баргард чоп кардан

Кӯмакпулӣ ба муддати аз 3 то 6 моҳ барои 2675 нафар ироа гардид

17.476 нафар шаҳрвандон аз ҷониби вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар нимсоли равон бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.

Тавре ба “Озодагон” аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати мазкур иттилоъ доданд,  ин  ҷойҳои корӣ 60,5 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, тайи моҳҳои январ-июни соли 2011 ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 61.588 нафар шаҳрвандон доир ба масъалаҳои шуғл муроҷиат намуданд, ки аз ин ба 25.009 нафар мақоми бекорӣ дода шуд. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 1.464 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 1.307 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 3.538 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 6415 нафар дар марказҳои таълими касбии мақомоти шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.
Манбаъи хабар афзуд, зимнан ба 12.130 нафар ҷиҳати интихоби дурусти касбу кор хизматҳои роҳнамоии касбӣ расонида шуд. Ба 2.675 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати аз 3 то 6 моҳ кӯмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 80.597 ҷойҳои кории нав таъсис ёфтанд. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ дар ин давра 346 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 3.385 нафар корҷӯён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд.  {jathumbnail off}