баргард чоп кардан

52 ҷой барои квотаи президентӣ то имрӯз холӣ мондааст

Имсол баробари духтарон, писарон ҳам метавонанд соҳиби квотаи президентӣ шаванд ва таҳсили худро дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат идома диҳанд.


Ин дар ҳолест, ки дар ибтидо яъне аз соли 2007 квотаи президентӣ барои духтарони кӯҳистон, ки аз оилаҳои камбизоат буданд, ҷудо карда мешуд. Бино ба қавли Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маориф, дар навбати аввал шомили макотиби олӣ онҳое шуда метавонанд, ки дар  озмунҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ ғолиб омада бошанд.Раҳимов мегӯяд, онҳо  барои қабул ба донишгоҳ тариқи сӯҳбат  ва бе имтиҳон пазируфта мешаванд.Тибқи тартиби нав озмун дар чор зина- мактаб, зинаи ноҳия, марҳилаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Омори расмии вазорат нишон медиҳад, ки барои таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар имсол 1149  ҷой тибқи квотаи президентӣ ҷудо гардидааст  ва то имрӯз  52 ҷой холӣ мебошад.Муовини аввали вазири маориф сабаби пурра нашудани ин  ҷойҳоро ҷавобгӯи талабот набудани дониши хатмкунандагони макотиби миёна унвон кард.

Маврид ба ёдоварист, дар соли таҳсили 2011-2012 мактабҳои миёнаи таҳсилоти  умумиро  87. 000  нафар хатм кардаанд. Нақшаи қабул ба мактабҳои олии Тоҷикистон бошад, ҳамагӣ барои  21. 000 нафар пешбинӣ шудаасту бас.