Қаноатмандии Бердимуҳаммадов аз ҳамкориҳои Чину Туркманистон
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, мегӯяд, кишвараш ба ҳамкориҳои Ашқободу Чин таваҷҷуҳи хосса қоил мебошад.
Бердимуҳаммадов, ки рӯзи 18-уми июл зимни мулоқоташ бо Ван И, вазири умури хориҷии Чин дар Ашқобод дар ин бора суҳбат мекард, гуфт, аз ҳамкориҳои Чину Туркманистон дар соҳаи иқтисод, савдо, энергетика, заминаҳои башардӯстона ва умуман дар муносиботи хориҷию минтақавӣ розӣ аст.
Раисиҷумҳури Туркманистон аз сафари қарибулвуқӯи Сӣ Тсзинпина ба Ашқобод дар моҳи сентябри соли ҷорӣ истиқбол карда, иброз дошт, ки ин сафар ҳамкориҳои ду кишварро боз ҳам мустаҳкамтрату беҳтар хоҳад кард. Вазири умури хориҷии Чин низ дар навбати худ изҳор доштааст, ки Ашқободу Пекин бояд ба ин сафари таърихии Сӣ Тсзинпина ба Туркманистон дар якҷоягӣ бо ҳам омдагии хуб бинанд.