Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе 2830,5 миллион сомониро ташкил дод
Имрӯз, 18- июли соли 2011 дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар нимсолаи аввали соли равон бо иштироки фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» сухангӯи райиси ҳукумати шаҳри Душанбе, Шавкат Сайидов иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, зимни гузориши муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе Сайвалӣ Сафаров дар ҷаласа таъкид гардид, ки таҳлили ҷараёни тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2011 нишон медиҳад, ки ҷиҳати татбиқи қонунҳо ва амалӣ гардонидани қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва раиси шаҳри Душанбе болоравии нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ таъмин карда шуд.
Тибқи маълумоти фаврии оморӣ ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввал 2830,5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010 бо нархҳои ҷорӣ 106,5 фоиз (нимсолаи аввали соли 2010-ум 2141,7 млн. сомонӣ) ва саҳми он дар маҷмўи маҳсулоти умумии дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010-ум 3,2 фоиз зиёд шуда, 25,4 фоизро ташкил намуд. Гардиши савдои хориҷӣ 145,9 млн. доллари ИМА буда (115,3 фоизи нишондоди ҳамин давраи соли 2010), содирот ва воридот мутаносибан 27,6 млн. ва 118,3 млн. доллари америкоиро ташкил доданд.{jathumbnail off}