баргард чоп кардан

Данғара: Фурудгоҳи байналмилалӣ барои тайёраҳои бузург месозем

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон тасмим доранд, то бунёди як фурудгоҳи байналмиллалиро ба роҳ монанд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Маҳмадуллоҳ Сайдалиев, раиси ноҳия хабар дод. Ҷаноби райис афзуд, ҳанўз дар замони шўравӣ ин ҷо фурудгоҳи кӯчак барои қабули тайёраҳои хурди Ан-2 ва Як-40 фаъолият дошт. Бо фурӯпошии СССР майдони ҳавоӣ низ аз кор монд. Тақрибан 4-сол пештар бунёди онро аз сари нав шурӯъ карда, майдони парвоз ва қабули тайёраҳоро аз нав барқарор карда буданд. Вале ба гуфтаи Сайдалиев, ҳанўз ин фурудгоҳ ҹавобгӯйи талаботи байналмиллалӣ нест ва барои қабули тайёраҳои бузург омода нашудааст. Дар ҳоли ҳозир бо як пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар мавриди омодасозии тарҳи фурудгоҳ шартнома баста шудааст ва лоиҳаи он дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад. Ба қавли ҷаноби Сайдалиев, сохтмони фурудгоҳи байналмиллалӣ дар Данғара ҳамин сол оғоз хоҳад ёфт.
{jathumbnail off}