Ҳукумати шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати шаффофи омодагиҳои пойтахт ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатӣ намояндагони мухталифи ВАО-ро вобаста кард.
Шавкат Сайидов, сухангӯи райиси шаҳри Душанбе ба «Озодагон» гуфт, ин тасмим дар асоси супориши Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт, аз 30-уми июни соли равон аз сар гирифта шуда, масъулини нашрия ва хабаргузориҳои ватанӣ рафти иҷрои корҳои амалишавандаро дар чор ноҳияи Душанбе дар асоси ҷамъиятӣ назорат хоҳанд кард. Ҳамин тавр, шахсони зерин вобаста ба навоҳии пойтахт, ба ин рӯйхат шомил гаштаанд:
ноҳияи Сино:
1. Амиршоева Гулнора - сармуҳаррири нашрияи «Вечёрка»
2. Махсумов Равшан - сардабири ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе»
3. Кулакова Вера – директори радиои «Ватан»
4. Аҳрорӣ Парвона - сарвари радиои «Азия - Плюс»
ноҳияи И. Сомонӣ:
5. Дўстов Саймуддин - сармуҳаррири сомонаи интернетии «Toҷнюс»
6. Хоҷаев Хилватшо - сармуҳаррири хабаргузории «Озодагон»
ноҳияи Шоҳмансур:
7. Щербакова Елена - сардабири сомонаи интернетии «Pressa tj»
8. Ниёзов Хуршед - сармуҳаррири нашрияи «Фараж»
ноҳияи Фирдавсӣ:
9. Ҷониев Рустам - сарвари радиои «Имрўз»
10.Исмоилов Зиннатулло – директори ТВ «СМТ» {jathumbnail off}