Вокуниш ба пешниҳод дар бораи ҳазфи вожаи “Ислом” аз номи ҲНИТ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) пешниҳоди бархе аз рӯҳониёнро дар мавриди ин ки вожаи “ислом” аз номи ин ҳизб ҳазф шавад, фармоишӣ хонданд.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, матраҳ шудани ин масъала дар остонаи интихоботи президентӣ танҳо як фазосозӣ буда, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили риояи Қонуни асосӣ набояд ваъдаи мавриди баррасӣ қарор додани ин масъаларо мекард.
“Ҷаноби Раҳмон бори дигар моддаи 28-и Сарқонунро аз назар гузаронанд, ки ин модда дар асоси мубориза ва оштии дуҷониба ба миён омадааст”,-гуфт ӯ. Муовини раҳбари ҲНИТ афзуд, масъалаи мазкурро Шӯрои сиёсии ҳизбаш ба баррасӣ хоҳад гирифт.
Маҳмадалӣ Ҳайит илова кард, “ин пешниҳод ба фаъолияти мо созгор нест, чун ҲНИТ ҳеч рабте ба иттиҳодияи динӣ ва ё Кумитаи дин надорад. Илова бар ин, рӯҳониён салоҳияти дахолат кардан барои номгузории ҳизбҳои сиёсиро надоранд. Пӯшида нест, ки рӯҳониён дар хидмати ҳукумат буда, мо маълумоте низ рӯи даст дорем, ки дар манотиқи кишвар онҳо чи корҳоро бар зидди ҲНИТ анҷом медиҳанд.”
Ҷаноби Ҳайит мегӯяд, давоми 40 сол аст, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон фаъолият дошта, аз ин ба баъд низ ба кори худ идома хоҳад дод. Маҳмадалӣ Ҳайит илова намуд, бо садо додани ин масъала фишор болои аъзои ҳизби онҳо боз ҳам бештар хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ки субҳи чоруми июл Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 1200 имомхатиб ва аҳли ҷамоатчигии кишвар мулоқот анҷом дода, вазъи дину диндорӣ ва созмонҳову масоҷидро ба баррасӣ гирифт.
Дар мулоқоти мазкур 15 рӯҳонӣ баромад дошта, гурӯҳе аз онҳо ба раисҷумҳур пешниҳод доштаанд, ки калимаи “ислом” аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бардошта шавад. Ба иттилои “Азия-Плюс”, Эмомалӣ Раҳмон се баромади рӯҳониёнро гӯш карда, дар ҷавоб ба саввумаш гуфтааст, ки ин масъаларо мутахассисон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.