баргард чоп кардан

Саволи сокини Рӯдакӣ вазирро дар вазъи ногувор гузошт

Як саволи “ноҷо”-и Асадуллоҳ Саидов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, вазири тандурустии Тоҷикистонро дар вазъияти ногуворе қарор дод. Саволи оқои Саидов дар бораи пулакӣ ё ройгон будани табобати беморони сил буд, ки рӯзи 11-уми июл, дар нишасти хабарии Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ, садо дод.

Ин сокини Рӯдакӣ аз вазири тандурустӣ пурсид, “оё табобати беморони сил дар Тоҷикистон ройгон аст, ё пулакӣ?” Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон, дар ҳазури хабарнигорон ҷавоб дод, ки “бародари азиз, табобати беморони сил ройгон аст”.

Аммо Асадуллоҳ Саидов дар посух гуфт, “чӣ гуна ройгон аст, ки баъди чор соли беморӣ ҳамсарам соли 2013 аз сил фавтид ва ҳоло писари 14-солаам, ки 6 моҳ боз дар беморхонаи Мачитон хоб асту ҳатто пули сӯзанро ҳам аз ман мегиранд”.

Вазири тандурустӣ дар ҳузури хабарнигорон ваъда дод, ки табобати писари ин сокини Рӯдакиро зери назорати худ мегирад. Аммо пас аз анҷоми нишасти хабарӣ масъулини вазорат монеи суҳбати Асадуллоҳ Саидов бо хабарнигорон шуда нагузоштанд, ки дар бораи мушкилаш суҳбат кунад.

Нусратулло Салимов дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе ба мавзӯи никоҳи хешутаборӣ ҳам дахл кард. Ӯ гуфт, “фикр мекунам, оилаҳои зиёде ҳастанд, ки баъд аз хонадор шудан кӯдакони носолим ба дунё меоранд. Аз ин рӯ, бояд ин масъаларо омӯзем.”

Оқои Салимов афзуд, “пештар ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод карда будем, ки аз ҳисоби мутахассисони соҳа, аз ҷумла генетикҳо, як гурӯҳи алоҳида ташкил шавад, то ин масъаларо дар якҷоягӣ баррасӣ ва баъдан хулосаи ниҳоиро баён кунанд.” Се моҳ пеш Саодат Амиршоева, узви Маҷлиси Намояндагон, пешниҳод кард, ки ба Кодекси оила банди махсусе дар бораи никоҳи хешутаборӣ ворид шавад.



Дар акс: Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон