Қатъи барномаҳои “К+” ва санҷиши фаъолияти Файзиннисо Воҳидова
Тамошои барномаҳои телевизиони “К+”-и Қазоқистон тариқи моҳвора дар Тоҷикистон дигарбора имконнопазир шудааст. Чанде аз сокинони пойтахт бо мо дар тамос шуда ва гуфтанд, ки аз субҳи 4-уми июл ба барномаҳои шабакаи телевизионии “К+” тавассути моҳвора дастрасӣ надоранд.
Дар як моҳи охир ин бори дувум аст, ки тамошои барномаҳои “К+” тавассути моҳвора дар Тоҷикистон имконнопазир мегардад. Аз ин пештар, дар пайи пахши видеои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастрасӣ ба саҳифаи интернетии “К+” низ қатъ шуда буд.
Ин шабакаи телевизионӣ тайи моҳҳои охир пайваста барномаҳоеро дар бораи вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва мақомдорони Тоҷикистон пахш мекунад. Бештари ин барномаҳо аз сӯи Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши “Ватандор” омода шуда, қисме аз онҳоро бо номи “Он сӯи хабарҳо” Сайидюнуси Истаравшанӣ таҳия месозад.
Ахиран Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи шинохтаи тоҷик, низ дар ин шабака бештар як соат суҳбат ва аз адами адолати додгоҳиву нақзи ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон шикоят кардааст.
Рӯзи чоруми июл ин вакили мудофеъ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки афроди номаълум аз номи ӯ дар ин шабакаи иҷтимоӣ саҳифае боз карда, ҳадафшон бадном кардани ӯст. “Маълум аст, ки... баъд аз навори мусоҳибаам дар телевизиони “К+” бо ҳамин васила бадном карданӣ ҳастанд. Имрӯз як мақомоти расмии давлатӣ низ ба санҷиши кору фаъолияти ман шурӯъ кардааст, ки дар ин хусус боз тафсилоти мушаххас хоҳам дод”,-навиштааст ин вакили мудофеъ.