Мақомоти узбак рӯйхати муҳоҷиронро таҳия доранд
Шаҳрвандони Узбакистон, ки ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа рафтаанд, аз сӯи мақомоти ин кишвар мавриди бозҷӯӣ қарор доранд.
Тавре расонаҳои узбакӣ иттилоъ медиҳанд, фаъолони маҳаллаҳои вилояти Хоразми Узбакистон феҳристи номи тамоми афродеро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, омода намуда истодаанд. Ба иттилои манбаъ, аз пайвандони муҳоҷирони узбак, дар баробари ному насаб, ҷузъияти кору фаъолият ва макони зисти онҳо дар хориҷ низ мушахаас карда мешавад.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллии вилояти мазкур, ин иқдом на танҳо дар ин вилоят, балки дар дигар навоҳӣ, ба вижа шаҳри Тошканд гирифта шудааст ва ҳадаф аз ин, контроли донишҷӯён гуфта шудааст, ки вақтҳои ахири ҳузури эшон дар дарсҳо кам шудааст.
Бояд гуфт, дар вилояти Хоразми Узбакистон ба ҷуз бознишастагону кудакон ва занон, тамоми афроди солим барои дарёфти ризқу рӯзии хонаводаи худ дар муқоҳирати корӣ қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл, Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон муҳоҷирони кории кишварашро зери тозиёнаи танқид қарор дода, гуфта буд, ҳар кас ба хориҷ аз кишвар барои кор меравад, обрӯи миллати узбакро паст мезанад.
Маврид ба зикр аст, ки ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати федеролии Русия беш аз 2 миллион шаҳрванди Узбакистон дар ин кишвар машғул ба кор мебошанд.