баргард чоп кардан

Магар президент падар нест ва орзую ҳавас надорад?

Як хонандаи “Озодагон” ба матолиби расонаҳои хориҷӣ дар бораи рақсу сурудхонии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар тӯи писараш вокуниш нишон додааст. Ӯ дар номаи худ навишта, ки бояд ба рақсу сурудхонии президент ҳамчун хушҳолии як падар дар тӯи писараш нигарист, на ин ки дар он баҳонаҳои сиёсӣ ҷуст.


Хонандаи мо бо номи “Донишҷӯи ИМА” менависад:

“Мардуми мо аҷиб аст. Магар президент одам нест? Ӯ низ ба монанди дагарон писар калон кардааст.

Умеду шавқу орзую ҳавасҳои падару модар танҳо дар писар аст, дӯстон. Инро Шумо ба сиёсат рабт надиҳед.

Магар Шумо тӯй накарда будед ва падаратон дар тӯйи Шумо нарақсида буд? Ё писаратонро тӯй накарда будед? Чӣ, шумо барои писаратон келин оварданро орзу надоред?

Мардак дорад, мекунад. Дасташ имрӯз мерасад, барои бачааш мекунад. Кори дигарон чӣ? Ин суханҳое, ки гуфтам, бовар кунед, пуштибонӣ аз ҷаноб нест. Шумо худатон фикр кунед, о кадом падар дар тӯи фарзандаш рақсу шодӣ намекунад?”