30 донишҷӯи тоҷикистонӣ дар академияи алоқаи Одесса таҳсил доранд
Шӯҳрат Султонов, сафири Тоҷӣкистон дар Украина тайи як моҳи гузашта ва даҳаи аввали моҳи равон аз бархе аз манотиқи ин кишвар дидан кард.
Дипломати тоҷик аснои боздидаш аз шаҳри Лвов бо раиси ҳукумати вилоят М.Тсимаблюк вохӯрда, масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла барқарорсозии равобити иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи мошинсозӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ карданд. Инчунин сафир ба шаҳри Раварус ва ноҳияи Жовтенскии вилояти Лвов ташриф оварда, бо роҳбарону мудирияти ин ноҳия ва бо хонандагони мактаб - гимназияи Раварусский мулоқот кард. Дар ҷараёни сӯҳбатҳо доир ба таҷдиди равобити мустақим миёни муассисаҳои таълимӣ ва сафарҳои мактаббачагон ба ҳар ду кишвар пешниҳодҳо ироъа гардиданд.
Зимнан, Шӯҳрат Султонов аз академия ҷумҳуриявии матбуоти шаҳри Лвов дидан кард. Дар ин фарҳангистон оид ба омӯзиш ва таблиғи асарҳои мутафаккирони шарқ, бахусус эҷодиёти классикони форсу тоҷик аҳамияти хоса медиҳанд. Маврид ба тазаккур аст, ки охирҳои моҳи июни соли равон шаҳрванди Украина Ксения Шевченко кори илмии худро дар мавзӯъи «Эҷодиёти шоир ва файласуфи баргузида Абдураҳмони Ҷомӣ» дифоъ кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарияти академия дар робита ба тайёр намудани мутахассисон аз Тоҷикистон, табодули таҷриба оид ба нашри китобҳо ва гузаронидани корҳои бақарорсозии дастхатҳои таърихӣ сӯҳбат анҷом дод.
Аснои сафари худ ба вилояти Одесса, сафири тоҷик бо раиси маъмурияти ҳукумати вилоят Э.Л Матвийчук вохӯрд. Тарафҳо масоили равобити дуҷониба, иқтисодиву иҷтимоӣ ва инчунин масъалаҳои марбут ба будубоши тоҷикони муқими вилоятро баррасӣ намуданд.Ҳамчунин вохӯрӣ бо роҳбарияти диаспораи тоҷикон баргузор гардида, масъалаҳои таҳсили донишҷуёни тоҷикистонӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят муҳокима шуданд. Бояд зикр кард, ки фақат дар академия алоқаи Одесса феълан 30 нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.Бо мақсади ҳамоҳангсозии таҳсили донишҷӯён ва ҳалли мушкилоти онҳо ба ҳозирин пешниҳод гардид, ки бо иштироки донишҷуёни фаъол дар назди сафорат шӯрои донишҷӯёнро таъсис диҳанд. Таклиф шуд, ки донишҷӯён маҷаллаи худро ташкил намуда, вохӯриҳои такрории донишҷӯёни ватаниро гузаронанд.Дар ин бора ба «Озодагон» аз вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ доданд. {jathumbnail off}