баргард чоп кардан

Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон 6 зина пеш рафтааст

Тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол шаш зина пеш рафта, бо 314 имтиёз дар ҷои 106-ум қарор гирифтааст. Дар ду моҳи қаблӣ Тоҷикистон бо 312 имтиёз, дар зинаи 112-ум ҷой гирифта буд.

Дар рейтинги нави ФИФА аз миёни кишварҳои ИДМ Русия дар зинаи 17-ум, Украина-28, Узбакистон-58, Арманистон-66, Белорус-78, Эстония 86, Гурҷистон-98, Литва-104, Латвия-119, Туркманистон, -136, Қирғизистон-137 ва Қазоқистон зинаи 150-умро соҳиб шудааст.

Дар садри ин раддабандӣ бо 1532 имтиёз Испания ва дар пайи он Олмону Колумбия қарор доранд.