баргард чоп кардан

100 рубоии Умари Хайём бо забони русӣ тарҷума ва нашр шуд

«Привал в шатре Хайяма».


Таҳти чунин унвон дар Душанбе аз сӯи нашриёти «Шуҷоиён» тарҷумаи 100 рубоии Ҳаким Умари Хайём бо забони русӣ ба табъ расид.Тибқи иттилои масъулини ин чопхона теъдоди нашри аввалияи ин китоб 400 нусха буда, аллакай дастраси муштариён гардид. Дар ин китоб осори гаронбаҳои Ҳаким Умари Хайёмро яке аз тарҷумонҳои ҷавон, вале хеле боистеъдод  Илҳом Юнусов бо маҳорат ва сабки хос тарҷума кардааст. Абдураҳмони Абдуманнон дар сарсухани китоб навиштааст: «Илҳом Юнусов, ки худ маълумоти шарқшиносӣ дорад, шеър мегӯяд ва забони русиро низ бо назокату тобишҳои лафзиву маъноӣ нағз медонад, муваффақ шудааст, ки дар тарҷумаҳояш умқи маънӣ, ҳадафҳои фикрӣ ва таносубҳои бадеии рубоиёти Хайёмро ҳаддалимкон нигоҳ дорад. Ин коре, ки ӯ анҷом додааст, иқдоми аввалин аст дар тарҷумаи бадеии рубоиёти Умари Хайём ба забони русӣ бевосита аз забони асл».{jathumbnail off}