баргард чоп кардан

Беобӣ дар Кӯлоб заминҳои обиро ба лалмӣ табдил медиҳад

Дар ноҳияи Кўлоб аз ситами зўрону бемасъулиятии роҳбарони ҳукумати маҳаллй 100-ҳо гектар заминҳои обй на танҳо кишти такрорй надидаанд, балки мавриди истифода қарор наёфтаанд. Аниқтараш кишт шудаанд, вале бо ҷурми беобӣ кайҳо хушк шудаанд.


Яке аз хоҷагиҳои машҳури ба номи Саидҷон Назаров, ки дар гузаштаи наздик ба истеҳсоли маҳсулоти сабзавотӣ машғул буду садҳо нафар ин ҷо кору фаъолият намудаву ҳазорон тонна маҳсулоти сабзавотиву полезӣ ба сокинони шаҳру ноҳия пешкаш мекарданд, имсол аз касрати набуди об, тамоман аз фаъолият бозмонданд. Саид Раҳмонов, як сокини рустои Сариосиёи ҳамин хоҷагӣ мегўяд, «ҳамасола дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва замини ба истилоҳ, президентӣ, кишти сабзавот карда, даҳҳо ҳазор сомонӣ фоидаи нақд ба даст меовардам, ки барои шароити зиндагӣ  басанда буд. Вале чанд сол аст, ки бо айби масъулини ҳукумати маҳаллӣ, канале, ки заминҳои мо аз он обёрӣ мегашт, умуман тоза карда намешавад. Аз ин рў, имсол дигар натавонистем аз оби он истифода барем ва садҳо гектар заминҳои мардуми бечора бо иллати нарасидани об, ба лалмӣ мубаддал гаштанд».
Дар ҳамин ҳол, сокинони ин хоҷагӣ  мегўянд, агар аз як тараф канали покнашуда иқтидори оби зиёд интиқол доданро надошта бошад, аз ҷониби дигар, чун ҳамин канал то ба хоҷагии ба номи Хатлон тӯл мекашад, раиси хоҷагӣ Раҷаб Азизов намегузорад, то мардуми оддӣ аз ин об истифода баранд. Ба қавли Саид Раҳмонов, одамони Азизов шабонарӯз болои канал посбонӣ мекунанд ва ҳеҹ кас ҳадди аз ин ҷӯй бастани обро надорад. Ҷаноби Раҳмонов дар як нишасти матбуотӣ ба роҳбарони шаҳри Кӯлоб муроҷиат карда гуфт, ки садҳо гектар замини обии хоҷагии Назаров ба лалмӣ мубаддал гашт, чаро аз ҳоли деҳқони оддӣ намепурсед?  Файзалӣ  Қурбонов, муовини аввали раиси шаҳр дар ҷавоб ба ин савол гуфт, « аз беэътиноии аҳолӣ ва дуруст истифода набурдани об аз ҷониби соҳибкорон, заминҳои кишти ин хоҷагӣ хароб гаштаанд».
Дар ҳамин ҳол, Ҳамид Абдуллоев дар ҷамъбасти 6-моҳаи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳия гуфт, ки «мутобиқи нақша дар нимаи аввали имсол бояд 800-тона маҳсулоти сабзавотии дохила дар ҳудуди шаҳру ноҳияи Кўлоб   ворид мегашт. Аммо ҳамагӣ танҳо 175-тона аз маҳсулоти худӣ ворид гардидаасту бас».  Яъне, истеҳсоли маҳсулоти худй тақрибан набудааст. Ин дар ҳолест, ки тавре қайд шуд, тамоми бозорҳои шаҳрро кишоварзону деҳқонони хоҷагии ба номи Назаров бо маҳсулоти сабзавот ва полезӣ таъмин карда меомаданд.
«Чӣ гуна супориши президентро дар мавриди кишти такрорӣ иҷро мекунем, дар ҳоле ки наметавонем аз кишти якбора дар заминҳоямон истифода барем», бо алам мегӯяд Саид Раҳмонов. {jathumbnail off}