Ҳамлагари “Помир” сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон мешавад
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, собиқ ҳамлагари дастаи “Помир” -- Муҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъин мешавад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 2-юми июл дар дафтари федератсияи футбол дар Душанбе маросими имзои созишнома миёни Муҳаммадиев ва Федератсияи футбол барои се сол баргузор хоҳад шуд. "Имзои қарордод соати 15:00 оғоз меёбад",-афзуд манбаъ.