баргард чоп кардан

Таассуфи президенти ФИФА аз тасмим дар мавриди баргузории МҚҶ-2014 дар Бразилия

Йозеф Блаттер, президенти ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол гуфтааст, интихоби Бразилия ба сифати мизбони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2014 (МҚҶ) эҳтимолан иштибоҳ буд. Дар ин бора Associated Press хабар додааст.

Ба қавли Блаттер, дар мавриди иштибоҳ будани тасмими ФИФА дар он сурат мешавад хулоса баровард, ки агар зимни баргузории МҚҶ дар Бразилия эътирозҳои оммавӣ алайҳи ин сабқат доир гардад.

Моҳи июни соли 2013 дар Бразилия зидди баргузории Ҷоми конфедератсия, ки дар он қаҳрамонҳои футболи қораҳо ширкат мекунанд, эътироз карданд. Садҳо ҳазор сокини Бразилия ба кӯчаҳо баромада, гуфтанд, ки набояд давлат барои баргузории чорабиниҳои бузурги варзишӣ маблағҳои зиёде сарф кунад.

Баъди анҷоми Ҷоми конфедератсия Блаттер гуфта буд, бразилиягиҳо бояд аз ин воқеа таҷриба гирифта, талош намоянд, ки ба МҚҶ дар ин кишвар чизе халал нарасонад.

Тасмими дар Бразилия гузарондани МҚҶ-2014 моҳи октябри соли 2007 гирифта шуд. Бразилия ягона муддаии мизбонии ин сабқат буд (қаблан тасмим гирифта шуд, ки мусобиқа дар Амрикои Ҷанубӣ мегузарад). Дар аввал Колумбия ҳам муддаӣ буд, аммо як рӯз қабл аз овоздиҳӣ номзадияшро бозпас гирифт.