баргард чоп кардан

98 бастаи ҳероин дар меъдаи як ҷасад

Аз меъдаи ҷасади мурдаи  46- сола ҳудуди 98  бастачаи маводи мухаддир дарёфт гардид.


Тибқи иттилои вазорати умури дохила, майити Ҳусейн Қосимов дар истгоҳи маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд аз сӯи мақомот пайдо шудааст. Гуфта мешавад, ӯ истиқоматкунандаи  ноҳияи  Ҳисор, ҷамоати   М.Ризо, деҳаи  Тӯда буда, айни замон дар ягон ҷо кор намекардааст.Ҷасад баъди азназаргузаронӣ ба мурдахона супорида шуд. Ҳангоми гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ аз меъдаи Ҳусейн  Қосимов 98 бастачаҳо бо маводи мухаддир дарёфт карда шуд. Аз сабаби кафидани 20 бастача   ӯ заҳролуд шуда ба ҳалокат расидааст. Мувофиқи маълумотномаи бахши ташхиси криминалистии ШКД аз бастачаҳои дарёфтшуда 310 грамм маводи сахттаъсири «ҳероин» гирифта шуд.{jathumbnail off}