Миёни 64 зарардида аз бархӯрди КамАЗ” бо автобус тоҷикон низ ҳастанд
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дақиқ кардааст, ки дар сониҳаи калони нақлиётӣ, дар ноҳияи Подолски назди Маскав, ки 64 маҷруҳ ва 18 кушта барҷой гузоштааст, шаҳрвандони тоҷик низ ҳастанд.
Тибқи иттилои дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин садама Анвари Қудратулло, зодаи 23-солаи шаҳри Кӯлоб ва Эгамов Беҳрузи 26-сола зарар дидаанд ва айни ҳол дар беморхонаҳои Маскав бистарӣ мебошанд. Хадамоти муҳоҷират аз қавли табибон вазъи саломатии шаҳрвандони тоҷикро муътадил арзёбӣ мекунад.
Рӯзи шанбеи 13-уми июл дар наздикии деҳаи Ознобшинои ноҳияи Подолск як камази пур аз сангреза ба автобуси мусофиркашонӣ бархӯрдааст, ки дар натиҷа автобус ба ду қисм ҷудо гардидааст.