазкур дар  минтақаи  Осиёи  Марказӣ, ҳамкории  ҳарбӣ  ва  ҳарбию  техникӣ  дар  доираи  СПАД, муборизаи  зидди  гардиши ғайриқонунии  маводи  нашъаоварро  мавриди  муҳокима  қарор  медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, СПАД пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар соли 1992 таъсис ёфта, Русия, Арманистон, Қазоқистон, Беларус ва Тоҷикистону Қирғизистон шомили ин ташкилот шуданд. Дар соли 2006 бошад, Ӯзбакистонро низ ба узвияти  ин созмон пазируфтанд. {jathumbnail off}